Пайвандҳои дастрасӣ

Путин таълими забони русиро дар Тоҷикистон "нокофӣ" хондааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Русия таълими забони русиро дар Тоҷикистон нокофӣ хондааст. Ба иттилои расонаҳои расмии ин кишвар, Владимир Путин рӯзи 13-уми май дар ҷаласае гуфтааст, "омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон бояд тақвият дода шавад".

Забони русӣ дар Тоҷикистон айни замон мувофиқи қонун мақоми давлатӣ надорад ва танҳо забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.

Путин гуфтааст, ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баррасӣ кардаанд. Президенти Русия аз вазири маорифи кишвараш хостааст, барои бештар кардани таълими забони русӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ироа кунанд.

Русия то ин дам барои омӯзиши забони русӣ ба Тоҷикистон муаллимонро фиристодааст. Аз ҷумла, соли 2018 бо дархости Тоҷикистон ҳукумати Русия 55 муаллими забони русӣ, риёзӣ, кимиё ва биологияро фиристод. Қисме аз маоши онҳоро Тоҷикистон ва қисмеро Русия пардохт мекунад. Бисёриҳо мақомоти Тоҷикистонро барои чунин тасмим танқид карда буданд.

Владимир Путин рӯзи 13-уми май гуфт, "ҳукуматҳои маҳаллӣ барои омӯзиши забони русӣ ҳар чӣ дар тавон доранд, анҷом медиҳанд, вале бе кумаки мо беҳтар кардани вазъ номумкин аст".

Дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби русӣ фаъолият мекунанд ва ин мактабҳо дар миёни аҳолӣ тарафдорони зиёд ҳам доранд. Бархеҳо мегӯянд, ба хотири идомаи таҳсил дар хориҷа беҳтар медонанд, ки фарзандонашон дар макотиби русӣ таҳсил кунанд. Аммо онҳое низ ҳастанд, ки беҳтар медонанд фарзандонашон дар мактабҳои тоҷикӣ хонанд.

Коргузорӣ дар тамоми идораҳои давлатӣ асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо матни қонуну қарорҳои ҳукумат бо тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд. Вале бо гузашти сӣ сол аз истиқлоли Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи забони русӣ пойбарҷост ва солҳои охир ба мушоҳидаи нозирон нуфузи дубора касб мекунад.

XS
SM
MD
LG