Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Раисӣ ва ҳамроҳонашро ба Табрез мебаранд


Чархболи сарнагуншудаи президенти Эрон
Чархболи сарнагуншудаи президенти Эрон

Ҷасади Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон ва ҳамроҳонашро аз маҳали ҳодисаи чархболи сарнагуншуда ба шаҳри Табрез мебаранд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон рӯзи 20-уми май хабар дод, ки то назди чархбол ва мошинҳо ҷасадҳоро бо занбар интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин минтақа чархбол имкони фуруд омадан надорад ва роҳи мошин ҳам нест. Ҷасадҳо то шаҳри Табрез, ки ба маҳали ҳодиса наздик аст, маълум нест, ки кай мерасанд.

Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки ҷасадҳо шинохта намешаванд ва барои маълум кардани шахсияти онҳо бояд ташхис анҷом диҳанд.

Нисфирӯзии 19-уми май чархболи Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон сарнагун шуд. Сабаби ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Эрон соатҳои аввали ҳодиса гуфта буданд, ки чархболи президент дар ҳавои меҳолуд (туман) “нишасти сахт” анҷом додааст.

Дар ин ҳодиса ба ҷуз президенти Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Малик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷон ва Алӣ Ҳошимӣ, имомхатиби вилояти Табрез ва чор сарнишини чархбол ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG