Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такрори таърих. Забони тоҷикӣ аз нав бо давраи душвор рӯбарӯ шудааст


Аввалин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони рус 29-уми августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуд
Аввалин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорони рус 29-уми августи соли 2017 вориди Тоҷикистон шуд

Дар як соли охир дар Тоҷикистон теъдоди мактабҳое, ки таҳсил дар онҳо ба забони русист, 10 адад бештар шудааст. Ин дар ҳолест, забони тоҷикӣ бо чандин мушкиил рӯбарӯст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон афзоиши мактабҳои русзабонро ба зиёд шудани ниёзи толибилмон ва волидони онҳо вобаста медонад. Ин дар ҳолест, ки аҳолии русзабон дар Тоҷикистон ақаллияти камшуморро ташкил медиҳад. Масъулон мегӯянд, талабот ба таҳсил бо забони русӣ аз ҳисоби сокинони бумӣ зиёд мешавад.

Чар ба мактабҳои русӣ рӯ меоранд?

Абдураҳмон Гулов, сардори раёсати омор ва ахбори Вазорати маориф ва илм, ба Радиои Озодӣ гуфт, айни замон таълим дар 26 мактаб дар Тоҷикистон комилан ба забони русӣ сурат мегирад. "Ҳамчунин, дар 185 мактаби дигар таҳсил бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ - аст", -- афузд ӯ.

Зоҳиран, ин теъдод мактаб ниёзҳоро бароварда накардааст ва эҳтимол меравад, мактабҳои таълимашон ба русӣ дар оянда бештар хоҳанд шуд. Зеро падару модарон дар Тоҷикистон беш аз пеш мехоҳанд фарзандонашон бо забони русӣ таълим бигирад.

Олим Ҳоҷиев падари ду фарзанд дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бинобар мушоҳидаҳояш сифати таълим дар мактабҳои русзабон аз мактабҳои тоҷикӣ дида беҳтар аст ва аз ин рӯ мехоҳад фарзандонаш бо ин забон таълим бигиранд.

Ӯ гуфт: "Ба мактаби русӣ муроҷиат кардем. Гуфтанд, ки ҷой нест. Баъди як сол танҳо барои писарам ҷой пайдо шуд ва ӯро ба мактаби русӣ гузаронидем. Барои духтарам, ки хурдтар аст, ҳоло ҷой нест гуфт. Аз таҷрибаи худ метавонам гӯям, ки сифати таълим дар мактабҳои русӣ хеле беҳтар аст ва бо мактабҳои дигар аслан қобили муқоиса нест."

Дар Тоҷикистон боз панҷ мактаби русӣ месозанд

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, забони тоҷикӣ ва адабиётро худ иловатан ба писараш ёд медиҳад ва айни замон ягона мақсадаш ин аст, ки фарзандон “аз мактаб дониши хуб бигиранд”.

Эҳтимол то як соли дигар ҷойи таълимӣ бо забони русӣ барои фарзанди дигари Ҳоҷиев пайдо шавад. Чун қарор аст Русия бо дархости Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар Хуҷанд ва Кӯлоб панҷ мактаб бисозад, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунон барои таъмини мактабҳои русзабон бо китобҳои дарсӣ аз Русия кумак хост.

"Тасаввури шахшуда"?

Аммо коршиносон мегӯянд, иддаои беҳтар будани таълим дар мактабҳои русзабон як тасаввури шахшуда аст ва аз ҳолати мушахас вобаста аст.

Азим Байзоев, пажӯҳишгари тоҷик ва ходими илми Академияи таҳсилот мегӯяд, афзоиши талабот барои таълим бо забони русӣ бештар аз ҳисоби ақаллиятҳои қавмӣ аст. “Узбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигар ақаллиятҳои қавмӣ, дар Тоҷикистон мехоҳанд фарзандони худро ба мактабҳои русӣ бидиҳанд. Чунки онҳо ояндаи фарзандони худро фикр мекунанд. Чун ба ин назаранд, ки бо забони русӣ карйераи фарзанди онҳо хубтар пеш меравад. Афзоиши талабот ба таълим бо забони русӣ бештар аз ҳисоби онҳост”, - шарҳ дод ӯ.

Байзоев афзуд, иддаои бархе аз волидон, ки “сифати таълим дар мактабҳои русӣ беҳтар аст” баҳои нисбӣ аст. Вай гуфт, "мо мактабу литсей ва гимназияҳое дорем, ки таълим дар он ҷо бо забони тоҷикӣ аст ва сифати таълим дар онҳо аз мактабҳои русӣ камӣ надорад."

Мақоми давлатӣ надорад, аммо...

Забони русӣ дар Тоҷикистон айни замон мувофиқи қонун мақоми давлатӣ надорад ва танҳо забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст. Коргузорӣ дар тамоми идораҳои давлатӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо матни қонуну қарорҳои ҳукумат бо тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Аммо бо гузашти 28 сол аз истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи забони русӣ пойбарҷост ва солҳои охир ба мушоҳидаи нозирон нуфузи дубора касб мекунад.

Қутбиддин Мухторӣ, пажуҳишгари забон ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, “муҳити илмии мо ҳоло ҳам русӣ аст. Аксарияти сарчашмаҳои илмии мо хусусан дар илмҳои дақиқ аз забони русӣ аст. Олимон ҳам одат кардаанд ва ба назарашон чунин менамояд, ки ба забони русӣ ҳама чиз ба онҳо фаҳмотар аст. Такя кардан ба забони русӣ гоҳе монеи имконияти истилоҳофарии забони тоҷикӣ мешавад. Вақте асарҳо илмӣ тарҷума мешавад, олимон мегӯянд, муродифи тоҷикиашро наёфтем ва бинобар ин ба забони русӣ баён кардани фикр барояшон осонтар аст."

"Забони адлхоҳии тоҷикон"?

Аз сӯйи дигар, агар навиштори русии тоҷикон бо тоҷикии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳам муқоиса карда шавад, ба назар мерасад, ки ҳангоми навиштан ба русӣ онҳо андешаи худро возеҳтар ва дақиқтар баён мекунанд, назар ба забони модарияшон.

Аксари шикоятҳо дар ин ҷо низ ба русӣ навишта мешаванд ва яке аз корбарони Фейсбук мегӯяд, "русӣ ба забони фасеҳи ҳуқуқу адлхоҳии тоҷикон табдил шудааст, ки шояд қисман аз давраи дасти боло доштани ин забон об мехӯрад ва нависандагони онҳо гӯё дар як вақт ҳам ба ҳокимони Тоҷикистон ва ҳам Кремл муроҷиат мекарда бошанд".

Афзоиши таваҷҷуҳ ба забони русӣ ҳамчунин ба бештар шудани майли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кӯч бастан ба Русия ё ҳадди ақал муҳоҷирати мавсимӣ ба ин кишвар низ бастагӣ дода мешавад. Эҳсон Турсунов, пажуҳишгари ҷавони тоҷик мегӯяд, барои он волидон моиланд, фарзандонашон бо забони русӣ таҳсил кунанд, ки ояндаи онҳоро бо забони русӣ беҳтар медонанд. "Талаботи зиёд барои таҳсил бо забони русӣ аз он аст, ки одамон медонанд бо донистани ин забон талабот ба қувваи кории онҳо бозоргир мешавад. Чун аксарият, хусусан дар деҳот ояндаи кору зиндагии худро бо Русия пайванд медонанд", -- гуфт Турсунов.

Муҳоҷирати тоҷикон ба Русия

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия пас аз шаҳрвандони Украина ва Узбекистон аз бештаринҳоянд. Бинобар омори расман нашршуда 11,3% муҳоҷиронро дар Русия тоҷикон ташкил мекунанд.

Омори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуногун аст. Ҷониби Русия беш аз 1 миллион ва мақомоти Тоҷикистон муҳоҷиронро беш аз 400 ҳазор нафар мегӯянд.

Бинобар омори расмӣ танҳо дар соли 2017, 29039 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтанд, ки дар муқоиса бо соли 2012 се баробар боло рафтааст. Ҳамчунон садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия дархост додаанд, вале шумори дақиқи онҳо маълум нест.

Соли 2018 Русия бо дархости Тоҷикистон 55 муаллими забони русӣ, риёзиёт, кимиё ва биологияро барои таълим дар мактабҳо фиристод. Қисме аз маоши онҳоро Тоҷикистон ва қисмеро Русия пардохт мекунад.

Тоҷикистон дар ҳаҷми 14 ҳазор рубл ё 2130 сомонӣ пардохт мекунад ва 60 ҳазор рубли боқимонда (9131 сомонӣ)-ро Вазорати маорифи Русия ба ӯҳда дорад. Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти таъмини омӯзгоронро бо манзили зист ҳам ба ӯҳдаи худ гирифтааст.

Бо чунин ҳимоят тоҷикӣ дар пасманзари ба гунаи комил дониста ва корбаст нашудан аз тарафи соҳибонаш, ҳарҷумарҷ дар сарфу наҳв, омӯзиш ва забони матбуот, корбурди васеи лаҳҷаҳои маҳаллӣ бори дигар ба вартаи душворе рӯбарӯ гаштааст, ки охири солҳои 1980-ум сабаби эътирозҳои ом ва қабули Қонуни забони давлатӣ гашта буд.

XS
SM
MD
LG