Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти давлатӣ тавассути телефони мобил - чаро не?


Як мутахассиси соҳаи фанновариҳои навин мегӯяд, фурсати он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди хизматрасонии сохторҳои давлатӣ аз имконияти смартфонҳо истифода кунанд.

Сӯҳроб Ниёзов, мудири вебсайти ict4d.tj, ки ба таҳқиқи технологияҳои навин дар Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, фурсати он расидааст, ки ҳукумати кишвар мақом ва рушди босуръати фанновариҳои навинро ҷиддӣ бигирад ва бо назардошти нақши онҳо дар буҷаи сохторҳои давлатӣ ҳам тағйирот ворид кунанд. Ниёзов рӯзи 11 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, маъмултарин ва ҳам паҳншудатарин васоили мухобиротӣ дар Тоҷикистон телефонҳои мобил, бахусус навъи смартфон мебошанд ва ин дастгоҳҳо метавонанд мизони хизматрасонии сохторҳои давлатиро ба мардум беҳтар кунанд.

Аз ҳоло корбарони ин навъи телефонҳои мобил ба таври фаъол телефонҳоро барои беҳбуди кори худ дар соҳаи тадрис истифода мекунанд ва дар сурати истифодаи оқилонаи телефонҳои ҳамроҳ дар соҳаи маориф ба фоидаи кулли ширкатдорони ин низом хизмат мекунад.

Сӯҳроб Ниёзов
Сӯҳроб Ниёзов

Сӯҳроб Ниёзов мегӯяд, таҳқиқоти фарогире дар ин замина аз ҷониби пажӯҳишгарони Маркази “Субҳи дониш” дар ҳамкорӣ бо созмони ҳиндии “Mahiti”, бунёди ҷамъиятии "Интернет ва бо кумаки молии Институти ҷомеаи боз дар Тоҷикистон анҷом шудааст. Натиҷаҳои ин таҳқиқотро вебсайти ict4d.tj ҳам нашр кардааст.

Аз рӯи натиҷаҳои ин таҳқиқот, дар Тоҷикистон 90 дарсади сокинон аз телефонҳои мобил истифода мекунанд, ва шумори корбарони Смартфон ё телефонҳои ҳушманд назар ба телефонҳои маъмулии мобилӣ ба маротиб бештар будааст. Натиҷаҳои ин гузориш, ки мизони паҳншавии телефонҳои мобил дар Тоҷикистон ва ҳам истифодаи он аз ҷониби ғолибан насли ҷавони кишварро таҳқиқ кардааст, ҳокист, ки то рафт дар миёни сокинони кишвар истифодаи телефонҳои ҳушманд авҷ мегирад.

Аз рӯи натиҷаҳои муҳаққиқон, аз миёни 8,5 миллион ҷамъияти Тоҷикистон, 6,3 миллион нафар соҳиби телефони мобил будаанд.

Сокинони 21-32-солаи Тоҷикистон собиқаи бештари корбарии телефонҳои ҳамроҳро доштаанд. Агар маъмултарин навъи телефони мобили мавриди истифода дар Тоҷикистон навъи “Nokia” бошад, аз назари истифода миёни телефонҳои ҳушманд мавқеи аввалро телефонҳои “Samsung” аз маъруфияти бештар бархӯрдор будаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки мизони истифодаи IPhone – телефонҳои ширкати “Apple” бо сабаби кам будани нуқтаҳои фурӯшаш дар қаламрави Тоҷикистон камтар будааст.

Ҳисоб шудааст, ки наздики 64 дарсади корбарони телефони мобил дар Тоҷикистон аз смартфон ва боқӣ аз телефонҳои соддаи мобил истифода мекунанд. Ҳадаф ва доираи истифодаи телефон ҳам дар миёни корбарон, ба қавли муаллифони таҳқиқот, гуногун будааст. Агар аксарият ба хотири муошират ва ҳам огоҳ будан аз ҳолу вазъияти наздиконашон аз телефон истифода кунанд, смартфонҳоро хеле зиёд бо ҳадафҳои корӣ, аз ҷумла сабти дарсу лексияҳо ва ҳадафҳои дигар истифода мебаранд. Беш аз 77 дар сади корбарони 15 то 55-сола аз телефони мобили худ ба Интернет ворид мешаванд.

Дар миёни маъруфтарин шабакаҳои мухобиротии телефонӣ барномаҳои Viber ва WhatsApp шинохта шудаанд, ки аз онҳо 40 ва 18 дар сади корбарон истифода мекардаанд. Муаллифони гузориш ба ҳукумати Тоҷикистон машварат медиҳанд, ки аз тавсеа ва рушди босуръати телефони мобил дар кишвар барои беҳбуди кори сохторҳои давлатӣ истифода кунанд.

Сӯҳроб Ниёзов, яке аз муаллифони ин гузориш мегӯяд, бо назардошти аз имкониятҳои васеи телефонҳои ҳушманд, дар Тоҷикистон ҳам мешавад барои навсозии низоми таълим дар мактабҳои миёнаву олӣ, пардохти молиёт тавассути низоми электронии бонкҳо ва соҳаҳои дигар истифода кард.

Вай гуфт, ҳоло дар сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҳам мутахассисони соҳаи технологияҳои навин тадриҷан зиёд мешавад, вале ҳанӯз на ҳама аъзои ҳукумат аз тарзи корбарии ин фанновариҳо маълумоти кофӣ доранд. Ба унвони намунаи хуби пешрафтҳои технологӣ ба фаъол шудани вебсайтҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар кишвар, пахши иттило ва ҳам омодагии баъзе аз онҳо ба вокуниши саривақтӣ бо корбаронашон тавассути ин сатҳо таъкид кард.

XS
SM
MD
LG