Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳамлаҳо ба Рафаҳро идома дод. Фишор ба он меафзояд


Ҷанг байни Исроилу Ҳамос аз моҳи октябр то кунун идома дорад.
Ҷанг байни Исроилу Ҳамос аз моҳи октябр то кунун идома дорад.

Бо вуҷуди амри додгоҳи олии Созмони Милал барои қатъи амалиёт дар Навори Ғазза, артиши Исроил ҳамчунон ба бомборони ин минтақа аз ҷумла шаҳри ҷанубии Рафаҳ идома дод.

Исроил ҳеч гуна аломате нишон надодааст, ки амри Девони Байналмилалии Додгустарӣ ба амалкардҳои он таъсире дошта бошад. Тзахӣ Ҳанегбӣ, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Исроил бо нашри як баёнияи расмӣ, ки порчаҳое аз амри додгоҳ дар он иқтибос шудааст, гуфтааст: “Исроил дар он минтақаҳои Рафаҳ амалиёте анҷом надодааст ва намедиҳад, ки дар он ҷойҳо “шароити зиндагие ба вуҷуд биёяд, ки қисман ва ё дар умум сабаби нобудии ғайринизомиёни фаластинӣ шавад.

Рӯзи 25-уми май ва чанд соат баъд аз амри Додгоҳи Созмони Милал Исроил ба Навори Ғазза зарба зад, ки онҷо ҷанг миёни неруҳои Исроил ва ҷангҷӯёни Ҳамос идома дорад. Созмони мазкурро Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.

Айни замон аз ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Рафаҳ ва Дайр ал-Балаҳ гузориш мерасанд. Девони Байналмилалии Додгустарӣ рӯзи 25-уми май амр дод, ки Исроил фавран амалиёт дар Рафаҳро қатъ кунад ва барои ҳалли бӯҳрони башарӣ дар тамоми минтақа чора биандешад. Яке аз ин чораҳо бояд боз кардани гузаргоҳи марзии Рафаҳ бо Миср бошад, то шароит барои вуруди кӯмакҳои башарӣ ба ин минтақаи муҳосирашудаи сераҳолӣ фароҳам шавад.

Амри додгоҳ бар асоси шикояти Африқои Ҷанубӣ аст, ки Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам кардааст ва аз додгоҳ хостааст, ба он кишвар амр бидиҳад, ки амалиёт дар ҷануби Ғаззаро қатъ кунад.

Аз ин пеш дар рӯзи 26-уми январ ҳайати 15 нафарии додрасҳо қароре содир карданд, ки бар асоси он Исроил бояд тамоми корро анҷом бидиҳад, ки аз наслкушӣ дар Ғазза пешгирӣ шавад. Артиши Исроил моҳи октябр пас аз ҳамлаи маргбори Ҳамос ба яке аз шаҳракҳои исроилӣ амалиётеро дар Ғазза шуруъ кард.

Дар қарори дигаре дар рӯзи 28-уми март додгоҳи Созмони Милал ба Исроил амр дод, ҳама тадбирҳои зарурӣ ва муассирро биандешад, то тамоми фаластиниёни сокини Ғазза ба маводи ғизоии аввалия дастрасӣ дошта бошанд.

Агарчӣ иҷрои ҳукми додгоҳ ҳатмист, аммо ягон роҳе барои амалӣ кардани он вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, амри нав барои қатъи амалиёт дар Рафаҳ ва талаби додгоҳ аз Исроил барои гузориш додан аз пешрафт дар амри сабуктар кардани буҳрони башарӣ фишорро ба кишвар афзоиш дода ва онро дар инзивои бештаре мегузорад.

Дар ҳафтаи гузашта фишор ба Исроил зиёдтар шуд, чун Норвегия, Ирландия ва Испания эълон карданд, ки давлати Фаластиниёнро ба расмият мешиносанд. Аз ин пештар додситони кулли Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят эълон кард, ки аз ин додгоҳ расман мехоҳад, то амри боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир, Ёав Галлант, вазири дифоъи Исроил ва чанде аз раҳбарони баландпояи Ҳамосро содир кунад.

Ҷанги Исроилу Ҳамос аз рӯзи 7-уми октябри соли 2023 шуруъ шуд ва баъди онки ҷангҷӯёни Ҳамос бо ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро куштанд ва 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Гуруҳе аз онҳо ҳанӯз ҳам дар дасти Ҳамос дар Ғазза ҳастанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза то кунун бештар аз 35 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG