Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Украина дар тасвири муҳоҷирони тоҷик. ВИДЕО


Вазъи Украина дар тасвири муҳоҷирони тоҷик. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Муҳоҷирони тоҷик дар Украина мегӯянд, пас аз ҳамлаи Русия ба ин кишвар зиндагии онҳо ба ҳам задааст. Ҳоло онҳо талоши бозгашт ба ватанро доранд, вале роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ баста аст. Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Киев гуфтанд, ки омодаи кумак ба шаҳрвандони кишвар дар Украина ҳастанд. Аз ҷумла, номи онҳоеро ба рӯйхат мегиранд, ки нияти аз Украина берун рафтанро доранд.

Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина 8 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 101 шаҳрванди кишвар дар донишгоҳҳои Украина мехонанд.

Муҳоҷирон дар наворе, ки ба мо фиристоданд, вазъи зиндагӣ дар Киев, пойтахти Украинаро мушкил тасвир кардаанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG