Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё марги Раисӣ тағйири калоне дар сиёсати Эрон меорад?


Иброҳим Раисӣ дар марказ
Иброҳим Раисӣ дар марказ

​​​​​​​Баъди марги президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бисёриҳо ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки оё даргузашти ӯ боиси тағйироти ҷиддие дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии исломӣ мешавад ё на. Таҳлилгарон мегӯянд, набояд интизори дигаргуниҳои бузург буд.

Суқути чархболи президенти Эрон дар рӯзи 19-уми май дар саросари Эрон ва ҳам дигар нуқоти ҷаҳон бисёриҳоро такон дод. Вале бо даргузашти Раисӣ, ба гуфтаи коршиносони умури Эрон, тағйироти бунёдие дар сиёсати ин кишвар рӯй нахоҳад дод.

Бар асоси сохтори қудрат дар Эрон, ҳарфи охирро дар тамоми масоили давлатӣ раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мезанад ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нерӯи марказии қудратро ташкил мекунад. Салоҳияти президент дар Эрон маҳдуд аст.

Нақши президент дар Эрон

Ҳамидризо Азизӣ, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи умури байналмилалӣ ва амниятӣ дар Олмон мегӯяд, “марги Раисӣ ҳеч тағйире дар сиёсатҳои Эрон намеорад”. Ӯ афзуд, “президент шахси дуюм дар қудрати Ҷумҳурии Исломӣ аст ва самтгириҳои стратегиро дар ин кишвар раҳбари олӣ таъин мекунад.”

Дар мақоми президентӣ Раисӣ раҳбарии саркӯби эътирозҳои соли 2022-ро назорат карда, қонунҳои, ба истилоҳ ахлоқиро шадидтар намуд. Ба бовари таҳлилгарон, марги Раисии муҳофизакори тундрав метавонад сабаби сахттар шудани рақобати тундравҳо шавад. Марги Раисӣ, ки ӯро раҳбари ояндаи олии Эрон ҳам пешбинӣ мекарданд, нақшаҳои Хоманаиро барои таъини ворисаш печидатар мекунад.

Раисӣ, ки дар гузашта раҳбари қувваи қазоӣ ё додситонӣ ва адлияи Эрон будааст, шахси мавриди эътимоди Хоманаӣ буд ва бисёриҳо ба ин бовар буданд, ки ҷойгузини ӯ дар курсии аввали ҳукумат мешавад.

Алӣ Афшорӣ, коршиноси эронӣ мегӯяд, марги Раисӣ ғофилгирона буд ва нақшаи омода намудани вориси эҳтимолии раҳбари рӯҳониро ба таъхир андохт.

Раҳбари рӯҳонӣ дар Эрон сиёсати дохилӣ ва хориҷиро дар Эрон таъин мекунад ва прзидент бе ризоияти ӯ дар ҳеч масъалае тасмим гирифта наметавонад. Ба гуфтаи Афшорӣ, ҳоло раҳбари рӯҳонии 85-солаи Эрон, ки бемор аст, дар ҷустуҷӯи вориси худ дар як ҳолати душвор афтодааст.

Раҳбари рӯҳонии Эрон кӣ мешавад?

Ризо Алиҷонӣ, рӯзноманигори эронии муқими Фаронса мегӯяд, дар чунин шароит рақибони эҳтимолии Раисӣ пирӯз хоҳанд шуд. Ӯ яке аз довталабон Муҷтабо Хоманаӣ, рӯҳонӣ ва писари Хоманаиро ном мебарад, ки метавонад ҷойгузини падараш шавад.

“Шонси Муҷтабо ҳоло бештар шудааст,”—гуфт Алиҷонӣ.

Санам Вакил, раиси барномаҳои Ховари Миёна дар созмони таҳқиқотии Чатҳам Ҳауз дар Лондон аст. Ӯ мегӯяд, Раисӣ ба мақоми раҳбари олии Эрон “бисёр муносиб” дониста мешуд ва худаш дар зиндагӣ модели рафтору зиндагии Хоманаии 85-соларо такрор мекард.

“Феълан ҳеч як номзаде нест, ки ба ин мақом муносиб дониста шавад,”-- гуфт ӯ.

Дар Эрон дар фурсати 50 рӯзи баъдӣ бояд интихобот баргузор шавад ва акнун элитаи сиёсии кишвар бояд аз пайи пайдо кардани номзади муносиб бошанд. Номзадҳои пешакӣ метавонанд раиси парлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва раиси додгоҳ Ғуломҳусейн Мӯҳсин Эҷоӣ бошанд.

Азизӣ гуфт, ки президенти баъдӣ метавонад дар таъини самтгириҳои оянда таъсиргузор шавад. “Дар дохил имкон дорад барои курсии президентӣ рақобати шадиде миёни муҳофизакорони тундрав шурӯъ шавад,”- гуфт Азизӣ.

Нисфирӯзии 19-уми май чархболи Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон сарнагун шуд. Сабаби ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.

Дар ин ҳодиса ба ҷуз президенти Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Малик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷон ва Алӣ Ҳошимӣ, имомхатиби вилояти Табрез ва чор сарнишини чархбол ҳалок шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG