Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Беш аз 1 миллион фаластинӣ" аз Рафаҳ гурехтаанд


Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки аз оғози пешравии нерӯҳои исроилӣ дар Рафаҳ, беш аз як миллион фаластинӣ тайи се ҳафта аз ин шаҳр дар ҷануби Ғазза гурехтаанд.

Бо вуҷуди мухолифатҳои байналмилалӣ бо ҳамлаи артиши Исроил ба шаҳри Рафаҳ, ки паноҳгоҳи ҳудуди 1,4 миллион фаластинии оворашуда буд, тибқи гузоришҳо танкҳои артиши Исроил то ба маркази ин шаҳр расидаанд.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил дар шоми якшанбе ба хаймаҳои оворагони фаластинӣ дар яке аз маҳаллаҳо дар ғарби шаҳри Рафаҳ, 45 нафар кушта шуд ва хашми байналмилалӣ нисбат ба ин амалиёт афзоиш ёфт.

Исроил мегӯяд, ки ду мақоми баландпояи гурӯҳи "Ҳамос"-ро ҳадаф қарор дода ва ният надоштааст, ки ба ғайринизомиён осеб расонад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ин ҳамларо "иштибоҳӣ" номид. Вай рӯзи 27-уми май ҳангоми сухан гуфтан дар порлумони кишвараш афзуд: "Бар рағми талошҳои ҳадди аксари мо барои осеб нарасондан ба ғайринизомиёни бегуноҳ, шаби гузашта як хатои фоҷиабор рух дод. Мо дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастем ва натиҷаро эълом хоҳем кард, зеро ин сиёсати мост."

Аммо раҳбарони ҷаҳонӣ мегӯянд, ки аз дидани наворҳои оташсӯзӣ дар хаймаҳои оворагони фаластинӣ бар асари ин ҳамла ваҳшатзада шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, Исроил набояд ба минтақаҳое, ки ҳамчун паноҳгоҳ барои фаластиниҳо ихтисос ёфтаааст, ҳамла кунад.

Рафаҳ то пеш аз ҳамлаи низомии Исроил яке аз нуқтаҳои аслии вуруди кӯмакҳои инсондустона ба навори Ғазза буд. Ин шаҳр дар ҳамсоягии Миср ҷойгир аст ва ба паноҳгоҳи аслии оворагони фаластинӣ табдил шуда буд.

Оҷонси имдодрасонӣ ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Миёна рӯзи сешанбе эълон кард, ки аз шашуми май ва оғози ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ, беш аз як миллион фаластинӣ аз он гурехтаанд.

Сухангӯи ин ниҳод дар нишасте хабарӣ гуфт, ки минтақаҳои шимолии Рафаҳ, ки дафтарҳои аслии Созмони Милали Муттаҳид ва Оҷонси имдодрасон ва корёбӣ барои оворагони фаластинӣ дар Ховари Миёна дар онҷо ҷойгир ҳастанд, шабона ҳадафи бамборони сахт қарор гирифтанд.

Вай афзуд, "мардум комилан ваҳшатзада ҳастанд. Бисёре аз мардум дар ҳоли фирор ба Ал-Воси ва ҳамчунин минтақаҳои марказии Ғазза, аз ҷумла Дайр-ул-Балаҳ ҳастанд.

Ӯ ҳамчунин изофа кард, ки дар се ҳафтаи гузашта беш аз 200 мошини борбар кӯмакҳоро ба мардуми ниёзманд расонданд, аммо ин ба монанди "қатрае дар баҳр" аст.

Созмони Милали Муттаҳид борҳо дар бораи гуруснагӣ дар навори Ғазза ва афзоиши талафоти инсонӣ дар ин минтақа ҳушдор додааст. Тибқи омори Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, то кунун беш аз 36 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG