Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден барномаи нави оташбас дар Навори Ғаззаро муаррифӣ кард


Президенти ИМА Ҷо Байден нақшаи нави оташбас дар Навори Ғазза ва озод кардани гаравгонҳои исроилиро нашр кард.

Ӯ аз Ҳамос, ки дар ИМА ва Аврупо террористӣ эълон шудааст, хост, ки ин пешниҳодро қабул кунанд. Ба гуфтаи Байден, миёнҷиҳои қатарӣ аллакай ин пешниҳодро ба Ҳамос расонидаанд. Ин барнома аз се марҳила иборат аст.

Марҳилаи аввал, ки шаш ҳафта тӯл мекашад, оташбаси фарогир ва қотеъ, хуруҷи артиши исроилӣ аз ҳама қаламравҳои Ғазза, озод шудани чандин гаравгони исроилӣ бар ивази зиндониҳои фаластиниро пешбинӣ мекунад. Ба оилаҳо бояд бозмондаҳои ҷасадҳои гаравгонҳои кушташуда ҳам супурда шавад.

Бахши дуюм ҳам хатми комили ҷангро пешбинӣ мекунад. Дар ин марҳила ҳама гаравгонҳои боқимонда озод шуда, низомиёни исроилӣ Ғаззаро тарк мекунанд.

Дар марҳилаи сеюм барқарорсозии комили Ғазза шурӯъ мешавад ва охирин бозмондаҳои ҷасадҳои гаравгонро ба оилаҳояшон дода хоҳад шуд, гуфт Байден.

Президенти ИМА гуфт, ки Исроил ҳақи дифоъ аз ҳама гуна таҳдидро ҳифз хоҳад кард.

Байден гуфт, агар Ҳамос бар асоси созишнома амал накунад ва аз иҷрои ӯҳдадориҳояш саркашӣ бикунад, Исроил ҳақ дорад амалиёти ҷангиро аз сар бигирад. Ӯ афзуд, ки Мисру Қатар ӯро мутақоид кардаанд, ки бо Ҳамос кор мекунанд, то ки мутобиқ ба созишҳо амал кунад.

Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, ки баъди суханронии Байден Бенямин Нетаняҳу аз гурӯҳи музокиротӣ тақозо кард, ки ба Ҳамос шартҳои муомилаи навро пешкаш кунанд, ҳарчанд маълум нест, ки гап сари ҳамин пешниҳоди Байден аст ё чизи дигар.

То ҳол ҳама гуна музокираҳо барои хатми оташбас ноком шудааст.

XS
SM
MD
LG