Баъд аз сафари баҳсбарангези Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Душанбе ва дархости Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ барои боздошти ӯ, вакилони порлумони Тоҷикистон узвияти кишварро дар ин додгоҳ қатъ карданд.
Тарҳи қарор дар ин бора рӯзи 1-уми октябр дар нахустин нишасти Маҷлиси намояндагон бе суолу ҷавоби вакилон қабул шудааст ва бидуни шак вокуниши манфии ҷомеаи байнулмилалӣ ва бахусус созмонҳои ҳуқуқи инсонро дар пай хоҳад дошт. Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми октябр бо матни комили ҷаласа ошно шуд.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд қарор дорад ва ҷиноятҳои сахт ба мисли наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангиро таҳқиқ мекунад. Намояндагони додгоҳ моҳи январи имсол аз ҳукумати Тоҷикистон пурсида буданд, ки чаро бо вуҷуди дастури боздошти Владимир Путин, ӯро ҳангоми сафараш дар Душанбе дастгир накард ва барои муҳокима ба дасти Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ё ҳамон Суди байналмилалии ҷиноятӣ насупурд.
Далели Душанбе чист?
Идибеки Қаландар, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар ҳузури вакилон гуфтааст, сабаби даст кашидани Тоҷикистон аз узвияти додгоҳ “таҳаввули вазъият дар атроф”-и ин додгоҳ аст, ки онро “ба як абзори фишори сиёсӣ дар ҳалли баҳсҳои байнидавлатӣ табдил додааст.”
Ӯ ба радду бадалҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар бораи амри боздошт накардани Путин ҳеч ишорае накардааст ва дар баррасии вакилони порлумон ҳам ягон бор номи раисҷумҳури Русияро набурдаанд.
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст: “Мутаассифона, арзёбиҳои охири фаъолияти Суди байналмилалии ҷиноятӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ниҳод ба таври системавӣ аз стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва принсипҳои калидии бетарафии судӣ канор рафтааст. Чунин сиёсати пешгирифтаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ имкон намедиҳад, ки парвандаҳо беғараз, одилона, дар рӯҳияи бетарафии ҳуқуқӣ ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ шаванд.”
Ба дархости хатии Радиои Озодӣ дар бораи шарҳи азми Тоҷикистон барои тарки узвияти Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ, дафтари матбуоти додгоҳ ҳанӯз 17-уми сентябр гуфта буд, “ин масъала ба идораи аҳдномаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста аст”.
"Қатъи узвият дар Додгоҳи байнулмилалӣ кофӣ нест"
Қарори Тоҷикистон барои ихроҷ шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ панҷ моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки ин додгоҳ бо танқиди ҳукумати Тоҷикистон барои боздошт накардани Владимир Путин дар шаҳри Душанбе гуфт, парвандаи ин амалкарди Тоҷикистонро барои баррасии минбаъда дар ихтиёри тамоми кишварҳои узв гузоштааст.
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ, ки Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад, соли гузашта аз Тоҷикистон хоста буд, ки зимни сафари Путин ба Душанбе ӯро дастгир кунад.
Владимир Путин аз рӯзи 8-ум то 12-уми октябри соли 2025 барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон сафар кард. Аммо ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ин дархостро иҷро карда наметавонад, зеро Владимир Путин аз масуният бархурдор аст ва Тоҷикистон бе ризояти Русия ҳеч яке аз мақомҳои баландпояи ин кишварро дастгир карда наметавонад.
Пас аз ин, Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ гуфт, Тоҷикистон бо нодида гирифтани дархости боздошт аҳдҳои байнулмилалии худро иҷро накардааст.
Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch моҳи сентябр дар робита ба азми Тоҷикистон аз тарки узвияти додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як паёми манфӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки кишвари дигаре аз яке аз муҳимтарин ниҳодҳои байналмилалии адлия берун мешавад. Барои дохили кишвар ин пеш аз ҳама паёмест, ки Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонии шаҳрвандони худ чандон аҳамият намедиҳад.”
Тоҷикистон қонунро "Дар бораи амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ" ё “Статути Румӣ” 5-уми майи соли 2000 қабул кардааст ва кишвар аз соли 2002 расман узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Фаридун Саидзода, ҳуқуқдони тоҷик, танҳо қабули қарори Маҷлиси намояндагон барои қатъи узвияти Тоҷикистон дар ин додгоҳи байналмилалӣ кофӣ нест ва муҳлати яксолаи пешбинишуда танҳо аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи расмии Тоҷикистон аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оғоз мегардад. Ба қавли ӯ, то замоне ки раванди хуруҷ ба анҷом нарасидааст, Тоҷикистон узви додгоҳ мемонад ва уҳдадориҳои худро дар назди он бояд иҷро кунад.
Бар асоси муқаррарот, қарори Маҷлиси намояндагон "Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ" бояд дар Маҷлиси миллӣ тасвиб шавад ва пас аз имзои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳукми иҷро мегирад.
Гуфтугӯ