Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи вижа қарори басташавии NGN-ро тафтиш мекунад


Комиссиюни вижаи ҳукуматӣ ба додситонии кулли Тоҷикистон супориш дод, ки қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро мавриди санҷиш қарор диҳад. Як мақом дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар назди ҳукумати кишвар комиссиюни вижае таъсис дода шуд, ки қонунмандии басташавии системаи мухобиротии NGN-ро мавриди

Шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд.

санҷиш қарор медиҳад. Ба узвияти ин комиссиюн аз ҷумла намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам шомил шудааст ва бар асоси супориши ин комиссиюн, додситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо кардааст, ки низоми кор ва ҳам дурустии басташавии NGN-ро бисанҷад. Ин мақоми ҳукуматӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ба тамоми ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон амр дода шуд, ки низоми кори системаи NGN-ро пурра барояшон шарҳ диҳанд. "Мақсади ниҳоӣ дубора барқарор кардани кори ин системаи телефонӣ мебошад", гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ин мақом, ки як узви комиссиюни ҳукуматӣ аст, гуфт, ки нашри матолиби интиқодӣ ва нигаронии зиёди муштариҳои телефонҳои мобил боиси таъсиси комиссиюни вижа дар назди ҳукумати Тоҷикистон шуд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бархе намояндагони расмии ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон ҳам ин хабарро тасдиқ карда гуфтанд, ки санҷиши кори системаи телефонии NGN бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон шурӯъ шуда ин санҷиш марбут ба ширкатҳое мешавад, ки чунин хадамотро ироа мекарданд.

Рӯзи 3-юми январ хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, Додситонии кулли Тоҷикистон аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост кард, ки шароити пешкаш кардани хадамоти телефонии NGN-ро шарҳ диданд ва бигӯянд, ки бар кадом асос онҳо ин хадамотро қатъ карданд.

Рӯзи 18 декабри соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба унвони даҳ ширкати ироакунандаи хадамоти мобилӣ нома навишта, ба онҳо хабар дод, ки муҷаввизи анҷоми хадамоти NGN-и онҳо бекор карда мешавад.

Дар давоми панҷ рӯзи баъди ин, ширкатҳо мебоист хадамотро дар бораи иҷрои ин тасмим огоҳ мекарданд. “Азия-Плюс” менависад, ширкатҳое, ки ин амрро иҷро накарданд, муҷозот шуданд, аз ҷумла барои як шабонарӯз дафтари ширкати “Вавилон” баста шуд.

Як намояндаи ширкати мухобиротӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дар Додситонии кулл ба онҳо машварат дода шуд, ки ироаи хадамоти NGN-ро бо номи дигар аз сар бигиранд. Бар асоси ҳамин, ширкати “Вавилон-Мобайл” рӯзи 2 январ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки хадамоти паёмрасони нави "МobiГап”-ро ба кор меандозад.

Тибқи маълумоти ахир, шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд. Дар ҳоле, ки Хадамоти алоқа дар заминаи сарнавишти пардохтҳои истифоданашудаи муштариҳо барои пӯшиши хадамоти NGN чизе намегӯяд, ду ширкати мухобиротӣ ҳафтаи ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо пулҳои муштариҳоро барнамегардонанд. Як муштарии NGN ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки дар хазинаи телефонаш 200 сомонӣ дошт ва ҳоло ин пул ҳам баробар бо шонси истифодаи NGN ба ҳаво рафт.

Зимнан, рӯзи 20-уми декабр матни як номаи Кумитаи андози Тоҷикистон ба номи президент Раҳмон ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки дар он гуфта мешуд, қимати гуфтугӯҳо тариқи NGN назар ба алоқаи мобилии муқаррарӣ 10 мартиба арзонтар аст. Ба ин хотир, Кумитаи андоз чунин меҳисобад, ки аз ҳамин ҳисоб бахши даромади будҷаи Тоҷикистон зарар мебинад.

XS
SM
MD
LG