Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилот дар фазои интернетии Тоҷикистон бо сабаби қатъи системаи мухобиротии NGN ва маҳдуд кардани иртиботи садоӣ аз тариқи мессенҷери машҳури Viber, ҳамакнун боиси зуҳури мушкилии дигаре шудааст. Ҳоло бо душворӣ метавон аз хориҷ ба муштариёни ширкати "Вавилон Мобайл" тамоси маъмулӣ гирифт.

Шуморе аз корбарони дар хориҷ рӯзи 5-уми январ ба зудӣ мутавваҷеҳ шуданд, ки ҳангоми талоши тамос бо дӯстон ва наздиконашон – истифодабарандагони хадамоти ширкати мобилии “Вавилон-М” дар Тоҷикистон, гӯширо аз тарафи муқобил ҳамсӯҳбатони ноошное мебардоранд.

Рӯзи 18 декабри соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба унвони даҳ ширкати ироакунандаи хадамоти мобилӣ нома навишта, ба онҳо хабар дод, ки муҷаввизи анҷоми хадамоти NGN-и онҳо бекор карда мешавад.

Алоқа қатъ мешавад ва ҳангоме дубора шуморагирӣ мекунед, касе, ки ба Тоҷикистон занг мезанад, ба гуфтугӯ бо афроди ношинос эҳтимолан дар Русия, Чин ё дигар кишварҳо рӯбарӯ мешавад. Дар телефон сӯҳбати афроди ношинос шунида мешавад, ки бо касе ҳарф мезананд, аммо намедонанд, ки муштарӣ ё зангзанандаҳо сӯҳбати онҳоро мешунаванд. Сифати садои гуфтугӯи онҳо то ҳадде хуб аст.

Ҳоло намунаи яке аз ин зангҳо. Як зан ба эҳтимоли зиёд бо модараш сӯҳбат мекунад: "Модар, ман ба ҷангал намеравам, ин ҳамту... тути заминиро аз афташ 80 рубли қабул мекунанд. Дар бораи ...брусник (як навъ мева), модар ман чизе намедонам, ман ба ҷангал намеравам.... Кадом ҷангал? Ман Маринаро бо кӣ мемонам. Марина дар Маскав аст, дар зодрӯзи ман меояд. Ӯ хуб аст... аллакай мустақилона роҳ меравад."

лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:37 0:00
Линки мустақим

Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамчунин ба сухангӯи яке аз ниҳодҳои давлатӣ дар Душанбе дар тамос шуд ва мутаваҷҷеҳ гашт, ки занг ба онҷо нарафт, балки гӯширо муштарии бегона бардошт ва садои ӯро намешунид, аммо ба таври рӯшан овози ӯ шунида мешуд, ки чӣ мегӯяд.

-Ман гӯш медиҳам!

-Алло.

-Салом!

-Салом, оё мумкин аст бо Мавҷуда сӯҳбат кунам.

-Ман шуморо гӯш мекунам.

-Мебахшед, шумо маро мешунавед? Алло, шумо мешунавед?

-Ман фаҳмидам.

- Бо шумо Зафар Абдуллоев, хабарнигори Радиои Озодӣ аз Прага сӯҳбат мекунад. Ман фикр мекунам, ки шумо маро намешунавед, бале?....

лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:13 0:00
Линки мустақим

Дар айни ҳол, бархе аз тамосҳо мисле ба Чин мераванд, зеро аз он тараф гуфтугӯҳо ба забони чинӣ шунида мешавад. Дар ширкати “Вавилон-Мобайл” баён доштанд, ки дар ин бора барои бори аввал мешунаванд ва дар ин робита ҳеҷ мушкиле надоранд. Онҳо барои таҳқиқи ин ҳолат, намунаи сабти ин гуфтугӯҳоро тақозо карданд.

Ба гуфтаи корманди фаннии яке ширкатҳои ироакунандаи хадамоти мобилии Тоҷикистон, мушкили пешомада метавонад чанд далел ва сабаб дошта бошад. “Душвор аст гуфтан, ки ин ба чӣ рабт дошта метавонад. Аз эҳтимол дур аст, ки ин айби ширкати "Вавилон" бошад",- мегӯяд ин мутахассиси тоҷик.

"Барои мисол ин метавонад мушкили ширкати муштарие бошад, ки ба Тоҷикистон занг мезанад. Ин метавонад мушкили ширкат хориҷӣ бошад, агар ширкати мазкур аз хориҷ талоши сарфаҷӯӣ кунад ва хизматрасонии бесифатро ба роҳ монад. Ширкатҳои тоҷикӣ барои сифати иртиботот танҳо дар он ҳолат масъул ҳастанд, ки паём ба шабакаи онҳо ворид шавад. Дар чунин ҳолат мумкин аст, ки сигнал ба ширкатҳои тоҷикӣ нарасад. Система паёмро ба рақами дигар ба таври иштибоҳӣ мефиристад."

Ба бовари вай, вазъ дар кишвар ба гунае шакл гирифтааст, ки ҳамагуна мушкил ҳатто мушкилиҳои табииӣ техникӣ ҳамчун маҳдудсозӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа баҳо дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сар аз якуми январ дар Тоҷикистон бештари операторон тамосҳои садоӣ аз тариқи мессенҷери Viber-ро қатъ карданд, ки тибқи тахминҳо аз 1 то 1,5 миллион нафар шаҳрвандони кишвар, ба вижа муҳоҷирони кории тоҷик Русия аз он ба таври васеъ истифода мебурданд. Ҳоло ба гӯш мерасад, ки мессенҷерҳои маъруфи дигар чун What’sApp, Telegram, IMO ва дигарҳоро ҳам мебанданд. Ҳамчунин дар кишвар системаи мухобиротии NGN ғайрифаъол шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG