Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонги хатар дар Телавив баъд аз ҳамлаи мушакии "Ҳамос"


Гурӯҳи "Ҳамос" пас аз моҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ ва заминиву баҳрии Исроил рӯзи 26-уми май аз Навори Ғазза ба тарафи Телавив чанд мушак сар додааст. Ба ин далел рӯзи якшанбе дар Телавив бонги хатар садо дод.

Дар бораи талафот ва зарари эҳтимолӣ аз ҳамлаи мушакии дурбурд аз Ғазза гузориш дода нашудааст. Қаноти низомии "Ҳамос" ҳамларо бар уҳда гирифт.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Он рӯз ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро куштанд ва 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд.

Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза то кунун бештар аз 35 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG