Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Полковник" "сарлашкар" нашуд. Вазорати дифоъ пешниҳоди Кумитаи забонро рад кард. САДО


Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳотро дар мавриди тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ комилан рад кардааст. Қаблан Кумитаи забону истилоҳот пешниҳод карда буд, ки барои мисол, “полковник” “сарлашкар” ва “подполковник” “лашкарёр” тарҷума шавад. ​

Тоҷикистон пас аз суқути шуравӣ номи унвонҳои ҳарбиро ҳам ба ҳамон истилоҳҳои русиаш ҳифз кард. Ҳамонгуна, ки дар Русия истилоҳҳои капитану полковнику генерал роиҷ аст, дар Тоҷикистон ҳам ҳамонгуна ном бурда мешавад.

Беҳтар аст, лейтенант ё полковникҳоеро тарбия кунем, ки ифтихору ҳисси ватандӯстиашон боло бошад. Аз тағйир додани забони рутбаҳо мафҳум иваз намешавад. Тарбия бояд кард

Сабаб: Камбуди буҷет ва...

Вале мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон дар номаи ҷавобӣ ба Кумитаи забон навиштаанд, ки рутбаҳои ҳарбӣ "истилоҳҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зарурат ба тарҷумаи онҳо нест".

Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон, рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, посухи Вазорати дифоъ ҳафтаи гузашта дарёфт шуд. Ба қавли ӯ, ҷониби Вазорати дифоъ тарҷумаи рутбаҳои ҳарбиро ба забони тоҷикӣ “нодуруст шумурдааст”.

Зулфониён гуфт, "инчунин, дар нома зикр шудааст, ки ба хотири камбуди буҷети вазорат татбиқи он мушкил пеш меорад".

Вазорати дифоъ тарҷумаи тоҷикии рутбаҳои ҳарбиро напазируфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
Линки мустақим

Абдураҳим Зулфониён
Абдураҳим Зулфониён

​Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи забон, онҳо умед доранд, ки мақомоти сохтори низомӣ дар солҳои баъдӣ ба қабули пешниҳод омода мешаванд. Ӯ гуфт, "Бубинед, рутбаҳои “старшина”, “командир”, “рота”, фармонҳои ҳарбие ба монанди "налево" - ба тарафи чап ва "направо" - ба тарафи рост – истилоҳҳои байналмилалӣ нестанд ва ба забони русӣ тааллуқ доранд. Хуб, мо ин феҳрастро ҳифз мекунем. Шояд имсол неву солҳои дигар ба кор ояд”, - хулоса кард Абдураҳим Зулфониён.

Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, барои тарҷума ва мувофиқ кардани рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ аз сарчашмаҳо ва китобҳои таърихи даврони Ҳахоманишиҳо, Сосониҳо ва Сомониён истифода намудаанд.

"Ҳа" ва "Не"-и ду генерал

Масъалаи баргардони рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ борҳо дар саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Генерали мустаъфӣ Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр гуфт, ки дар ин баҳс аз мавқеи Вазорати дифоъ пуштибонӣ мекунад.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Вай афзуд, "истилоҳи “генерал”, “адмирал” ё “полковник” ва дигар рутбаҳо дар аксари забонҳо мавҷуданд ва то кунун истифода мешаванд. Ҳоло ба тоҷикӣ тарҷума шаванд, то замоне ки низомиҳо одат мекунанд, муҳлати зиёд мегузарад. Беҳтар аст, лейтенант ё полковникҳоеро тарбия кунем, ки ифтихору ҳисси ватандӯстиашон боло бошад. Аз тағйир додани забони рутбаҳо мафҳум иваз намешавад. Тарбия бояд кард”.

Баръаки ин, генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ мегӯяд, Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва бояд ҳамаи коргузориаш ба забони тоҷикӣ бошад.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

“Дарк мекунам, ки масъалаи тарҷумаи рутбаҳо ва ҷараёни ҷорӣ намудани он дар артиш як каме мушкилӣ дорад, вале боряд рутбаҳо тарҷума шаванд. Баъдан мо миллате ҳастем, ки истилоҳҳои ҳарбиро ба забони худамон дорем. Дар кишварҳои пасошӯравӣ Арманистон амру рутбаҳои ҳарбиро ба забони давлатиаш баргардон кардааст. Фикр мекунам, ки бояд рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шаванд.”

"Ҷараёни тӯлонӣ хоҳад буд"

Бархе аз донишмандони тоҷик ҳам мегӯянд, ин масъала хеле печида аст ва ба тоҷикӣ табдил кардани истилоҳҳои ҳарбие, ки сад соли охир роиҷ ҳастанд, кори саҳл нест. Онҳо бовар доранд, то ниҳоӣ ва комил шудани рутбаҳои ҳарбӣ ба забони тоҷикӣ баҳси он идома хоҳад ёфт.

Як забоншиноси собиқадори тоҷик гуфт, "татбиқи меъёрҳои забонӣ дар муҳите, ки одат кардааст ба забони дигар муошират кунад, воқеан ҳам ҷараёни тӯлонӣ аст."

Аз сӯи дигар, бархе мегӯянд, Тоҷикистон узви созмонҳои сиёсиву низомии Паймони амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой аст ва истифода аз истилоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла рутбаҳо дар нишастҳо ва тамринҳои муштарак зарар надорад.

XS
SM
MD
LG