Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон. Ҷонибдорону мухолифон чӣ мегӯянд?


Таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон. Ҷонибдорону мухолифон чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Бо вуҷуди мухолифатҳо, таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигар "муд" шудаааст. Тарафдорон онро рӯзи хурсандӣ ва изҳори муҳаббат медонанд. Мухолифон мегӯянд, ин ҷашн ҷузъи фарҳанги бегона аст. Бархеи дигар бовар доранд, ошиқӣ санаву сарҳад ва фарҳанг надорад. Таърихи "Рӯзи ошиқон" ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ, 14-уми феврал, дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо гузашти солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс, ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Бо вуҷуди мухолифатҳо, таҷлил аз "Рӯзи ошиқон" дар Тоҷикистон ба монанди кишварҳои дигар "муд" шудаааст. Тарафдорон онро рӯзи хурсандӣ ва изҳори муҳаббат медонанд. Мухолифон мегӯянд, ин ҷашн ҷузъи фарҳанги бегона аст. Бархеи дигар бовар доранд, ошиқӣ санаву сарҳад ва фарҳанг надорад.
Таърихи "Рӯзи ошиқон" ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайвандӣ дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд. Рӯзи қатли ӯ, 14-уми феврал, дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид.
Бо гузашти солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо, император Клавдий намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс, ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG