Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи "Хабар", мутааллиқ ба радио ва телевизиони давлатии Эрон рӯзи душанбеи 1-уми январ аз кушта шудани 10 нафар дар эътирозҳои рӯзҳои ахир хабар дод. Дар ин хабар ба шаҳрҳое, ки ин эътирозгарон кушта шудаанд, ишора нашудааст. Қаблан мақомот шумораи кушташудагонро 4 нафар эълон карда буданд.

Эрон аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба ин тараф шоҳиди эътирозҳои густурдаи сартосарӣ мебошад ва мақомот пас аз чаҳор рӯзи ҳамоишҳои эътирозӣ, шумораи боздоштшудагонро ҳудуди 400 нафар эълон карданд. Алиасғар Носирбахт, як масъули баландпояи пулиси шаҳри Теҳрон гуфтааст, ки то рӯзи якшанбе ҳудуди 200 нафар дар хиёбонҳои "Инқилоб" ва "Валиаср"-и Теҳрон боздошт шудаанд ва афзуд, ки "40 нафар аз онҳо сарони эътирозҳо" буданд.

Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳрҳои Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда ва доманаи он ба шаҳрҳои дигар густариш ёфт.

Раиси вилояти марказии Эрон Алӣ Оқозода гуфтааст, ки рӯзи савуми эътирозҳо дар Арок 100 нафар боздошт шудааст. Дар хабари дигар, Муҳаммад Такбиргӯ, додситони Кошон гуфтааст, ки 60 нафар дар эътирозҳои шаби шанбе дар ин шаҳр дастгир шудаанд. Раиси вилояти Озарбойҷони ғарбӣ шумораи боздоштшудаҳо дар Урумияро 10 нафар гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон барои бори аввал пас аз оғози ин эътирозҳо, ба он вокуниш нишон дод. Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбеи 31-уми декабр дар ҷаласаи ҳайати ҳукумати Эрон гуфтааст, ки "дастгоҳҳои масъули кишвар бояд заминаро барои интиқод ва эътирози қонунии мардум, ҳатто раҳпаймоӣ ва ҳамоишҳои қонунӣ фароҳам кунанд ва ин ҳаққи мардум аст."

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин дар идома гуфтааст, ки мардум ба иловаи масъалаҳои иқтисодӣ, нисбат ба фасод эътироз доранд. Президенти Эрон дар суханронии худ "аз мақомоти амният ва нерӯҳои интизомӣ, ки рафторашон бо мардум рафтори хушунатомез набуда ва сабру шикебоӣ нишон доданд", сипосгузорӣ кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон.

Раиси ҷумҳури Эрон айни замон ҳушдор додааст, "ҳукумат гурӯҳеро, ки мехоҳад дороиҳои умумиро вайрон кунанд ё низоми иҷтимоиро ба ҳам зананд ё дар ҷомеа бесуботӣ эҷод кунанд, таҳаммул нахоҳад кард."

Эътирозҳои дар Эрон ҳамакнун вориди панҷумин рӯзи худ шуд ва дар нахустин рӯзи ин тазоҳурот бештар шиорҳо бар мушкилоти иқтисодӣ ва интиқод аз масъулон садо медод, аммо доманаи ин эътирозҳо ба сиёсатҳои ҳукуматӣ ва шиорҳое дар мухолифат ба инқилоб, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва дигар мақомот густариш ёфт.

Дар эътирозҳои рӯзҳои гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Эрон 2 тан кушта ва даҳҳо тани дигар дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29 ва 30-юми декабр дар Теҳрону Аҳвоз, Қуму Кирмоншоҳ ва шаҳрҳои дигар идома кард. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон бо нидои “марг бар диктатур”, “миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад” ва ё “Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” шиор доданд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30-юми декабр роҳпаймоҳои саросарии солона ба ҳимоят аз ҳукумати Эрон низ баргузор шудааст. Бар асоси гузориши телевизионҳои давлатии Эрон, дар шаҳри Машҳад иштирокдорони роҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, шиор додаанд. Агар дар оғоз эътирозҳо ҷанбаи иҷтимоӣ дошт, ҳоло ба худ ҷомаи сиёсӣ пӯшида, ҳомиёну мухолифони режими Эронро ба ду дастаи бузург тақсим кардааст.

Гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумати Эрон

Гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумат дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:39 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG