Соли 2022. Шаҳри Бохтар. Замоне ки як мактаби русӣ дари худро боз кард, садҳо мардуми маҳаллӣ барои таҳсили фарзандонашон ба он рӯй оварданд. Ин муассиса номи Михаил Ломоносов, донишманди руси асри ҳаждаҳро дорад. Ҳамон сол дар Тоҷикистон чаҳор мактаби дигар бо пули Русия фаъол шуд.
Мактаби русӣ дар Бохтар, ки бахше аз тарҳи 150-миллиондолларии Маскав аст, дар миёни биноҳои дигари маркази Хатлон фарқ мекунад. Аз се ошёна иборат аст, парчами Тоҷикистону Русияро дорад ва шабонарӯзӣ посбонӣ мешавад.
Маблағгузории густурдаи Маскав барои таълиму тарбия дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ талош барои ҳифзи нуфузи деринаи Русия дар минтақа арзёбӣ мешавад. Ҷое, ки ҳоло Чин ҳузури худро бештар карда, таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ низ ба он афзудааст.
Духтари калонии Мухтор, сокини 42-солаи шаҳри Бохтар, дар мактаби русӣ мехонад. Вай бинокор аст ва мехоҳад, ки писарашро низ ба ҳамин мактаб диҳад. "Бо сиёсат кор надорам. Барои ман ояндаи фарзандонам муҳим аст. Ин мактаб роҳро ба донишгоҳҳои Русия ва эҳтимол ба ҷойҳои беҳтари корӣ дар он кишвар мекушояд," – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.
Дар панҷ мактаби русӣ, ки соли 2022 дар Тоҷикистон боз шуд, дар маҷмуъ ҳудуди 6000 нафар мехонанд. Дарсҳо бо забони русӣ мегузаранд ва таъриху фарҳанги Русия аз бахшҳои асосиянд.
“Ҳадаф – насли оянда”
Маскав дар Осиёи Марказӣ, минтақае, ки дигар он нуфузи пешинааш нест, барои бештар кардани таҳсил бо забони русӣ, аз ҷумла сохтмони мактабу фаъолияти донишгоҳҳо ва ташкили марказҳои фарҳангӣ садҳо миллион доллар харҷ мекунад.
Ин сармоягузориҳо дар ҳолест, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди забонҳои миллӣ таваҷҷуҳ доранд ва насли ҷавон ба омӯхтани забонҳои англисӣ ё чинӣ рӯй овардаанд. Бо вуҷуди ин, талабот ба таҳсил дар мактабҳои русӣ ҳамоно баланд мемонад. Муҳоҷирати корӣ ва имкони таҳсили бепул дар донишгоҳҳои Русия аз ҷумлаи сабабҳои асосӣ дониста мешаванд. Забони русӣ ҳамчунон дар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши тиҷорат дар минтақа ба таври васеъ истифода мешавад.
Як таҳлилгари сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки кишвари худкома асту мухолифат таҳаммул намешавад, бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт: “Маскав бо бунёди мактабҳои нави русӣ дар Осиёи Марказӣ насли ояндаро нишон гирифтааст, то нуфузи худро дар дарозмуддат таъмин кунад.”
Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони Осиёи Марказӣ баръакси насли бузургсол аз даврони Шӯравӣ хотирае надоранд ва ҳарчи бештар зери таъсири кишварҳои ғарбӣ ва Чин мемонанд.
Дар кишварҳои дигар чӣ гуна аст?
Русия дар саросари Осиёи Марказӣ даҳҳо тарҳи омӯзиширо сармоягузорӣ мекунад. Яке аз тарҳҳои намоёнтарин бунёди қароргоҳи донишҷӯён (200 миллион доллар) барои Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистон дар шаҳри Бишкек аст. Ин муассиса, ки қисман аз ҷониби Маскав сармоягузорӣ мешавад, дар низоми таҳсилоти олии Қирғизистон нақши муҳим дорад. Русия ҳамчунин аҳд додааст, ки дар саросари Қирғизистон чанд мактаби нави таҳсилашон бо забони русӣ хоҳад сохт.
Дар Қазоқистон, ки забони русӣ дар баробари қазоқӣ мақоми расмӣ дорад, таваҷҷуҳи Маскав бештар ба донишгоҳу омӯзишгоҳҳои касбӣ равона шудааст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми май ҳангоми сафараш ба Қазоқистон гуфт, ҳудуди 60 ҳазор донишҷӯйи қазоқ дар мактабҳои олии Русия мехонанд. Вай ҳамчунин гуфт, ҳашт донишгоҳи пешсафи Русия дар Қазоқистон намояндагӣ доранд.
Сарфи назар аз кӯшишҳои ҳукумат дар Узбекистон барои табдил додани забони узбекӣ ба забони асосии таълим, таҳсил бо забони русӣ дар мактабҳои олӣ ва бахши техникии ин кишвар ҳамоно серистифода аст. Донишгоҳҳои Русия дар ин кишвар низ намояндагӣ доранд.
Дар Туркманистон, ки ташаббусҳои таълимии хориҷӣ сахт танзим карда мешаванд, таҳсил бо забони русӣ зери назорати давлат боқӣ мемонад. Донишҷӯёни туркман бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҳсили олии худро дар Русия идома медиҳанд ва бо вуҷуди маҳдудиятҳои зиёд робитаҳои таълимиро нигоҳ медоранд.
Маскав дар саросари Осиёи Марказӣ ташаббусҳои расмӣ ва ғайрирасмии омӯзиширо барои мутахассисони ҷавон, таҳлилгарон ва сиёсатмадорони оянда низ бештар кардааст. Яке аз чунин ташаббусҳо “Мактаби Осиёи Марказӣ” аст, ки аз сӯйи Бунёди Александр Горчаков, маркази таҳлилии русӣ, ташкил шудааст. Ин барнома мутахассисони ҷавонро аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат дар суханронӣ ва мубоҳисаҳо дар бораи масъалаҳои минтақа гирдиҳам меорад.
Масъалаи забон ва ҳувият
Сармоягузории Русия ба бахши маориф дар минтақа дар ҳоле анҷом мешавад, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд забон ва ҳувияти миллии худро тақвият диҳанд. Ин раванд пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 оғоз шуда, дар солҳои охир суръати бештар гирифтааст.
Масъалаи забон ва ҳувият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар гӯшаҳои он русҳо низ зиндагӣ мекунанд, гоҳе баҳсбарангез шуда ва вокунишҳои тунди сиёсатмадорони Русияро ба бор овардааст.
Вақте Қирғизистон масъалаи дигар кардани номҳои ноҳияҳои Бишкекро, ки аз даврони Шӯравӣ мондаанд, баррасӣ кард, қонунгузорону шореҳони рус мақомоти ин кишварро ба рӯфтани таърихи муштарак ва табъиз нисбат ба русзабонҳо муттаҳам намуданд. Мақомоти Русия ҳамчунин ба баҳсҳо дар Қирғизистон дар бораи коҳиш додани нақши забони русӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, сарфи назар аз мақоми расмии он, вокуниши тунд нишон доданд.