Пайвандҳои дастрасӣ

Ассотсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз бекор мондани даҳҳо мутахассиси бахши хизматрасонии NGN-и ширкатҳои мобилӣ, нигаронӣ кардааст. Раҳбари ин ассотсиатсия мегӯяд, ки баста шудани фаъолияти NGN, боиси зарари молии ширкатҳо ва ҳам аз даст додани кадрҳо мешавад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи равон муҷаввизи ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “ТТ-Мобайл”, “Таком”, “Вавилон-М”, “Вавилон-Т”, “Индиго Тоҷикистон”, “Истэра”, “Интерком”, “Телеком технолоҷӣ”, “Коминтел”-ро барои истифодаи хадамоти NGN, бекор кард.

Намояндаи яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, азбаски бахшҳои дигари ширкат бо кадрҳо таъмин ҳастанд, аз ин рӯ кормандоне, ки дар бахши NGN кор мекарданд, аз 1-уми январ аз кор озод карда мешаванд.

Ғафур Эркаев, раиси Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо қатъ шудани гуфтугӯ тариқи NGN, даҳҳо тан аз мутахассисони ин ширкатҳо бекор монданд ва ширкатҳо намедонанд бо инҳо чӣ кор кунанд. Вай афзуд, танҳо дар як ширкати мобилӣ дар бахши алоқаи NGN то 30 нафар кор мекарданд ва гузашта аз ин, мутахассисони варзида низ буданд.

Ба гуфтаи раиси Ассостсиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, илова бар ин, ҳар ширкат барои харидории фановарӣ барои алоқаи NGN ва таҳсили мутахассисон дар берун аз кишвар, маблағҳи зиёде харҷ кардаанд. Ғафур Эркаев афзуд, Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз пеш омадани чунин ҳолат дар ташвиш буда, мехоҳад бо намояндагони Хадамоти алоқа вориди музокира шавад.

"Ман фикр мекунам, ки бояд намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқа бо ҳамроҳии созмони мо гуфтугӯ кунанд ва умедворам дар соли нав роҳи ҳалли он ба даст хоҳад омад. Бубинед, панҷ сол пеш Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи пеешрафти соҳаи муосири хизматрасонии интернетӣ ва алоқа дар ҷои аввал буд ва набояд ин иммиҷро аз даст дод”,-афуд ҷаноби Эркаев.

Ғафур Эркаев.
Ғафур Эркаев.

Намояндаи яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски бахшҳои дигари ширкат бо кадрҳо таъмин ҳастанд, аз ин рӯ барои кормандоне, ки дар бахши NGN кор мекарданд ҷои кор вуҷуд надорад ва бинобар ҳамин за 1-уми январ онҳо озод карда мешаванд. Вай гуфт, ки дар ширкати онҳо ҳудуди 30 нафар бекор мемонанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҷаввизи даҳ ширкати мухобиротиро барои истифодаи хадамоти NGN бекор кард. Дар як санаде, ки рӯзи 18-уми декабр бо имзои Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа имзо шудааст, гуфта мешавад муҷаввизи ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “ТТ-Мобайл”, “Таком”, “Вавилон-М”, “Вавилон-Т”, “Индиго Тоҷикистон”, “Истэра”, “Интерком”, “Телеком технолоҷӣ”, “Коминтел”-ро тавассути алоқаи барқии NGN бекор карда шавад.

Дар банди дуввуми ин дастур гуфта мешавад, ки ширкатҳо дар давоми панҷ рӯз бояд аз муҳтавои ин қарор огоҳ шаванд. Рӯзи 21-уми декабр ширкатҳо расман ин қарорро ба даст гирифтанд. Вале дар Тоҷикистон ширкатҳо шурӯъ аз нимаи рӯзи 18-уми декабр гуфтугӯҳоро тариқи NGN қатъ карданд. Худи ҳамон рӯз, намояндаи Хадамоти алоқа Ҷонибек Дадоматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки минбаъд мессенҷерҳое мисли Viber ва WhatsApp, IMO ва мисли он низ баста мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG