Дар сохтмони "Бурҷи Душанбе" ё Dushanbe International District шахсе коршарик аст, ки зери таҳримҳои Амрико, Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо қарор дорад: Борис Ротенберг.
Алҳол таъсири ин таҳримҳо маълум нест, чун ба дарсади саҳмияҳои фарди таҳримшуда ва назорати ӯ ба лоиҳа бастагӣ хоҳад дошт. То кунун саҳми Ротенберг дар лоиҳаи "Бурҷи Душанбе" ошкор нашудааст. Шояд ба ин сабаб ӯ нақши худро ночиз унвон кард.
"Ман ҷузъи хурди ин лоиҳа ҳастам," – гуфт Борис Ротенберг рӯзи 5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе.
Масъули сохтмон ширкатест, ки махсус барои ҳамин лоиҳа таъсис ёфтааст: TAS International Group. Он аз тарафи ширкати бинокории "Алгоритм жизни", мусассисаи марбут бо футболбозони собиқи рус Кирилл Рудаков, Олег Самсонов ва Виктор Файзулин поягузорӣ шудааст. Ин се нафар саҳомони ширкати "Техатомстрой" буда, асосан бо бунёди нерӯгоҳҳои атомӣ машғуланд. Борис Ротенберг ба воситаи ширкати миёнарави "Алфастрой" бо Самсонов ҳамкорӣ дорад.
"Бинокорӣ соҳаи асосии кори ӯ нест"
Сергей Добринин, сардабири тарҳи таҳқиқотии "Система", як бахши Радиои Озодӣ, мегӯяд, Борис Ротенберг ва бародараш Аркадий Ротенберг дар муҳимтарин барномаҳои тиҷории ҳукумати Русия саҳм доранд.
Ӯ афзуд: "Аркадий дар 12-солагӣ ҳамроҳи Путин дар як мактаби варзишӣ ҷудо (Judo) машқ мекард. Борис солҳои зиёд дар Финландия ба сар бурдааст. Ӯ ба мисли Аркадий ба Путин наздик нест. Аркадий Ротенбергро шоҳи "госзаказ" ё фармоишҳои давлатӣ меноманд, зеро ӯ дар иҷрои фармоишҳои давлатӣ ба монанди пули Қрим сармояи бисёр калон ба даст меорад. Шояд кам-кам дуздӣ ҳам мекунад."
Ба қавли Добринин, Борис Ротенберг асосан бо назорати сармояи оила машғул аст: "Ӯ дар ихтиёр пули зиёд дорад. Бонки "Роҳи Баҳрии Шимолӣ", ки дар татбиқи тарҳҳои соҳаи нафту газ саҳмгузорӣ мекунад, зери назари Борис Ротенберг аст."
Рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ, Абдулло Ашӯров, ки дар ин соҳа чанд таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, таваҷҷуҳи сармоядорони Русия ба Тоҷикистон сабаб дорад.
Вай гуфт, "пас аз он ки аксар сармоядорони Русия зери таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо қарор гирифтанд, дар бисёре аз кишварҳои олам дигар тиҷорати худро пеш бурда наметавонанд. Тоҷикистон солҳо боз сармоягузорони русро даъват мекард ва дар ин вазъият онҳо таваҷҷуҳ карданд. Дар намунаи Борис Ротенберг мо метавонем бинем, ки онҳо омода шудаанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд."
Худи Борис Ротенберг рӯзи 5-уми ноябр дар паёми худ дар пойтахти Тоҷикистон тарҳи "Бурҷи Душанбе"-ро як барномаи таҳкими равобити Русия ва Тоҷикистон номид. "Мо ҳамроҳем. Ҳеч разиле нахоҳад тавонист, ки Тоҷикистону Русияро аз ҳам ҷудо кунад," – таъкид кард ин сармоядори рус.
Сардабири тарҳи таҳқиқотии "Система" низ ба паҳлуи сиёсии тарҳи "Бурҷи Душанбе" бо ширкати Ротенберг ишора кард: "Бинокорӣ соҳаи асосии кори ӯ нест. Ба фикрам, дар ин лоиҳа ӯ танҳо сармоягузор мебошад. Бар пояи омори маҷаллаи "Форбс", сармояи ӯ ба наздики ду миллиард доллар баробар аст."
Дар айни замон, Сергей Добринин бовар надорад, ки Ротенберг якуним миллиард доллари озод барои иҷрои ин лоиҳа сармоягузорӣ кунад. "Ба гумони ман, ӯ дар Тоҷикистон ҳамчун намояндаи оилаи Ротенберг аст. Мехоҳад мардуми Тоҷикистонро мутмаин кунад, ки дар паси ин лоиҳа ҳукумати Русия қарор дорад ва онҳо низ метавонанд бидуни хавф ба ин лоиҳа сармоягузорӣ кунанд," -- шарҳ дод ӯ.
"Раис ба мо панҷ сол муҳлат дод"
Ҳарчанд рӯшан нест, то куҷо ин сармоягузорӣ ба тарҳи бузург дар Душанбе бо дастури Владимир Путин сурат мегирад, наздикии Ротенбергҳо бо ӯ ва иддаои Борис Ротенберг ба ҳамгироии Русия ва Тоҷикистон метавонанд ба он ишора кунанд, ки сармоягузорӣ ба тарҳ бе огоҳии Путин сурат нагирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, рӯзи 3-юми сентябри имсол дар маросими ботантана санги аввали ин маҷмааро гузошта буданд. Пешбинӣ мешавад, лоиҳа дар панҷ сол татбиқ шавад.
Олег Самсонов, ҳампаймони лоиҳа, мегӯяд, "раиси муҳтарам ба мо панҷ сол дод. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳамин давра лоиҳаро ба анҷом расонем."
Аммо Добринин мегӯяд, зоҳиран, ин ваъдаи футболбозони соҳибкор таъсири бузурге надошт, чун онҳо то ин замон танҳо бо сохтани хонаҳои чӯбини осоишӣ ё худ дачаҳои мавсимӣ машғул будаанд. Бар илова, масъулони лоиҳа дар расми муаррифии он ҳаҷвнигор Михаил Галустян, офарандаи нақши муҳоҷири содалавҳ Равшану Ҷамшудро ба Душанбе оварданд, ки як муддат боис ба таънаву масхараи лоиҳа гардид.
Сардабири лоиҳаи таҳқиқотии “Система” гуфт: "Дар оғоз Маҷмааи "Бурҷи Душанбе" ҳамчун лоиҳаи муштараки футболбозони собиқ намоиш дода шуд. Онҳо дар моҳи сентябр қувваозмоии дӯстонаи ба истилоҳ медиа-мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Русияро ташкил карданд. Баъд зиёфат бо ҳунарнамоии ботантанаи ситораҳои ҳунар дар Душанбе ороста шуд, ки дар он аз ҷумла овозхон Палина Гагарина ҳузур дошт. Аммо дар ин десанти ситораҳо ҳаҷвнигор Михаил Галустян ҳам омада буд, ки боис ба ҷанҷол ва вокунишҳои манфӣ гардид. Ҳамин тариқ, онҳо маҷбур шуданд, даври сеюми муаррифии лоиҳаро бо иштироки қаҳрамонони собиқи ҷаҳон дар муштзании ҳирфаӣ Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд ва дигар симоҳои шинохта барпо кунанду худи Ротенберг ҳам барои итминони мардум, ки ин лоиҳа зери назари ҳукумати Русия аст, ба Душанбе рафт."
Зиёфату намоишҳо гузашт, навбати сохтмон?
Чанд сол пеш ширкати сохтмонии "Ёқут-2000" дар Тоҷикистон дар ҳамин ҷое, ки "Бурҷи Душанбе" бояд бино шавад, пешниҳод карда буд, ки бинои 26-ошёна ё зиёдтар аз он месозад. "Зоҳиран, мақомоти шаҳри Душанбе ин тарҳро қабул накарданд ва дар интизори сармоягузори азиме мисли Ротенберг шуданд," – мегӯяд рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодӣ Абдулло Ашӯров.
Ӯ бовар дорад, ки мақомдорони Тоҷикистон мехоҳанд дар бозори бесарусомони сохтмон назме барқарор кунанд: "Аз ҷумла, мебинем, ки бисёре аз ширкатҳо гоҳе як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, муштариёнро фиреб медиҳанд. Ё сифати сохтмон бисёр суолбарангез аст. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати пасти сохмтонҳо шикоят ва наворҳо нашр мекунанд. Зоҳиран, мақомоти Душанбе аз ин чиз нигаронанд ва ин тарҳеро, ки дар маркази пойтахт буд, ба ширкате хостанд бисупоранд, ки сармояи азиме дошта бошад, то сифати баланди сохтмонро сармоягузорӣ карда тавонад."
Дар ҳар сурат, зиёфату намоишҳо хотима ёфтаву ҳоло ҳампаймони чинӣ аз ширкати Sino-Hunan International Engineering and Development сохтмони маҷмааро оғоз кардааст. Рӯшан нест, бо дақиқ шудани саҳми Ротенберг оё таҳримҳои Амрико, Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо ба ин тарҳ ҷорӣ хоҳанд шуд ё на.
Маҷмааи ”Бурҷи Душанбе", ки бо номи Dushanbe International District низ ёд мешавад, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Лоиҳаи мазкур бунёди панҷ бурҷро дар назар дорад. Яке аз онҳо, "Бурҷи Душанбе", тибқи нақша аз 77 ошёна иборат буда, баландияш ба 340 метр хоҳад расид.
Ҳамчунон дар 29 ҳектари ҷудошудаи маҷмаа сохтмони 52 бино, аз ҷумла 42 бинои буландошёнаи зист бо 6160 манзил, идораву марказҳои тиҷоративу хадамоти маишӣ, мактаб, кӯдакистон, толори консертӣ ва тафреҳгоҳҳо дар назар аст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ