Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NGN баста шуд... Паёмрасони нав сари кор омад


Дар пасманзари басташавии хадамоти телефонии NGN ва хатари масдудшавии паёмрасонҳои дигар дар Тоҷикистон, ширкати мухобиротии“Вавилон-Мобайл” барномаи паёмрасони навро роҳандозӣ кард, ки хадамоти нисбатан дастраси телефониро барои муштариҳо пешниҳод мекунад.

Барномаи “МobiГап» як навъи нави мессенҷер аст, ки барои муштариёни ин ширкат иртиботи телефонии интернетиро дар дохил ва

Мутахассисони соҳа мегӯянд, "MobiГап" як навъи паёмрасон буда, хадамоти он мисли NGN неву, назири WhatsApp ва IMO кор мекунад.

хориҷи кишвар фароҳам меорад. Кормандони соҳа мегӯянд, “МobiГап» мисли хадамоти паёмрасони “Чӣ гап”-и ширкати мобилии Tcell хизмати камхарҷро барои муштариён фароҳам меорад.

Дар ширкати “Вавилон-Мобайл” мегӯянд, ки бо анҷоми амалиёти фаннӣ муштариёни шабака метавонанд тариқи симкорти ин ширкат дар дохил ва ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бо арзиши хеле кам дар тамос бошанд.

Холиқназар Ҷумъаев, як сухангӯи ширкати “Вавилон-Мобайл” рӯзи 2 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи “МobiГап” танҳо марбут ба шабакаи "Вавилон-Мобайл" буда, гуфтугӯҳои телефонӣ тариқи симкортҳои ин ширкат дар дохил ва хориҷи кишвар фароҳам оварда мешаванд.

Ҷумъаев тартиби истифода аз ин паёмрасонро чунин шарҳ дод: "Баъди он, ки муштарӣ барномаи махсуси “МobiГап»-ро, ки дар сомонаи ширкат ҷой дорад, дар телефонаш насб мекунад, дигар аз тариқи ин барнома бо ҳар муштарие, ки соҳиби ин барнома аст, чӣ дар дохили кишвар аст ва чӣ дар хориҷи Тоҷикистон, метавонад дар дохили шабака бо нархи 3 дирам тамос гирад. Агар ба нафаре тамос гирад, ки симкорти ширкатҳои дигари Тоҷикистонро дорад, метавонад дар ивази 12 дирам барои як дақиқа тамос гирад."

Мутахассисони соҳа мегӯянд, "MobiГап" як навъи паёмрасон буда, хадамоти он мисли NGN неву, назири WhatsApp ва IMO кор мекунад. Ин хадамот метавонад як гузина ё алтернативаи дигари тамосҳои телефонии шаҳрвандони Тоҷикистон бо муштариёни дохил ва хориҷи кишвар шавад.

Ғафурҷон Иркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шароите, ки ҳоло пеш омадааст, ширкатҳои мухобиротӣ талош доранд барномаҳои нави мухобиротиро барои муштариён пешниҳод кунанд.

Вай афзуд: “Ширкатҳои мобилӣ роҳҳои осонтар ва мувофиқтару арзонтароро барои муштариёни худ ҷустуҷӯ доранд. Ҳоло нархномаи мессенҷери нави ширкати “Бабилон мобайл” то кадом андоза арзонтару мувофиқтар аст ва ба муштариён писанд меояд, албатта хуб аст, вале ба муштариён машварат медодам, ки дар интихоби тарифҳои худ бодиққат бошанд, то ҳаҷму шароиташ ба онҳо мувофиқ бошад”.

Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз 5 ширкати мобилӣ – «Вавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» ва «ТК-мобайл, ки чор ширкати аввалаш ҳамчунин хадамоти интернети мобилиро ба муштариёнашон пешкаш мекунанд, 7 ширкати дигари интернетрасон фаъолият доранд.

Дар паи баста шудани алоқаи телефонии NGN, Хадамоти алоқа хабар дод, ки сокинони Тоҷикистон аз паёмрасонҳо ё месенҷерҳои Viber, WhatsApp ва IMO маҳрум хоҳанд шуд. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири "таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо тавассути алоқаи барқӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Аммо Ҷонибек Дадоматов, сардори раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рузи 2 январ ба радиои Озодӣ гуфт, то кунун Хадамоти алоқа иқдоме барои масдуд кардани мессенҷерҳо накардааст ва кори ҳеҷ паёмрасон қатъ нашудааст.

Охири соли 2017 бо як тасмими Хадамоти алоқаи Тоҷикистон фаъолияти барномаҳои телефонии системаи NGN қатъ шуд, ки ба гуфтаи ширкатҳои мухобиротӣ, то як миллион муштарӣ доштанд. Бахши аслии муштариёни ин навъи хадамот муҳоҷирони корӣ дар Русия буданд. Қарор аст дар ояндаи наздик фаъолияти хадамоти NGN-ро худи Хадамоти алоқа танзим кунад.

Мақомот инчунин гуфтаанд, ки ният доранд мессенҷер ё паёмрасонҳои маъруфи ройгони интернетӣ, назири Viber, WhatsApp, IMO ва дигарҳоро ҳам бо далелҳои амниятӣ ва ҷилавгирӣ аз таблиғоти ақидаҳои ифротӣ боздоранд. Дар ҳоле, ки мутахассисон мегӯянд, роҳҳои фаннӣ ё техникии масдудсозии кори ин барномаҳо чандон соддаву осон нест, ин хабарҳо мавриди нигаронии муштариҳои зиёд шудааст. Паёмрасонҳо ба василаи аслии мухобироти муҳоҷирони тоҷик бо наздиконашон дар Тоҷикистон табдил шудаанд, ки аз роҳи дур а зиндагиву маишати наздиконашон дар ватан бохабар мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG