Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузорӣ дар шарқи Афғонистон сардори пулиси "Толибон"-ро куштаанд


Вилояти Кунар, акс аз бойгонӣ
Вилояти Кунар, акс аз бойгонӣ

Дар таркише дар Асадобод, маркази вилояти Кунар, шарқи Афғонистон, сардори пулиси "Толибон" кушта шуда, 11 каси дигар захмӣ гардидаанд. Ҳодиса 14-уми октябр рӯй дод.

Шоҳидон ба Радиои Афғонистони Озод гуфтанд, ҳамлавар мошини сардори полиси "Толибон"-ро дар ноҳияи Шигал нишон гирифтааст. Мақомоти маҳаллии "Толибон" ҷузъиёти ҳодисаро фош накарданд.

Як табиби шифохонаи Асадобод ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, дар умум 12 нафарро ба бемористон оварданд.

Вай тасдиқ кард, ки Абдуллоҳ Ирфон, сардори полиси ноҳияи Шигал, ки аз ҷониби "Толибон" таъин шудааст, дар натиҷаи захмҳои бардоштааш ҷон дод. "Дар миёни захмиён ҳафт ғайринизомӣ ҳастанд, ки яке аз онҳо хонандаи мактаб аст", - афзуд пизишк.

То ин дам ҳеч кас масъулияти ҳамларо ба уҳда нагирифтааст. Шохаи "Хуросон"-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шарқи Афғонстон фаъол аст ва дар гузашта ҳамлаҳои ба ин монандро ба дӯш гирифта буд.

Ин гуруҳ ҳафтаи гузашта таркиши маргталабонаро дар масҷиди шиаҳо дар вилояти Кундуз ба уҳда гирифт, ки даҳҳо нафарро кушт ва даҳҳо каси дигарро захмӣ кард.

XS
SM
MD
LG