Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа: NGN алоқаи пастсифат аст


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нахустин вокунишаш ба масъалаи то куҷо қонунӣ будани бастани хадамоти NGN аз тасмими худ ҳимоят кард ва гуфт, ҳоло бо Додситонии кулл дар ин замина ҳамкориро шуруъ кардааст.

Додситониии кулл аз Хадамоти алоқа талаб кардааст, ки дар бораи бастани системаи мухобиротии NGN ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба унвони додситонӣ ироа кунад. Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, омодаанд, ки бо Додситонии кулл ҳамкорӣ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳоди ин ниҳод кунад. Ахиран як комиссиюни вижаи

NGN алоқаи арзон нест, алоқаи пастсифат аст, чун ҳам аз ҳисоби трафики Интернет ва ҳам аз ҳисоби дақиқаи истифодашуда маблағ меситонад. Гаперо, ки дар як дақиқа мегӯед, дар 10 дақиқа зада наметавонед. Дар натиҷа маблағи зиёд сарф мешавад. Зиёд гап мезанед ва он ба саломатӣ зарар мерасонад.

ҳукуматӣ ба кор шуруъ кард, ки бояд қонунмандии бастани системаи мухобиротии NGN-ро мавриди санҷиш қарор диҳад. Маҳдуд кардани системаи мухобиротии NGN, ки охири соли гузашта аз ҷониби Хадамоти алоқа сурат гирифт, ба вокунишҳои тунд дар дохилу хориҷ рубарӯ шуд. Бо гузашти қариб се ҳафта бори нахуст масъулини ин Хадамот ҳозир шуданд то сабабҳои аслии бастани NGN-ро шарҳ диҳанд ва ҳам гуфтанд, ки эҳтимол ин хизматрасонӣ дубора фаъол шавад.

Сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо Авазхон Зайниддинов, сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқа субҳи 4 январ дар Душанбе ва чанд соат пеш аз тасдиқи хабари қисман масдуд шудани кори паёмрасони Viber анҷом шуд.

"Операторҳо камбудиҳоро бартараф накарданд"

Радиои Озодӣ: Бо чӣ далел сокинони Тоҷикистон аз алоқаи NGN маҳрум шуданд?

Авазхон Зайниддинов: Пештар Хадамоти алоқа аз ширкатҳо дархост кард, ки дар хизматрасонии NGN чандин камбудиҳои техникӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, пастсифат будани хизматрасонии алоқа ҳангоми истифодаи технологияи NGN, аз ҷумла индендификатсия кардани истифодабаранда, масъалаҳои бақайдгирии дурусти истифодабарандагон бо шиноснома, пешгирии истифодашавии хизматрасонӣ бо максади ҷинояткорӣ мавҷуд аст. Мо пурсидем, ки то кадом андоза операторон метавонанд ин камбудиҳоро бартараф кунанд.

Радиои Озодӣ: Дақиқан мегуфтед, ки ки ниҳоди Шумо аз ширкатҳои мухобиротӣ дар робита ба хадамоти NGN чӣ дархост кард, ки онҳо иҷро накарданд?

Авазхон Зайниддинов: Барои мисол дар ҳолати пайдо шудани зарурат вақте Хадамоти алоқа аз операторон хоҳиш мекунад, ки аз як рақам иттилоъ интиқол дода шудааст ва ё ҷиноят содир карда шудааст. Дар бораи ҳамин рақам ва соҳиби он маълумотҳоро пайдо карда пешниҳод кунед. Масъулини ширкатҳо мегӯянд, ягон мушкиле нест. Лекин аз байн якчанд вақт гузашту аз натиҷаи бартараф кардани камбудиҳо ягон маълумот ва ё пешниҳодҳои асоснок аз операторон ворид нашуд. Дар ин чо бисёр нозукиҳои техникӣ аст, ки операторон риоя намекарданд.

Радиои Озодӣ: Бубахшед, мехостам аз умумигӯӣ ва гунаҳкоркунӣ дуртар равем ва бо мисолҳо суҳбат кунем.

Авазхон Зайниддинов: Бароятон чанд далел меорам. Операторон зимни истифода аз хадамоти NGN рақамгузории барои алоқаи маҳаллӣ ҷудошударо барои зангҳои хориҷӣ истифода мекунанд. Инчунин шахсони манфиатдор бо мақсади ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ҷиноятпеша аз хориҷа занг мезананд, аммо таҷҳизот нишон медиҳад, ки занги маҳаллӣ ворид шуда истодааст. Дар телефонҳои ҳамроҳ ҳангоми занг задан тариқи NGH рақамҳои маҳаллии худи Тоҷикистон пайдо мешавад. Феълан таҷҳизотҳои мо қудрати аниқ кардани онро надоранд, ки занг аз хориҷа ворид шудааст ё аз дохили Тоҷикистон. Ингуна ҳолатҳо бисёранд.

"Шумори муштариҳои NGN кам аст"

Радиои Озодӣ: Бо ин ҳама Хадамоти алоқаро интиқод мекунанд, ки бо бастани NGN ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷикро аз алоқаи арзон бо пайвандон маҳрум кард.

Авазхон Зайниддинов: Инҷо масъала каме нодуруст ба расонаҳо роҳ ёфтааст ва мо як миллион муштарии NGN надорем. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, муштариёни алоқаи маҳаллии хамаи операторон ва провайдерон 400 ҳазор нафар буда, муштариёни фаъол, аз он ҷумла бо назардошти истифодабарии технологияи NGN 134 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин тақрибан 34 ҳазор нафарашон муштариёни NGN мебошанд. Ин омори нодуруст аст, махсусан дар фасли зимистон, ки шаҳрвандони мо аз Русия ба ватан баргаштаанд. Масалан, агар шаҳрвандони мо як милион нафар дар хориҷа бошанд, нисфи онҳо шаҳрвандии хориҷаро қабул кардаанд ва боқимондаи онҳо дар фасли зимистон ба хонаҳои худ баргаштанд. Ба ин тартиб микдори муштариёни хадамоти NGN тақрибан 34 ҳазор нафар мебошад, пас аз номи як миллион муҳоҷир гап задан хатост. Инчунин аз суҳбатҳои мо бо муҳоҷирони баргашта бармеояд, ки NGN аз ҳисоби бесифат буданаш истифодабарадаи зиёд надорад.

"NGN алоқаи арзон нест​"

Радиои Озодӣ: Аммо бубинед қиммати занг бо NGN чанд маротиба арзонтар аз занги муқаррарӣ аст.​

Авазхон Зайниддинов: NGN алоқаи арзон нест, алоқаи пастсифат аст, чун ҳам аз ҳисоби трафики Интернет ва ҳам аз ҳисоби дақиқаи истифодашуда маблағ меситонад. Гаперо, ки дар як дақиқа мегӯед, дар 10 дақиқа зада наметавонед. Дар натиҷа маблағи зиёд сарф мешавад. Зиёд гап мезанед ва он ба саломатӣ зарар мерасонад.

Радиои Озодӣ: Маҳдудкуниҳои Хадамоти алоқа дар бахши мухобирот то ҷое ҷойи баҳс аст. Дар замони технологияҳои навин ин манъкуниҳо то куҷо заруранд?

Авазхон Зайниддинов: Ҳамаи хизматрасонии алоқа дастрас мебошад ва роҳҳои зиёди гуфтугӯ барои шаҳрвандон вуҷуд дорад, зангҳои видеои ва аудиои кор мекунанд. 99 фисади хизматрасониҳои соҳаи алоқа бо истифода аз технологияҳои пешрафта кор мекунанд ва ба шаҳрвандон дастрас ҳастанд. NGN-и хориҷӣ ҳатто як фисади ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил намекунад. Пас чӣ гуна мешавад, гуфт, ки Хадамоти алоқа ба рушди соҳа монеагӣ эҷод мекунад. Хадамоти алоқа то имсол барои пешрафтаи соҳа муосидат кард ва мекунад.

"Хадамот маҳдудият ҷорӣ накардааст"

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо қабул надоред, ки Хадамоти алоқа дар соҳаи мухобирот маҳдудият ҷорӣ кардааст?

Авазхон Зайниддинов: Хадамот ягон бор маҳдудият ҷорӣ накардааст ва маҳдудият ҷорӣ карданӣ нест. Бовар дорем, ки операторон камбудиҳои мавҷударо бартарф мекунанд ва хизматарсонии NGN фаъол мешавад. Рушди соҳаи алоқа аз операторон низ вобаста аст, қонунро риоя кунанд, мардумро фиреб накунанд, ҳаққи хизматарсонӣ дуруст ҳисоб шавад, сифаташ нағз бошад, ин намуд хизматрасониҳо маҳдуд намешавад. Барои хизматрасонии пастсифат муштариёнро ҷалб мекунанд, баъд аз онки хизматрасонӣ манъ шуд, мегӯянд, ки бубинед, Хадамоти алоқа онро манъ кард.

Радиои Озодӣ: Хадамоти алоқаро ба он муттаҳам мекунанд, ки мехоҳад бо манъ кардани NGN аз ҳисоби зангҳои байналхалқӣ маблағ ба даст орад.

Авазхон Зайниддинов: Ман ба суолатон кутоҳ посух медиҳам. Хадамоти алоқа як сохтори давлатӣ аст ва аз ягон хизматрасонӣ маблағ ба даст намеорад. Маблағи асосии фоидаи зангҳои алоқаи барқиро худи операторон мегиранд.

XS
SM
MD
LG