Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро аз муҷаввизи NGN маҳрум кард


Зери қарори бозхонди муҷаввизи NGN аз ширкатҳои мобилӣ Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа имзо гузоштааст

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон муҷаввизи даҳ ширкати мухобиротиро барои истифодаи хадамоти NGN бекор кард. Дар як санаде, ки рӯзи 18-уми декабр бо имзои Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа имзо шудааст, гуфта мешавад муҷаввизи ширкатҳои “Тоҷиктелеком”, “ТТ-Мобайл”, “Таком”, “Вавилон-М”, “Вавилон-Т”, “Индиго Тоҷикистон”, “Истэра”, “Интерком”, “Телеком технолоҷӣ”, “Коминтел”-ро тавассути алоқаи барқии NGN бекор карда шавад.

Дар банди дуввуми ин дастур гуфта мешавад, ки ширкатҳо дар давоми панҷ рӯз бояд аз муҳтавои ин қарор огоҳ шаванд. Рӯзи 21-уми декабр ширкатҳо расман ин қарорро ба даст гирифтанд. Вале дар Тоҷикистон ширкатҳо шурӯъ аз нимаи рӯзи 18-уми декабр гуфтугуҳоро тариқи NGN қатъ карданд. Худи ҳамон рӯз, намояндаи Хадамоти алоқа Ҷонибек Дадоматов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки минбаъд мессенҷерҳое мисли Viber ва WhatsApp, IMO ва мисли он низ баста мешавад.

Document: Decision to withdraw NGN license
Document: Decision to withdraw NGN license

Аммо дар қарори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи масдуд шудани мессенҷерҳо чизе гуфта намешавад.

Тибқи маълумоти ахир, шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд. Дар ҳоле, ки Хадамоти алоқа дар заминаи сарнавишти пардохтҳои истифоданашудаи муштариҳо барои пӯшиши хадамоти NGN чизе намегӯяд, ду ширкати мухобиротӣ ҳафтаи ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо пулҳои муштариҳоро барнамегардонанд. Як муштарии NGN ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки дар хазинаи телефонаш 200 сомонӣ дошт ва ҳоло ин пул ҳам баробар бо шонси истифодаи NGN ба ҳаво рафт.

Зимнан, рӯзи 20 декабр матни як номаи Кумитаи андози Тоҷикистон ба номи президент Раҳмон ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки дар он гуфта мешавад, қимати гуфтугуҳо тариқи NGN назар ба алоқаи мобилии муқаррарӣ 10 мартиба арзонтар аст. Ба ин хотир, Кумитаи андоз чунин меҳисобад, ки аз ҳамин ҳисоб бахши даромади буҷаи Тоҷикистон зарар мебинад.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG