Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаи русии 800 ҳазор тоҷик. "Хатар дорад" ё "ҷои нигаронӣ нест"?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон, Солеҳа Холмуҳаммадзода, шаҳрванди Русия шудани беш аз 800 ҳазор тоҷикистониро дар даҳ соли охир мояи нигаронӣ намедонад. Баъзе аз ҷомеашиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, гуфтанд, ин вазъ дар оянда ба як аҳруми фишори Русия табдил хоҳад ёфт.

Солеҳа Холмуҳаммадзода
Солеҳа Холмуҳаммадзода

Солеҳа Холмуҳаммадзода 13-уми июл дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, дар ҳар сурат "тоҷик мемонанд".

"Ин хоҳиши ҳар шаҳрванд аст. Диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ободии кишвар, сохтмони бунгоҳи тиббиву мактабу биноҳои истиқоматӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Фикр мекунем, ҳар нафаре, ки новобаста шаҳрвандии дигар давлатро гирифтааст, ҳамеша тоҷик будани худро аз даст намедиҳад," – афзуд ӯ.

Танҳо дар ду соли охир 120 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Ин оморро сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев моҳи майи имсол дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "ТАСС" гуфтааст. Бо ин нишондод, шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2025 дар рӯйхати хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, ҷойи аввалро гирифтаанд.

Видеоро инҷо бинед:

Шиносномаҳои русии тоҷикон. Ба суду зиёни кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Бино бар омори Русия, дар даҳ соли охир беш аз 800 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки ин тақрибан ба нӯҳ дарсади аҳолии Тоҷикистон баробар аст. Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина садҳо нафари онҳо ба ҷабҳа фиристода ва куштаву захмӣ шуданд.

Ҷомеашинос Шуҳрат Латифӣ бар ин аст, ки шаҳрванди Русия шудани чунин шуморе аз тоҷикистониҳо на танҳо имтиёз, балки хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла фишори Русияро метавонад дар пай дошта бошад.

"Пештар мо мегуфтем, ки Русия барои фишор танҳо муҳоҷиронро истифода мебарад, ҳоло имконият бештар мешавад, истифодабарии он шахсоне, ки душаҳрвандӣ доранд. Ин ҳам як аҳруми фишор нисбат ба давлати Тоҷикистон аст," - таъкид кард ҷомеашинос.

Аммо профеесор Музаффар Олимов зиёд шудани тоҷикистониҳои шаҳрванди Русияро дар дарозмуддат хатаре ба худи Тоҷикистон намедонад.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Ба назари ин таҳлилгар, "баръакс, як чизи дигар. Бо Русия будан, аз имкониятҳои Русия истифода бурдан барои Тоҷикистон фоида меораду зарараш кам аст."

То соли 2021 тоҷикистониҳо дар дарёфти шаҳрвандӣ дар Русия пас аз украиниҳо дар ҷойи дувум қарор доштанд. Бо оғози ҷанги Русия дар Украина ва ҳамла ба толори "Крокус"-и канори Маскав, ки Русия чанд зодаи Тоҷикистонро омили он донист, ин шумора коҳиш ёфта буд.

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 созишномаи байнидавлатие баста шудааст, ки доштани душаҳрвандиро имкон медиҳад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро тоҷикон мехоҳанд шаҳрванди Русия бошанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Русия соли 2008 бо баҳонаи ҳифзи шаҳрвандони сершумори худ дар Гурҷистон ба ин кишвар ҳуҷум кард ва ду минтақаи онро ба қаламравҳои мустақил, аммо вобастаи худ табдил дод.

Ахиран порлумони Русия тарҳи нави ҳимоят аз шаҳрвандони ин кишварро баррасӣ мекунад, ки дахолати низомиро дар ин самт дар ҷойи аввал мегузорад.

Аз кишварҳои пасошӯравӣ танҳо Тоҷикистон, Туркманистон ва Арманистон бо Русия дар оғози солҳои 1990 созишномаи душаҳрвандӣ имзо карданд. Туркманистон дар соли 2015 ин қарордодро бекор кард. Арманистон мақоми онро аз душаҳрвандӣ ба шаҳрвандии дувум поин овард. Созишномаи Тоҷикистон бетағйир монд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG