Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мактабҳои Муғулистон ҷойи русиро англисӣ мегирад


Вазорати маорифи Муғулистон эълон кардааст, ки сар аз оғози соли нави таҳсил, русӣ дигар забони асосии хориҷӣ нест ва ба ҷойи он хонандагон англисиро ҳамчун забони асосии хориҷӣ меомӯзанд.

Қаблан дар аксар мактабҳои Муғулистон забони русӣ таълим дода мешуд.

Ба гуфтаи Вазорати маорифи Муғулистон, омӯзиши англисӣ ҳамчун забони асосии хориҷӣ аз синфи 3 оғоз мешавад.

Имсол лоиҳаи Pearson English ба таври санҷишӣ дар сад мактаб роҳандозӣ мешавад.

Забони русӣ дар бисёр аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳо аст ва дар мактабҳо низ аз синфҳои аввал таълим дода мешавад.

XS
SM
MD
LG