Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ. Аврупо танқид кард, Нетаняҳу "хато" номид


Рафаҳ, 27-уми майи 2024
Рафаҳ, 27-уми майи 2024

Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ҳамлаҳои Исроилро ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва дар сарҳад бо Миср сахт танқид кард. Бар асари ин ҳамлаҳо шаби 26-уми май камаш 45 фаластинӣ, аз ҷумла кӯдакон, кушта шудаанд.

Боррел рӯзи 27-уми май, пас аз нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гуфт, ҳамлаи Исроилро ба Рафаҳ "шадидан" маҳкум мекунад. "Ин вазъ баёнгари он аст, ки дар Ғазза ҷойи амне намондааст. Тасаввур карда метавонед, ки ҳамаи мо аз ин ҳамлаҳо то чӣ ҳад ваҳшатзадаем," -- афзуд ӯ.

Нерӯҳои исроилӣ гуфтанд, ки шоми 26-уми май ба созмони тундрави "Ҳамос"* зарба заданд ва ду узви баландпояи он кушта шуд. Вазорати тандурустии "Ҳамос" дар Ғазза дар бораи марги даҳҳо ғайринизомӣ дар ин ҳамлаҳо гузориш дод ва гуфт, ки тақрибан нисфе аз онҳо занону кӯдакон ва пирон буданд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ин ҳамларо "иштибоҳӣ" номид. Вай рӯзи 27-уми май ҳангоми сухан гуфтан дар порлумони кишвараш афзуд: "Бар рағми талошҳои ҳадди аксари мо барои осеб нарасондан ба ғайринизомиёни бегуноҳ, шаби гузашта як хатои фоҷиабор рух дод. Мо дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастем ва натиҷаро эълом хоҳем кард, зеро ин сиёсати мост."

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи олии Созмони Милал амр дод, ки бо сабаби бадтар шудани вазъ дар Навори Ғазза, Исроил "бояд билофосила" амалиёти низомиро дар Рафаҳ бас карда, барои ҳалли бӯҳрони башарӣ дар ин минтақа чораҳои фаврӣ андешад. Ҷозеп Боррел рӯзи 27-уми май аз Исроил хост, ин қарорро иҷро кунад.

Аз ин пештар додситони кулли Додгоҳи Байнулмилалии Ҷурму Ҷиноят эълон кард, ки аз ин додгоҳ расман мехоҳад, то амри боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Ёав Галлант, вазири дифои Исроил ва чанде аз раҳбарони баландпояи “Ҳамос”-ро содир кунад.

Дар ҳамин ҳол, Норвегия, Ирландия ва Испания эълон кардаанд, ки аз 28-уми май давлати Фаластиниёнро ба расмият мешиносанд.

Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Он рӯз ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро куштанд ва 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза то кунун бештар аз 35 ҳазор нафар кушта шудаанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG