Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Маҷлиси намояндагони Амрико аз эътирозгарон дар Эрон


Раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико Ед Ройс.
Раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико Ед Ройс.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи сешанбеи 9-уми январ қатъномаи ҳимоят аз эътирозгарон дар Эронро қабул кард. Ин маҷлис ҳамчунин саркӯби эътирозгарон аз сӯи мақомоти Эронро маҳкум кардааст. Мақомоти Эрон рӯзҳои ахир Амрикоро ба дахолат дар умури дохилии он кишвар, муттаҳам кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, ин қатъномаи Маҷлиси намояндагони Амрико бо 415 раъйи мувофиқ ва ду раъйи мухолиф қабул шудааст. Майкл Пенс, муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони Кумитаи равобити хориҷии ин маҷлис барои тасвиби ин қатънома сипосгузорӣ кардааст. Муовини аввали раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, "имрӯз Маҷлиси Намояндагон ба ҳимоят аз мардуми озодихоҳи Эрон, ки даст ба эътирозҳои мусолиматомез заданд, раъй дод."

Мақомҳои ҳукумати Амрико, аз ҷумла Доналд Трамп президенти он кишвар аз рӯз нахусти эътирозҳо дар Эрон, аз эътирозгарон ҳимоят карданд ва саркӯби онҳо аз сӯи ҳукумати Эронро маҳкум намуданд.

Дар қатъномаи Маҷлиси Намояндагони Амрико омадааст, "мо дар паҳлӯи мардуми Эрон, ки зидди як ҳукумати золим ва фосид даст ба эътирозҳо задаанд, меистем". Маҷлиси намояндагони Амрико ҳамчунин иқдоми ҳукумати Эрон дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби шаҳрвандони ин кишварро маҳкум кардааст. Ин қатънома ҳамчунин аз ҳукумати Доналд Трамп хостааст, то таҳримҳои нав алайҳи нақзкунандагони ҳуқуқи мардуми Эрон ҷорӣ кунад.

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико низ гуфтааст, "дар ҳоле, ки амрикоиҳо дар паҳлӯи мардуми Эрон истодаанд, бояд барои миллати Эрон шарҳ дод, ки таҳримҳои Амрико алайҳи онҳо нест. Вай дар идома гуфтааст, "ҳадафи Амрико ҳукумати саркӯбгар аст, на мардуми Эрон". Ӯ гуфтааст, "эрониҳо мардуми бузурге ҳастанд, ин Куруши кабир буд, ки нахустин баёнияи ҳуқуқи башарро тадвин кард". Вай гуфтааст, "мардуми Эрон бояд бидонанд, ки дар мубориза барои озодӣ танҳо нестанд."

Навори эътирози мардумӣ дар Масҷиди Сулаймони вилояти Хузистони Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Мақомҳои ҳукумати Амрико, аз ҷумла Доналд Трамп президенти он кишвар аз рӯз нахусти эътирозҳо дар Эрон, аз эътирозгарон ҳимоят карданд ва саркӯби онҳо аз сӯи ҳукумати Эронро маҳкум намуданд. Вашингтон ҳатто дархост кард, ки нишасти фаврии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии эътирозҳо дар Эрон баргузор шавад ва Никки Ҳейли, намояндаи ИМА дар СММ ба шиддати аз амалкарди ҳукумати Эрон интиқод кард.

Нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5-уми январ сурат гирифт. Ғуломалии Хушрӯ, намояндаи Эрон дар Созмони Милал, гуфт, баргузории нишасти изтирорӣ суистифодаи қудрат аз тарафи Амрикост. Ӯ гуфт, "ҷои таассуф аст, ки бо вуҷуди мухолифати бархе аз аъзояш, ин Шӯро ба баргузории нишасте рӯи як мавзӯи хориҷ аз маъмурияташ иҷоза дод, то мавриди суистифодаи идораи кунунии Иёлоти Муттаҳида қарор бигирад."

Дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон дастикам 22 нафар кушта ва ҳазор тани дигар боздошт шуданд. Эътирозҳо ба хотири нархҳои дар ҳоли афзоиш рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар шаҳри Машҳад, дувумин шаҳри бузурги Эрон, оғоз ва сипас дар минтақаҳои дигар густариш ёфт.

XS
SM
MD
LG