Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Гаага дастури ҳабси Нетаняҳу ва се раҳбари “Ҳамос”-ро дод


Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил

Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид аз ин додгоҳ хостааст, ки барои ҳабси Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва се раҳбари ҲАМОС дастур диҳад. Йоав Галант, вазири дифои Исроил низ исмаш дар ин феҳраст аст.

Карим Хон, додситони Додгоҳи ҷурму ҷинояти СММ гуфтааст, ки ин афрод дар ҳамла ба Исроил ва дар ҳамлаи ҷавобӣ ба навори Ғазза ҷинояти ҷангӣ содир кардаанд.

ҲАМОС дар Амрико ва Аврупо созмонӣ террористӣ эътироф шудааст.

Хон дар сомонаи расмии Додгоҳи ҷурму ҷинояти СММ навиштааст, ки Яҳё Синвор, раҳбари низомии ҲАМОС, Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ин созмон ва Муҳаммад Диёб ал-Масрӣ, фармондеҳи дигари гурӯҳ дар ҷиноят зидди башарият ва ҷинояти ҷангӣ айбдоранд.

Дар ин изҳороти мақомдори Додгоҳи СММ Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва Йоав Галант, вазири дифои ин кишварро барои дар гуруснагӣ нигаҳ доштани мардуми Ғазза, куштори сокинон ва дигар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам шудаанд.

Зоҳиран Исроил аз ин тасмими додгоҳи СММ хабар дошт ва мақомоташ аз пеш нигаронӣ доштанд, ки чунин тасмиме эълон мешавад.

Ин баландтарин додгоҳ дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар Гаагаи Ҳоланд ҷойгир аст ва қарорашро кишварҳои ғарбӣ ҷиддӣ мегиранд.

Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ҲАМОС ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Дар посух барои нобудии ҲАМОС Исроил ба Ғазза ҳамла кард, ки то кунун дар он беш аз 35 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG