Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вайбер дубора фаъол шуд. Сокинон: "Вақте паёмрасон нест..." ВИДЕО


Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасии комил ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома аз 4-уми январ қисман масдуд шуда, тавассути он танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас.

Вайберу паёмрасонҳои дигар роҳи осону муносиб дар ин маврид аст. Агар инҳо пурра баста шаванд, намедонем, чӣ кор кунем

Баъзе аз манобеъ дар ширкатҳои мухобиротӣ гуфта буданд, муқассири қисман масдуд шудани Вайбер идораи "Тоҷиктелеком" аст, ки таъминкунандаи хатти интернети аксари кулли ширкатҳо мебошад. Ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи мухобирот дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки аз як мӯрии ягона, яъне ширкати “Тоҷиктелеком” интернет дарёфт кунанд.

Моҳи декабри соли гузашта мақомоти алоқаи Тоҷикистон гуфтанд, ки баъди масдуд шудани NGN роҳҳои бастани паёмрасонҳои дигари интернетиро ҳам андеша мекунанд, ки ба фарқ аз NGN бепул буда, танҳо тавассути интернет кор мекунанд. Дар миёни корбарон дар Тоҷикистон дар баробари Viber, шабакаҳои IMO, Telegram ва WhatsApp маъруфият доранд ва василаи маъмулии тамос бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳисоб мераванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар суҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки талоши бастани Вайбер дар Тоҷикистон “мисли дар ҳован об кӯбидан аст”. Онҳо гуфтанд, ба ҷуз аз Вайбер чандин барномаи дигар вуҷуд дорад, ки мардум метавонанд бо истифода аз интернет тариқи онҳо гуфтугӯи аудиоӣ ва видеоӣ кунанд.

“Бастани НҶН ва ба дунболаш Вайбер танҳо як ҳадаф дорад, ки аз мардум пули бештар бигиранд”, - гуфт яке аз ҳамсуҳбатон дар хиёбонҳои Душанбе. Баъзе аз мусоҳибони дигар гуфтанд, ки бастани Вайбер ва паёмрасонҳои дигар кори саҳлу содда нест ва таҷрубаи баъзе аз кишварҳои пӯшида нишон додааст, ки иттилоъ ва аксу видео аз роҳҳои мухталиф паҳн хоҳад шуд ва берун хоҳад баромад.

Аммо дар ин қатор онҳое низ буданд, ки гуфтанд баста шудани Вайбер барои ду рӯз кори онҳоро мушкил кард ва харҷи телефонашонро бештар намуд. Яке аз сокинони пойтахт гуфт, ӯ тоҷир аст ва ҳар замон бояд бо муштариён дар тамос бошад.

“Вайберу паёмрасонҳои дигар роҳи осону муносиб дар ин маврид аст. Агар инҳо баста шаванд, намедонем, чӣ кор кунем”, - афзуд ӯ.

Нуқтаи назари дигаронро дар ин навори видео бибинед:

Вайбер дубора фаъол шуд. Сокинон: "Вақте паёмрасон нест..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

XS
SM
MD
LG