Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар соли 2025 “бологузар” буданд. Дар 2026 чӣ?


Нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон. Токио, 20-уми декабри 2025
Нишасти раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон. Токио, 20-уми декабри 2025

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пайваста барои маҳдуд кардани озодии дину баён ва саркӯби мухолифон танқид мешаванд, дар соли 2025 серташвиш буданд. Аз як сӯ намояндагони қудратҳои ҷаҳонӣ ба меҳмонӣ меомаданд ва аз сӯи дигар раҳбарони минтақа ба мулоқоти онҳо мерафтанд.

Ҳамаи ин дидору гуфтугӯҳо дар қолаби 5 ҷамъи 1, яъне панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва давлату созмонҳои ҳамкор ва қолабҳои дигар доир мешуд. Яке аз чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2025 дар Кохи Сафед гузашт. Ба ҷуз аз Маскаву Пекину Вашингтону Брюссел, инчунин, Истанбулу Токиову Сеул ва Теҳрону Риёз ин гуна қолабҳои ҳамкориро эҷод кардаанд.

Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, моҳи ноябри 2025
Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико. Вашингтон, моҳи ноябри 2025

"Ҳамкорӣ накардан зарари бештар дорад"

Ин фурсат барои минтақа зери таъсири омилҳои геополитикӣ эҷод шудааст ё талошҳои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ?

Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал, чунин фазоро фурсати хубе барои кишварҳои минтақа донист, вале аз назари ӯ ин навъи ҳамкорӣ бештар ташаббуси кишварҳои берунӣ аст то худи Осиёи Марказӣ.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

"Бо назардошти чолишу таҳдидҳои воқеӣ, ки мо дар атрофи минтақа мебинем, агар даъвате аз ҷониби Чин, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва қудратҳои дигар шавад, имкон надорад кишварҳои Осиёи Марказӣ онро напазиранд. Бо таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳои иқтисодию таъмини амниятие, ки онҳо доранд, ҳамкорӣ накардан бо қудратҳои ҷаҳонию минтақаӣ бамаротиб зарари бештар дорад," – шарҳ дод ӯ.

Аз назари Шералӣ Ризоён, дар ин қолабҳо "мо ба ҳам омадани манофеи ҳар ду ҷонибро мебинем".

Таваҷҷуҳи якбораи чанд қудрати ҷаҳонӣ нигарониҳоеро ҳам барои эҳтимолан ба майдони рақобати онҳо табдил ёфтани минтақа ба бор овардааст. Дар айни замон ба ҳам омадани чанд омил, аз ҷумла ҷанги Русия дар Украина ва пайомадҳои иқтисодии он, долонҳои тиҷоратӣ ва таҳаввулоти Афғонистон, Осиёи Марказиро дар эҷоди масири нави тиҷоратӣ қарор додааст.

"Кори бисёр сахт"

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир, таҳлилгари Радиои Озодӣ, бар ин аст, ки соли 2025 барои роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ соли боварнакардание буд.

Ӯ афзуд, "худи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ талошҳояшонро муттаҳид карда, бисёр фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, ки ин дар воқеъ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ ёрӣ кард. Ман надидаам, ки ҳеч вақти дигар ба Осиёи Марказӣ чунин таваҷҷуҳи дунё равона шуда бошад."

Ҳарчанд вазъи мавҷудро бештари таҳлилгарон ҳосили таҳаввулоти геополитикӣ медонанд, аз назари онҳо, муҳимтарин масъала барои нигоҳ доштани фурсати пешомада ҳифзи амнияту субот дар ин кишварҳост.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа дар Душанбе мегӯяд, "ҳарчанд қудратҳо дар Осиёи Марказӣ ба сурати мустақим ба рӯёрӯӣ намепардозанд”, дар ҳар қадам ин рӯёрӯиҳоро метавон мушоҳида кард.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

"Ба истеъдод ва ба тавони нухбагони ҳокими Осиёи Марказӣ бастагӣ дорад, ки то куҷо тамоми тарафҳои муҳими Осиёи Марказиро метавонанд аз худ розӣ нигаҳ бидоранд. Ин кор бисёр сахт аст ва дипломатияи ҳирфаиро мехоҳад," -- афзуд Қосими Бекмаҳаммад.

"Раҳбарони ОМ акнун интихоби зиёд доранд"

Дар айни замон ба андешаи Брюс Паннир, таваҷҷуҳи зиёди қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ кафолати истиқлол ва дар мақоми худ мондани раҳбарони Осиёи Марказиро зиёдтар кардааст ва “онҳо акнун интихоби зиёд доранд”.

“Дар гузашта Ғарб шеваҳои мудириятии ин кишварҳоро зиёд танқид мекард ва машвара медод. Ҳоло агар ба онҳо ин машвараҳо писанд науфтад, метавонанд ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс ё Русияву Чин рӯ биоранд, ки чун пештара ҳамкори онҳо ҳастанд,” -- мегӯяд Паннир.

Тавоноии кишварҳои минтақаро барои нигаҳ доштани тавозун миёни қудратҳо коршиносон ҳаргуна арзёбӣ мекунанд. Аз назари онҳо Қазоқистону Узбекистон чун кишварҳои бузургтару доротар дар ин замина муваффақтар хоҳанд буд.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Эдвард Лемон, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ бар ин аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон, аз лиҳози иқтисодӣ ва муҳоҷират ба Русия ва Чин вобастагии бештар доранд.

“Аз назари тиҷорат ва қарзу сармоягузорӣ ин ду кишвар бо Чин пойбандии бештар доранд. Албатта, ин тавоноии онҳоро дар эҷоди фазои фаротар барои нуфуз ва хостаҳояшон дар равобити берунӣ маҳдуд мекунад,” -- ҳадс мезанад Лемон.

Аммо сарфи назар аз таваҷҷуҳи бепешина ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳанӯз мушаххас нест, ки роҳи ин кишварҳо ва раҳбарони қудратгарои онҳоро, ки дар гузашта аз Амрико ва Ғарб танқид мешуниданд, ба куҷо мекашад.

Эдвард Лемон бар ин аст, ки соли 2026 мо шоҳиди ҳамин манзара боқӣ мемонем, яъне “ҳифзи манфиатҳои ҳамаи қудратҳои берунӣ дар минтақа”.

Шералӣ Ризоён низ мегӯяд, барои минтақа дар баробари дарки фурсатҳои геополитикӣ, боз тавонмадиҳои кадрӣ низ нақш мебозад. “Чунки кори зиёдеро барои чунин шакл гирифтани муносибатҳои дохилиминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ дипломатҳо анҷом доданд ва медиҳанд, ки аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад”, -- андеша дорад ин коршинос.

Бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳое чун маъданҳои нодиру сарватҳои саршори табиӣ, долонҳои стратегии тиҷоративу нақлиётӣ, мавҷудияти зербиноҳои сармоягузорӣ ва ба хубӣ мавзеъгирӣ кардани кишварҳои минтақа дар раванди чандқутбӣ шудани ҷаҳон, ҳадс зада мешавад, ки Осиёи Марказӣ ба унвони нуқтаи бархӯрд ва гуфтушнид боқӣ хоҳад монд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро раҳбарони Осиёи Марказӣ "бологузар" шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
XS
SM
MD
LG