Нигористон: Президенти Эрон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон дод
Мақомоти Эрон рӯзи 20 май эълон карданд, ки президент Иброҳим Раисӣ ва чандин мақомдори дигари ин кишвар дар натиҷаи афтодани чархбол ба ҳалокат расиданд. Амалиёти ҷустуҷӯ рӯзи 19 май, баъди аз радарҳо нопадид шудани чархбол шурӯъ шуд.
1
Навори видеоие, ки Ҳилоли аҳмари Эрон аз маҳалли афтодани чархбол субҳи 20-уми май нашр кард, саҳнаи аз ҷои фалокат бурда шудани ҷасадҳо дида мешавад. Дар дохили чархболи афтода, аз ҷумла, раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисии 63-сола ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён буданд. Ҳодиса дар ҳавои туманолуди шимолуғарби Эрон рух дод.
2
Яке аз ҷасадҳо
3
Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон ин аксро нашр намуд. Дар он пораҳои чархболи шикаста дида мешавад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 20 май гуфт, чархбол бо сабаби ҳавои бад афтод
4
Дар амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймову мусофиронаш тимҳои зиёди наҷотбахшон, аз ҷумла, аз кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир