Пайвандҳои дастрасӣ

Хоманаӣ "душманони Эрон"-ро масъули эътирозҳои ахир донист. 3 ВИДЕО


Ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Эрон ва вазъияти иқтисодӣ рӯзи шашум аст, ки дар шаҳрҳои мухталифи Эрон идома дорад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 2-юми январ хабар дод, ки дар тазоҳуроти шаби гузашта 9 нафар ҷон бохтаанд. Мақомоти расмии Эрон рӯзи гузашта шумораи кушташудагони тазоҳуроти рӯзҳои ахирро 10 нафар эълон карда буданд. Шумораи кушташудагони эътирозҳои рӯзҳои ахир дар Эрон ҳоло ба 21 нафар расидааст. Бархе манобеъ шумораи кушташудагонро аз ин бештар гуфтаанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи 2-юми январ дар аввалин вокуниш ба эътирозҳо ва нооромиҳои ахир "душманони Эрон"-ро масъули ин ҳодисаҳо хонд ва гуфт, "душман ҳамеша мунтазири фурсат ва зарба задан ба миллати Эрон будааст."

Оятуллоҳ Хоманаӣ бидуни шарҳи бештаре дар ин маврид гуфт, "дар бораи ин қазия суханҳое дорам ва дар вақти муносиб бо мардуми азизамон сухан хоҳам гуфт". Пеш аз ин низ Ҳасани Рӯҳонӣ, президент ва дигар мақомҳои амниятӣ ва низомии Эрон чанд кишвари хориҷиро масъули таҷаммӯъҳо ва тазоҳуроти рӯзҳои ахир дар Эрон донистанд. Аммо барои ин иттиҳомот ва иддаоҳо санаде ироа накардаанд.

Ҳушдори Эрон ба Саудӣ

Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Арабистони Саудиро муттаҳам ба даст доштан дар эътирозҳои ахир дар Эрон кард ва гуфтугӯ бо шабакаи телевизони лубнонии "Ал-Маёдин" гуфт, бархе кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудь дар барангехтани фазои дохил аз тариқи интернет пардохтаанд. Ин гуфтаҳо дар ҳоле аст, ки мақомҳои эронӣ даст ба маҳдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохили Эрон задаанд ва шабакаҳои "Инстаграм" ва "Телеграм" низ ҳоло масдуд шудааст.

Бархе аз манбаъҳои хабарӣ дар Эрон шаби душанбе гузориш доданд, ки дар тирандозӣ ба тарафи кормандони интизомӣ дар Исфаҳон як пулис кушта шуда ва се тани дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ки шаби гузашта дар яке аз қисматҳои дигари вилояти Исфаҳон миёни кормандони интизомӣ ва эътирозгарон даргирӣ рух додааст ва як постгоҳи пулис оташ зада шудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, дида мешавад, ки шаби душанбе дар шаҳрҳои гуногуни он кишвар, аз ҷумла Теҳрон, Кирмоншоҳ ва Ардабил ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шудааст.

Вокуниши ҷаҳон ба ҳодисаҳои Эрон

Рӯзи душанбе Доналд Трамп, президенти Амрико бори дигар ба ҳодисаҳои Эрон вокуниш нишон дод ва гуфт, ки "замони тағйир фаро расидааст". Аз сӯи дигар, муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "Амрико иштибоҳи шармовар"-и гузашта дар қиболи эътирозгарони эрониро такрор намекунад."

Рӯзи душанбе Русия эълон кард, ки эътирозҳо дар Эрон ин масъалаи дохилӣ аст ва дахолати хориҷӣ ғайри қобили қабул аст. Ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хонум Фридрико Мағерини дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "Иттиҳодияи Аврупо тазоҳуроти эътирозӣ дар Эронро зери назар дорад. Мо бо мақомҳои Эрон дар тамос ҳастем". Вай дар идома навиштааст, "дар пайи изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, интизор дорем ки ҳаққи тазоҳургарон ва озодии баён риоят шавад."

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё дар "Твиттер"-и худ навишт, ки "мо аз ҷон бохтани афрод дар ҷараёни эътирозҳои Эрон мутаассифем ва аз ҳама афроди зидахл мехоҳем аз хушунат худдорӣ кунанд ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи башар риоят шавад."

Эътирозҳо дар Эрон чӣ гуна сар зад?

Эрон аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба ин тараф шоҳиди эътирозҳои густурдаи сартосарӣ мебошад ва мақомот шумораи боздоштшудагонро ҳудуди 400 нафар эълон карданд.

Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29 ва 30-юми декабр дар Теҳрону Аҳвоз, Қуму Кирмоншоҳ ва шаҳрҳои дигар идома кард. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон бо нидои “марг бар диктатур”, “миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва ё “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” шиор доданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG