Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарҷумони тоҷик" дар байни ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон


Амалиёти нерӯҳои Афғонистон ба зидди ДОИШ ва Толибон дар ноҳияи Саёд дар шимоли кишвар.

Бино ба гузоришҳо, иддае аз ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла, тундгароёни тоҷик аз Сурияву Ироқ гурехта ба шимоли Афғонистон ва наздик ба марзи Узбакистону Туркманистон омадаанд.

Хабаргузории Франс Пресс рӯзи 10-уми декабр бо такя ба гуфтаҳои мақомоти Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ навишт, ки ҷангҷӯёни фаронсавӣ ва алҷазоирӣ, ки аз Сурия гурехтаанд, ба шимоли Афғонистон рафтаанд ва ба сафи аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд, ки дар ин қисмати кишвар урдӯгоҳ доранд.

Ба навиштаи Франс Пресс, бори аввал аст, ки ҳузури ҷангҷӯёни фаронсавии гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистон мушоҳида мешавад ва ин аломати он аст, ки ҷангҷӯёни рондашуда аз Ироқу Сурия ба самти Афғонистони ҷангзада ҳаракат мекунанд.

Бозмуҳаммад Довар, раиси ноҳияи Дарзоб дар вилояти Ҷузҷон, ки қисмати зиёдаш дар дасти ДОИШ аст, гуфтааст, ки теъдоде аз ҷангҷӯёни алҷазоирӣ ва фаронсавӣ моҳи ноябр ба Дарзоб омадаанд. Дар байни онҳо дасти кам ду зане будаанд, ки онҳоро чанд чечен, узбак ва “як тарҷумон аз Тоҷикистон” ҳамроҳӣ мекарданд.

Манобеи амниятии аврупоӣ ва афғон дар Кобул дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс, иддаои Бозмуҳаммад Довар дар бораи ҳузури шаҳрвандони Фаронса дар байни ҷангҷӯёнро таъйид кардаанд, аммо яке аз онҳо гуфтааст, ки “мо намедонем, онҳо чанд нафаранд.”

Инженерҳои бомбасозу минагузор ва маъданкаш

Ба қавли Бозмуҳаммад Довар, се алҷазоирӣ, ки дар Дарзоб дида шудаанд, зоҳиран дар Сурия ва Ироқ будаанд. Ба тахмини ӯ, мумкин аст, ин афрод “Вилояти Хуросон” як ҳалқаи ДОИШ дар Афғонистону Покистонро бо маркази асосии он дар Ховари Миёна васл кунанд.

Ҳафиз Саид Хон, ба ном "амир"-и ба ном "вилояти Хуросон"
Ҳафиз Саид Хон, ба ном "амир"-и ба ном "вилояти Хуросон"

Гурӯҳи “Хуросон”, ки соли 2015 дар Афғонистон зуҳур кард, бахшҳои калоне дар вилояти шарқии Нангарҳор ва Кунарро ишғол кард, ҳарчанд байни онҳо ва Толибон баъдан муноқиша сар зад.

Баъди ин ҷангҷӯёни ДОИШ ба дигар минтақаҳо аз ҷумла шимол ва вилояти Ҷузҷон дар марзи Узбакистон паҳн шуданд ва ҳамлаҳои хунине ҳам дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон анҷом доданд.

Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи вилояти Ҷузҷон гуфтааст, ки дар вилоят ҷангҷӯён тамрин мегиранд ва гӯё 50 кӯдак аз ҷумла кӯдакони даҳсоларо ҳам ба сафи худ ҷалб кардаанд. Ӯ рӯзи 9-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар ин авохир ба мо гузоришҳое расида, ки онҳоро дар рустои Сардараи Дарзоб омӯзишҳои террористӣ медиҳанд. Ин иттилоъро мо дорем ва дар ин бобат изҳори нигаронӣ кардем.”

Сокинони Дарзоб ба хабаргузории Франс Пресс гуфтаанд, ки тақрибан 200 ҷангҷӯи хориҷӣ дар наздикии рустои Бибӣ Марям урдӯгоҳ таъсис додаанд. Яке аз ин сокинон, ки худро Ҳоҷӣ муаррифӣ кардааст, гуфтааст, дар урдӯгоҳ ҷангҷӯёни миллатҳои гуногун аз ҷумла фаронсавӣ ҳастанд ва либоси низомӣ доранд.

“Онҳо мотосикл меронанд, ба сарҳад мераванд ва бармегарданд, аммо бо касе гап намезананд” -гуфтааст, ин сокини Дарзоб.

Дар байни онҳо дасти кам ду зане будаанд, ки онҳоро чанд чечен, узбак ва як тарҷумон аз Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд.

Ҳашар, раиси собиқи русто гуфтааст, ки баъзе аз ин ҷангҷӯён роҳҳои истифодаи камарбандҳои тарканда ва минагузориро меомӯзанд.

“Онҳо рӯзи мо, мардуми оддиро сиёҳ кардаанд”- гуфтааст, ӯ ба хабаргузории Франс Пресс. Мардуми зиёде ҳам аз тарси ҷангҷӯён аз ин минтақа фирор кардаанд.

"Мо намегузорем, ДОИШ Ҷузҷонро бигирад"

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 9-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузоришҳо дар бораи ҳузури гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ҷузҷон муболиға шудааст.

“Мо дар Ҷузҷон, чандин бор амалиёт анҷом додем ва аъзои ДОИШ талафот зиёд доштанд. Дар воқеъ мепазирем, ки ДОИШ дар Ҷузҷон ҳузур дорад, аммо амалиётҳои шабҳангом, ҳавоӣ ва заминӣ ва амалиёти нерӯҳои вижаи мо дар онҷо идома дорад. Мо ба ин гурӯҳ иҷоза намедиҳем, ки дар он вилоят ҷой гиранд” – гуфт Давлат Вазирӣ.

Ба гуфтаи сокинон ва ҳам раиси ноҳияи Дарзоб, ҷангҷӯён ба истихроҷи маъданҳои табиӣ ба мисли сангу металҳои гаронбаҳо машғул ҳастанд. Як манбаи амниятӣ ба Франс Пресс гуфтааст, ки ду фаронсавӣ бо тахаллуси “Муҳандис” зоҳиран ба истихроҷ машғуланд ва афзудааст, “ба мо маълум нест, ки онҳо чӣ меҷӯянд”.

Франс Пресс менависад, баъзе аз хадамоти амниятии Аврупо ба ин назаранд, ки баъзе аз ҷангҷӯён аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон мераванд. Хабаргузорӣ мисол овардааст, ки дасти кам як фаронсавиро моҳи июл дар Тоҷикистон дастгир кардаанд ва ӯ гуфтааст, ки мехост ба Афғонистон рафта ва ба сафи ДОИШ бипайвандад.

Хабари боздошти шаҳрванди Фаронса дар тобистони имсол аз манобеи амниятии Тоҷикистон ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расида буд. Ба қавли манбаъ, ин фард, яке аз шаҳрвандони мусулмонтабори Фаронса будааст.

Ҳамсояи Тоҷикистон, сарзамини ҷазби "ҷиҳодиёни хориҷӣ"

Афғонистон аз солҳои пеш макони ҷазби ҷангҷӯёни хориҷӣ будааст. Дар солҳои 1980 хориҷиён барои ҷанг ба зидди нерӯҳои Шӯравии собиқ ба Афғонистон меомаданд. Аввали солҳои 2000-ум Ал-Қоидаву ҷангҷӯёни хориҷиаш ба ин кишвари ҳамсояи Афғонистон омаданду онро ба паноҳгоҳ табдил доданд.

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, мумкин аст, дар Афғонистон камтар аз 1000 ҷангҷӯи гурӯҳи Давлати исломӣ ҳузур дошта бошанд. Аммо афзоиши ифротиёни хориҷӣ дар байни онҳо, ба қавли таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи Таҳқиқи Ҷангҳо дар Вашингтон аломати он аст, ки гурӯҳи Давлати исломӣ “саъй дорад, ҳалқаи хориҷие барои анҷоми ҳамлаҳои нав дар саросари ҷаҳон таъсис диҳад.”

Айман Ҷавод Ал-Тамимӣ, ки гурӯҳҳои ҷиҳодиро меомӯзад, мегӯяд, ҳузури ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ дар Афғонистон ҳатман ба ин маънӣ нест, ки созмон пойгоҳашро тағйир медиҳад.

“Хонаи асосии гурӯҳ Ироқу Сурия аст, вале ба тахмини ман, бисёре аз хориҷиён бо истифода аз фурсат мехоҳанд, комилан бигурезанд ва ё ба дигар майдонҳои ҷанги ДОИШ бираванд” – гуфтааст, Айман Тамимӣ ба хабаргузории Франс Пресс.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам аз зуҳури ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва наздик ба марзи кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд ва бим доранд, ки ноамнӣ аз онҷо ба Тоҷикистон сироят мекунад. Дар як изҳороти тоза дар рӯзи 7-уми декабр Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон нигаронии кишварро дар ҳамоиши байналмилалие дар шаҳри Вена такрор кард.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

“Сар бардоштани нерӯҳои иловагии ифротӣ дар Афғонистон, бахусус бозгашти ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба шимоли кишвар ба як хатари ҷиддӣ на танҳо барои Тоҷикистон балки барои сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо табдил меёбад” -гуфт ӯ.

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон қавл додааст, ки ДОИШ-ро дар Афғонистон “нобуд” мекунанд ва моҳи апрели имсол нерӯҳои амрикоӣ бузургтарин бомби ғайриатомӣ бо номи “Модари тамоми бомбҳо”- ро барои маҳви гурӯҳе аз ҷангҷӯён дар вилояти Нангарҳор ба кор бурданд. Дар он замон гузориш шуд, ки ин бомби бузург чанд ифротгарои тоҷикро ҳам нобуд кардааст.

Аммо бо афзоиши теъдоди ҷангҷӯёни ДОИШ дар Дарзоб, сокини ноҳия Ҳоҷӣ гуфтааст, ҳеҷ нишонаеро аз нерӯҳои тарафдори ҳукумат намебинанд. “Ҳукуматро Худо задааст, мо инҷо ҳеҷ нишонае аз ҳукумат намебинем.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG