Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не?


Тоҷикон дар куштори Буча даст доранд ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Чанд зодаи Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрвандони Русия мегӯянд, дар гузашта дар сафи артиши он кишвар хидмат кардаанд, вале дар ҷанги Украина иштирок надоранд. Номи онҳо дар пайванд ба куштори одамон дар Буча, канори Киев, пайдо шуд. Ин афрод рӯйхатро рад намекунанд, аммо иддао доранд, ки кӯҳна аст ва зиндагиашонро душвор мекунад.

Хадамоти истихборотии Украина рӯзи 4-уми апрел рӯйхати афсарону аскарони бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши Русияро нашр кард, ки дар он номи беш аз даҳ тоҷик зикр шудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ин низомиён дар қатли сокинони осоишта даст доштанд.

Зариф Абдураҳимови 32-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз ҷумлаи онҳоест, ки номашро дар ин рӯйхат дидааст. Ӯ мегӯяд, воқеан, дар бригадаи 64-уми савораи тирандози Русия хидмат мекард, аммо панҷ сол пеш қарордодашро қатъ кард.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG