Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон буҳрони Афғонистонро "таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти ИДМ" унвон кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки ба таври маҷозӣ таҳти раҳбарии Белорус баргузор шуд, ширкат кард. Вай дар ин ҳамоиш гуфт, ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонисттон вазъро дар кишвари ҳаммарз бо ИДМ печидатар кард ва барои амнияти ҳамсоягонаш "таҳдиди ҷиддӣ" ба шумор меравад. Дар ин замина раҳбари Тоҷикистон ба зарурати "ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд", таъкид намуд.

Дар кори ҷаласа президентҳои Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва сарвазирони Арманистону Молдова иштирок ва суханронӣ карданд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери роҳбарии Белорус баргузор мешавад. Ин созмони зери нуфузи Русия 30 сол пеш дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад ва феълан 11 узв дорад. Ҳарчанд намояндагони Украина чанд сол аст дар ҷаласаҳои ин созмон ширкат намекунанд.

Аз Идора. Ин хабар ислоҳ карда шуд, чун қаблан дар он гуфта мешуд, ки сабаби ба Минск сафар накардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълум нест. Замони нашри хабар маълум набуд, ки ҳамоиш ба гунаи маҷозӣ ҷараён хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG