Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам". Таҷриба бо Viber ва WhatsApp-и мақомот. ВИДЕО


Раҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳӣ яке пайи дигаре паёмрасонҳои Viber ва WhatsApp-ро фаъол мекунанд, то сокинон дархосту шикоят ва аризаҳои худро ба ин ниҳод фиристанд. Зоҳиран ин иқдом метавонад робитаи миёни мақомдорону ва сокинонро наздиктар кунад. Аммо онҳое, ки таҷрибаи муроҷиат аз тариқи паёмрасонҳои мансабдоронро доранд, ин иқдомро ба масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам” ташбеҳ медиҳанд.

Се муроҷиати беҷавоб

Дар кишварҳои ғарбӣ маъмулан муштариён метавонанд, аризаи худро аз тариқи вебсайт ба ниҳоди зарурӣ бифиристанд ва ба пурсишҳои худ посух бигиранд. Ҳукумати Тоҷикистон низ чанд сол аст, лоиҳаи “ҳукумати электронӣ”-ро роҳандозӣ кардааст.

Фирӯз Баротов, журналист ва як сокини пойтахт мегӯяд, дар ду моҳи ахир ба се ниҳоде муроҷиат кардааст, ки раҳбаронашон барои шунидани арзи мардум шабакаҳои Viber ва WhatsApp-и худро фаъол кардаанд. Вай гуфт, то ҳанӯз посухи муроҷиатҳои худро нагирифтааст. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, вақте мақомот барои шунидани шикояти мардум шабакаи телефонии вижа ҷорӣ мекунанд, бояд фикри муассирии кори онро ҳам биандешанд. Зеро вақте як сокини оддӣ ба хотири ҳалли кадом як мушкил ба ин ё он вазорату идора муроҷиат мекунаду посухе намегирад, дар ин ҳолат эътимоди ӯ ба мақомот ва ҳукумат кам мешавад.

Фирӯз Баротов гуфт: “Барои мисол, рӯзи 14-уми декабри соли 2017 аз як қонуншикании ронандае, ки ҳолати садамавиро ба вуҷуд оварда буд, ба вазорати корҳои дохилӣ аз тариқи Viber шикоят карда будам ва ба онҳо рақами мошин ва тамғаи онро ҳам навиштам. Аммо бо гузашти якуним моҳ аз тақдири ин паёмам хабаре надорам, ки ба онҳо расид ё не. Чанд вақти пеш аз мушкили бинои истиқоматие, ки хоҳарам он ҷо зиндагӣ мекард, тавассути Viber ба шаҳрдорӣ шикоят кардам. Ин паём ҳам бепосух мондааст. Ҳатто як ҳафта пеш ба Viber-и Оҷонсии мубориза бо фасод аз камбудиҳо дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ гуфтам ва нафаре аз онҷо ба ман гуфт, ки ҳоло ба шумо имкони маслиҳат доданро надорем”.

Фирӯз Баротов.
Фирӯз Баротов.

Айни замон, бархе сокинон мегӯянд, ки шоҳиди он ҳам шудаанд, ки ба дархосту шикоятҳои солҳо бозмондаашон расидагӣ шудааст. Нуриддин Ёқубов, сокини Лучоби ноҳияи Синои Душанбе мегӯяд, вақте дар маҳалли зисташон майдончаи варзишӣ ва боғчаи кӯдакон набуд, барои ҳалли ин масъала ба Viber-ишаҳрдорӣ Душанбе нома навиштааст. Нуриддин мегӯяд, баъд аз ирсоли ин паём масъулин аз ӯ аризаи дастаҷамъии сокинонро дархост карда, дар ниҳоят барои сохтани майдонча даст ба кор шудаанд.

"Ду рӯз пас ҷавоб навиштанд, баъд аз ҳукумати шаҳр намоянда ба маҳалла омада, заминҳоро чен карданд ва аз ду замин яке барои сохтан интихоб карданд”. Ин сокини пойтахт мегӯяд, агарчи дар солҳои пеш чандин номаҳояш барои сохтани чунин майдонча ба раҳбарони собиқи шаҳр ва ноҳия ворид шуда буд, аммо касе ба мушкилаш расидагӣ накард."

Дар як суҳбати сарироҳии Радиои Озодӣ ҳам на ҳама сокинон ба ҳалли мушкилашон аз тариқи Viber ва WhatsApp бовар доранд. Шерафган Касиров, сокини дигари пойтахт мегӯяд, “вақте бо дастаи ҳуҷҷатҳо ба мақомот муроҷиат мекунед ва соатҳо пушти дари онҳо истода кас наметавонад мушкилро ҳал кунад, куҷо расад ба паёме, ки тариқи Viber ба мақомдорон ирсол мешавад”.

"Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам". Таҷрибаи истифодаи Viber ва WhatsApp аз сӯи мақомот
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:04:13 0:00

Дар кишварҳои ғарбӣ маъмулан муштариён метавонанд, аризаи худро аз тариқи вебсайт ба ниҳоди зарурӣ бифиристанд ва ба пурсишҳои худ посух бигиранд. Ҳукумати Тоҷикистон низ чанд сол аст, лоиҳаи “ҳукумати электронӣ”-ро роҳандозӣ кардааст. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазорату корхонаҳои давлатӣ сомонаҳои худро боз карданд, вале бисёре аз ин вебсайтҳо фаъол нестанд ва маълум нест, ки муроҷиати электронии мардум то куҷо зиёд аст ва то куҷо ин ё он сохтор ба ин муроҷиатҳо посухгӯ ҳастанд. Дар бархе аз идораҳои Тоҷикистон ҳоло “телефонҳои боварӣ” ҳам фаъол аст.

Аммо роҳандозии тамос аз тариқи паёмрасонҳои Вайберу Вотсапп тасмими тоза аст ва ба гуфтаи таҳлилгарон дар воқеъ агар ин шева дуруст кор кунад, ташвиши мардум камтар мешавад. Баҳманёр Нодиров, раҳбари оҷонсии иттилооти Суғднюс гуфт, шояд на ҳама шикоятҳо ба дасти раҳбарони аввал мерасад, зеро аз назари вақт раҳбарон наметавонанд ба ҳама паёмҳо посух гӯянд. Аз ин хотир ба гуфтаи ӯ бояд гурӯҳе таъсис шавад, ки ба паёми сокинон посух гуянд.

"Аввал сохтани ин гуруҳе, ки бо ин паёмҳо сарукор мегирад, лозим аст, зеро раҳбар ҳеҷ гоҳ вақт надорад ба тамоми зангу номаҳо посух гуяд. Аз ин хотир фикр мекунам, феълан ва дар оянда ҳам ин кори гуруҳе хоҳад буд, ки номаҳои мардум бепосух намонад",-мегӯяд Баҳманёр Нодиров.

Бо он ки ба гуфтаи Нодиров, чунин иқдом метавонад, вазъи огаҳии мақомоти тоҷикро аз фанновариҳои муосир бозгӯ мекунад, аммо на дар ҳама ҳолат сокинон ба робитаи наздики мансабдорон бо мардуми оддӣ бовар доранд. Нодиров, ки аз рӯи зарурати касбиаш чунин хабарҳоро дар расонаҳо пайгирӣ мекунад, мегӯяд, "ҳар вақте ки чунин як хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешавад, ҳатман корбарон аз ҳамдигар мепурсанд ки оё воқеан раҳбарон ба арзу шикоятҳо посух мегуянд?"

Як таҷрибаи хабарнигори Радиои Озодӣ ҳам нишон дод, ки кори масъулоне, ки паёмҳои сокинонро аз тариқи Viber ва WhatsApp назорат мекунанд, чандон фаъол нест. Барои мисол, аз ирсоли ду паём ба Вайбери шаҳрдори Душанбе ва Оҷонсии мубориза бо фасод, ки аз аввалӣ 20 рӯз ва дуюмӣ ду рӯз пеш ирсол шудааст, ҳануз посухе нест.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдорӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд арзу шикоятҳои вайберии сокинонро масъулони раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ қабул ва баъдан ба рахбарон пешниҳод мекунанд. Як ҳамсӯҳбати мо аз ин раёсати шаҳрдорӣ гуфт, масъули посух ба паёмҳои вайберии сокинон раҳбарон ҳастанд, на онҳо. "То имрӯз садҳо нафар шикоятҳои худро ирсол кардаанд ва баъди ҳали он посух ҳам гирифтанд"- гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Фаромарз Раҳмонзода, сухангуи Оҷонсии мубориза бо фасод, ки як ҳафтаи пеш ин ниҳод ҳам барои шунидани шикоятҳои мардум шумораи вайберу вотсапашро эълон карда буд, 8-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳар як паёме, ки тариқи вайбер аз сокинон мерасад, онҳо онро қабул ва барои муайян кардани он, ки ин шикоят воқият дорад ё не ба масъулини дахлдор дар маҳалли зисти нафари шикояткунанда дастур медиҳанд. Ва баъд аз муайян шудан баъдан бо сокинон дар тамос мешаванд".

Раҳмонзода афзуд, онҳо имкони посух додан ба ҳар паёми сокинонро дар вайберу вотсап надоранд, чунки на ҳамеша сокинон аз мушкили марбут ба ин ниҳод менависанд. Вай гуфт гоҳо шикоятҳоеро қабул мекунанд, ки марбути вазорату идораи дигар аст, на оҷонсии фасод.

Дар шуъбаи матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ки масъули қабули паёмҳо ҳастанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамарӯза даҳҳо паёми сокинонро қабул мекунанд. Ба гуфтаи онҳо масъули паёмҳои Viber ва WhatsApp ба аксари арзу шикояти сокинон ҷавоб гардонда дар ҳолати вуҷуд доштани ҷиноят кормандон аз пайи таҳқиқи он мешаванд. Аммо ин масъулон таъкид мекунанд, ки қисме аз паёмҳо, ки ба Viber ва WhatsApp ворид мешавад, ба вазорат дахл надорад. Аз ин рӯ ба чунин шикоятҳо посух дода намешавад. Ба гуфтаи масъулони шуъбаи матбуот ба вазорат дар баробари мессенҷерҳо дархости сокинон тавасути телефони боварии вазир ҳам ворид мешавад.

Ҳоло ҳукумати шаҳри Душанбе, вазорати корҳои дохилӣ, оҷонсии мубориза бо фасод, ҳукумати вилояти Суғд ва чанд мақомоти дигари шаҳру ноҳияҳо бо эълони шумораи паёмрасонҳои Viber ва WhatsApp ҳамкории ин сохторҳо бо сокинонро тақвият доданианд.

Бо он, ки қонунҳои Тоҷикистон барои посух надодан ба арзи сокинон ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, таҳлилгарон ҳам мегӯянд, аз ин хотир мансабдорон ҳатман ба арзи сокинон посух медиҳанд, вале мушкили онҳоро ҳал намекунанд. Аммо сокинон бо умеди он, ки арзашон ба нафарони аввал, ба хусус онҳое, ки ҳарфашон таъсир дорад, бо вуҷуди паёмҳои беҷавоб, хомуш нестанд ва номаҳоро такроран ирсол мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG