Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Исроил долони Филаделфиро тасарруф карданд


Долони Филаделфи
Долони Филаделфи

Артиши Исроил долони Филаделфи, минтақаи 14-километриро дар марзи навори Ғазза бо Миср тасарруф кардааст.

Расонаҳои Исроил 29-уми май иттилоъ доданд, ки низомиёни ин кишвар дар долон қарор доранд.

Низомиёни Исроил дар долони мазкур 20 нақберо ошкор кардаанд, ки наворро бо Миср мепайванданд. Ҳамчунин зиёда аз 80 нақби дигар ошкор шуда, ки гуруҳи “Ҳамос”* аз онҳо истифода мекардааст.

Ба гуфтаи низомиёни исроилӣ, гуё тавассути ин нақбҳо аз Миср ба ҷиҳодиён силоҳ интиқол дода мешудааст.

Исроил долони Филаделфиро баъд аз созишномаи Осло дар соли 1995 то бурунрафти низомиёни ин кишвар аз Ғазза дар соли 2005 назорат мекард. Артиши Исроил баъд аз берун рафтан назорати долонро ба мисриҳо ва фаластиниён супорид.

Ташкилоти худгардони Фаластин то сари қудрат омадани “Ҳамос” дар соли 2007 минтақаро назорат мекард.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG