Пайвандҳои дастрасӣ

Видеоҳои шумо: Аз навбати назди банкомат то биё-биё дар мусофирбар


Дар ин оташсӯзӣ ҳеҷ касе осеб надидааст

Дар оғози соли нави милодӣ ба дасти Радиои Озодӣ аз корбарон видеои наве расид, ки дар он гурӯҳе аз мардуме дида мешавад, ки барои гирифтани пул дар назди банкомате навбат истодаанд. Муаллифи навор мегӯяд, бо нишон додани ягона банкомати бонки “Амонатбонк” дар ноҳияи Шаҳристон аз мақомот тақозо мекунад, ки дар инҷо як банкомати дигар гузоранд, то мардум зиёд навбат наистанд.

Навбат дар назди банкомат дар Шаҳристон
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:30 0:00

Видеои дигаре, ки дар остонаи соли нав ба дасти мо расид, сӯхтор дар деҳаи Шайнаки ҷамоати Чимтеппа дар ноҳияи Рӯдакиро нишон медиҳад. Ба гуфтаи корбаре, ки видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод, оғили яке аз ҳамсояҳои онҳо рӯзи 28-уми декабр оташ гирифтааст. Дар ин видео дида мешавад, ки чӣ гуна мардум ҷамъ шуда аз ҷумла кӯдакон ҷамъ шуда, сӯхторро мушоҳида мекунанд ва як нафар талош дорад, аз доман задани сӯхтор пешгирӣ кунад.

Сӯхтор дар деҳаи Шайнаки Рӯдакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:25 0:00

Як корбари дигари Радиои Озодӣ бо ирсоли видео аз мо хостааст, масъалаи ҳаракати нақлиёт дар пойтахт, шаҳри Душанберо бо мақомот дар миён бигузорем. Ӯ менависад: “То ҳол нақлиёти мусофиркаш яъне микро автобусҳо танзим нашудаанд. Худи ин бегоҳ микроавтобуси хатсайри 2 Корвон-Аманал дар ҳар як нуқта истода фарёд мекунад. Бо мусофирон дағалона рафтор мекунанд. Яъне мегуянд, касе намехоҳад, фаромада равад. Хадамоти нақлиёт куҷоро нигоҳ мекунад” -навиштааст, ин корбари Радиои Озодӣ, ки видеоро аз тариқи Вайбер ба мо фиристод.

Аз биё биё, то бирав бирав. Вазъи мусофирбарҳо дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:11 0:00

Дар ин видео, ки шабона бардоштаанд, дида мешавад, ки ронандаи як мусофирбар муддати тӯлонӣ дар як истгоҳ мунтазир шуда ва бо садои баланд, мусофир даъват мекунад, аммо дар дохил мусофирон аз ҷумла, як зан бо муроҷиат ба ӯ мегӯяд, зудтар ҳаракат кунад, зеро “дер шудааст.” Худатон наворро бубинед, ки бо чӣ меанҷомад.

Ва навори ҷолиби дигаре, ки аз як муҳоҷири тоҷик дар Русия Ҳикматулло дастрас кардем, шароити кору ҷойи кори муҳоҷиронро мебинем. Ҳикматулло рафти кор дар як корхонаи истеҳсоли тунукаро ба мо фиристод. Видеоро бубинед ва шумо ҳам навор ва ё акси ҷолибе дошта бошед ба мо фиристед, аз тариқи Вайбер, ИМО, Вотсапп ва ё Телеграмм ва ба ин шумора: +420 724 053 959

Муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна кор мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:47 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG