Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Тошканд рафтанд. Ҳукумати онҳоро ба расмият мешиносанд?


Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати Толибон
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати Толибон

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати Толибон бо як ҳайат рӯзи 16-уми октябр вориди Тошканд шуд.

Ин мақомдори Толибон, ки ҳоло дар Узбекистон қарор дорад, пештар ба Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Тоҷикистон шадидан аз ҳукумати Толибон танқид мекунад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин сафар ба Тошканд бо мақомоти Узбекистон масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баҳс хоҳад шуд. Ӯ дар ин бора шарҳи бештаре надод.

“Як ҳайати ҳамаҷониба, ки дар он фарҳангиён, теъдоде аз тоҷирони кишвар ва баъзе аз раҳбарони муҳим шомиланд ба Узбекистон рафтанд ва ин як сафари сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ хоҳад буд”,--гуфт ӯ.

Пас аз ба қудрат расидани Толибон ин сеюмин сафари онҳо ба хориҷ аз Афғонистон аст. Мақомоти баландпояи Толибон аз ин пеш аз Туркия ва Қатар боздид карда буданд. Қарор аст, рӯзҳои наздик ҳайати дигаре аз онҳо ба Русия сафар кунад.

Мақомоти Узбекистон ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти сафари ҳайати Толибон ба Тошканд хабар надодаанд.

Пазироӣ аз Толибон дар Узбекистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон, ҳамсояи ин кишвар бо ҳукумати ин гуруҳ дар Афғонистон мухолифат дорад. Мақомоти тоҷик борҳо эълон карданд, ки ҳукумати Толибонро дар чунин шакле, ки ташкил шудааст, қабул надоранд ва эътироф намекунанд. Баҳсҳои лафзӣ боис шуд, ки Толибон аз ирсоли “ҳазорон сарбоз” ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар нашр кунанд. Тоҷикистон низ дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳои низомӣ баргузор кард.

Ҳоло зоҳиран Толибон бо анҷоми сафарҳои хориҷӣ талош мекунанд, ки кишварҳои хориҷиро барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон моил кунанд.

Аҳмад Валӣ Масъуд, амаки Аҳмад Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки талошҳои Толибон барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳ ноком хоҳад буд, чун ҷаҳон чеҳраи аслии онҳоро шинохтааст.

“Толибон солҳо боз ҷангро касб карда буданд ва ба ҷуз ҷанг дигар коре аз дасташон нахоҳад омад. Онҳо алифбои ҳукуматдориро намедонанд ва ин кор аз дасташон низ нахоҳад омад. Танҳо дар сурати ташкили ҳукумати ҳамшумул аз роҳи музокирот ва ҷалби афроди босалоҳият имкони сохтани давлат дар Афғонистон вуҷуд дорад. Дар ғайри сурат, Толибон ноамниро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол хоҳанд дод ва доманаи ҷангро васеътар мекунанд”,--гуфт ӯ.

Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро гирифтанд ва ду ҳафта пас ба Панҷшер, ягона вилояте, ки ба онҳо таслим нашуда буд, ҳамла карданд. Дар Панҷшер Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллӣ созмон додааст ва бо Толибон муқовимат мекунад.

Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимат эълони ҳимоят кардааст. Толибон мегӯянд, Панҷшерро дар ихтиёр доранд, вале масъулони Ҷабҳаи муқовимат ин хабарро рад мекунанд ва мегӯянд, аксари Панҷшер дар ихтиёри онҳост.

Бо гузашти ду моҳ аз тасарруфи Афғонистон ҳанӯз ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG