Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба “сабр”. Тоҷикистон буҳрони норасоии барқро чӣ гуна ҳал мекунад?


Зимистони имсола метавонад барои Тоҷикистон яке аз душвортаринҳо бошад. Сатҳи поини об дар обанбори “Норак” сабаб гаштааст, ки мардум дар шабонарӯз чанд соати башумор барқ гиранд. Мақомот онро “чораи ногузир” меноманд. Блогерони тарафдори ҳукумат аҳолиро ба сабр мехонанд. Шаҳрвандон талош доранд, ки бо ҳар роҳ хонаҳояшонро гарму рӯшан нигоҳ доранд.

“ТАМОМИ ШАБ БАРҚ НАДОРЕМ”

Нигина, сокини 50-солаи Конибодом, мегӯяд, ҳар субҳ аз якуним то ду соат ва ҳамин миқдор дар шом барқ мегиранд. Хонаводаи ӯ аз шаш нафар, ду калонсолу чор кӯдак, иборат аст ва ҳама дар як ҳуҷраи танг менишинанд ва дар ҳамон ҷо мехобанд.

Ин оила дар аввали тирамоҳ ба 2400 сомонӣ (тақрибан 260 доллар) як тонна ангишти Қирғизистон харид, вале ҳоло камтар аз сад килояш мондааст. Илова бар ин, онҳо ба ҳазор сомонӣ (тақрибан 100 доллар) ҳезум харида, ба 200 сомонӣ балони газ пур кардаанд.

Миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба мисли Нигина ва аъзои оилаи ӯ рӯз мегузаронанд. Шабакаҳои тақсими барқ дар охири моҳи ноябр расман эълон кард, ки дар минтақаҳо аз 5:30 то 8:00-и субҳ ва аз 17:30 то 21:00-и шаб барқ дода мешавад. Дар асл, ба гуфтаи сокинон, ин ҷадвал на ҳамеша риоя мешавад ва барқ дар шабонарӯз камтар аз шаш соат мерасад.

Тоҷикистон қариб се даҳсола боз аз норасоии барқ душворӣ мекашад. Имсол хушксолӣ ва сатҳи поини об дар обанбори "Норак" вазъиятро вазнинтар кард ва зоҳиран маҳдудияти мавсимиро ба як буҳрони воқеии энергетикӣ табдил дод.

Мақомот мегӯянд, сатҳи об дар обанбори "Норак" поин шудааст
Мақомот мегӯянд, сатҳи об дар обанбори "Норак" поин шудааст

Бо маҳдудият додани нерӯи барқ ба сокинон дар деҳаву ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябр сар шуд. "Лимит" ба шаҳри Душанбе дар охири моҳи ноябр расид. Соро, сокини 60-солаи пойтахт, мегӯяд, се ҳафта боз танҳо тақрибан панҷ соат саҳар ва ҳамон миқдор шом барқ мегиранд.

"Хона зуд хунук мешавад. Тамоми шаб барқ надорем. Субҳ дар сардӣ бедор мешавем ва зуд аз пайи таҳияи наҳорӣ ва ба мактабу кӯдакистон бурдани набераҳо мешавем. Шом ҳамин тавр мегузарад. Набераҳо пайваста бемор мешаванд. Танҳо рӯзи якшанбе тамоми рӯз барқ дорем," – мегӯяд ӯ.

Мақомот то моҳи ноябр дар бораи камбуди барқ рӯйирост гап намезаданд. Онҳо бештар "таъмири хати барқ" ё "корҳои профилактикӣ"-ро баҳона меоварданд. Сипас камобӣ ва поин рафтани сатҳи обро дар "Норак" эътироф карда, ҳушдор доданд, ки агар боришот нашавад ва сатҳи об боло наравад, маҳдудиятҳо аз ин сахттар хоҳад шуд. Ин аст, ки дар як намози ҷумъа дар Душанбе барои борон дуо карданд.

Ҳамзамон, Шабакаҳои тақсими барқ дар охири моҳи ноябр дастур дод, ки "барқи идораҳои буҷавӣ аз соати 18:00 то оғози рӯзи кории нав қатъ, чароғи кӯчаҳо хомӯш ва нуқтаҳои барқдиҳии мошинҳо аз соати 18:00 то 22:00 баста шаванд". Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Душанбе дар доираи иқтисоди сабз теъдоди мошинҳои барқиро афзоиш додаанд ва ҳоло ронандагон барои гирифтани барқ соатҳо навбат мепоянд.

Аз 30-юми ноябр сокинон аз Шабакаҳои тақсими барқ паёмак мегиранд, ки агар дар хона истифодаи барқ дар як вақт аз 4 киловатт (барои ҳисобкунакҳои якфаза) зиёд бошад, нерӯи барқ ба таври худкор барои ним соат қатъ мешавад.

Маҳдудияти нерӯи барқ аз моҳи сентябр идома дорад
Маҳдудияти нерӯи барқ аз моҳи сентябр идома дорад

"КИРО ПАСТ МЕЗАНЕМ?"

Мақомот барои тавҷеҳи бебарқӣ бештар аз расонаҳои давлатӣ ва блогерони ҷонибдори ҳукумат истифода мебаранд. Дар Фейсбук наворе пахш шуд, ки ду блогер ба обанбори “Норак” рафта, бо мутахассисе, ки номаш навишта намешавад, дар бораи маҳдудияти барқ гап мезананд. Наворро Анҷумани блогерони Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр гузошт.

Ба гуфтаи ин мутахассис, сатҳи об дар обанбори “Норак” ҳоло “3 метру 75 сантиметр поинтар аз ҳамин давраи соли гузашта” аст ва “агар чора набинем, сатҳи об боз поин меравад”. Блогерҳо дар навбати худ аз мардум мехоҳанд, маҳдудияти нерӯи барқро дар кишвар дарк кунанд, чун ба гуфтаи онҳо, “мушкилоти монанд дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад, аз ҷумла дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон.”

Вақте сухан дар бораи онҳое меравад, ки аз қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон шикоят доранд, тарзи сухангӯии блогерҳо сахттар мешавад. Яке аз онҳо мегӯяд, “мову шумо киро паст зада истодаем? Киро масхара дорем? Худамонро паст зада истодаем. Дар ин ҳолатҳо каме сабр даркор” ва дигаре меафзояд, “рӯзҳои хуб дар пешанд ва фақат камтарак борон шавад, шуд, зиёд не.”

Ҳукумати Тоҷикистон ва расонаҳои тарафдораш эҳтимол талош доранд, ҷомеаро ба ин бовар кунонад, ки маҳдудияти нерӯи барқ “чораи ногузир” аст.

Баъзе аз сокинон бо гузоштни панелҳои офтобӣ мушкили бебарқиро ҳал кардаанд
Баъзе аз сокинон бо гузоштни панелҳои офтобӣ мушкили бебарқиро ҳал кардаанд

ИНТИХОБИ ДУШВОР

Тоҷикистон нерӯи барқи худро аз 15 нерӯгоҳи калону миёна мегирад. Асоситарини онҳо "Норак" аст. Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ҳанӯз идома дорад. Ду маркази барқу гармидиҳии Душанбе нерӯи барқи камтар медиҳанд. Аз ин рӯ, омилҳое ба мисли хушксолӣ ва камобӣ ба таъмини муназзами барқ таъсир расонда, зимистонро барои миллионҳо сокини кишвар душвор мегардонанд.

Эрнест Қорибеков, мутахассиси обу энержӣ аз Қирғизистон, гуфт, солҳои охир боришот дар тамоми Осиёи Марказӣ кам шудааст. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, "захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар умум кофиянд, аммо қисмати зиёди онҳо дар Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон "гум" мешаванд. Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо 3-9 дарсад оби дарёҳояшонро истифода мебаранд. Беш аз 90 дарсад ба кишварҳои ҳамсоя меравад."

Ин коршинос сохтани нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро умедбахш арзёбӣ мекунад, аммо мегӯяд, самарбахшии онҳо дар зимистон маҳдуд аст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе, ки бо шарти фош нашудани номаш суҳбат кард, садди асосӣ барои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва афзоиши иқтидорҳои нави истеҳсолӣ сохтмони тӯлонии "Роғун" аст. Чизе, ки мақомот баръакси онро мегӯянд. Тарҳи нерӯгоҳ соли 1976, ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ, рехта шуда, дар солҳои 1990-ум бо сабаби пошхӯрии шӯравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардид.

Бунёди нерӯгоҳ беш аз 15 соли охир идома дорад ва дар тамоми ин муддат як бахши пулҳои давлатӣ ба сохтмони он равона шудааст. "Ҳиссаи пули буҷет барои "Роғун" дар ҳоли афзудан аст. Агар аввал тақрибан 5 дарсади тамоми хароҷоти буҷа ба он равона мешуд, баъд 10 дарсад, имсол аллакай 15 дарсад аст. Дар тарҳи буҷаи соли 2026 ин ҳисса ба наздики 23 дарсад мерасад," – гуфт шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе.

Ба андешаи ӯ, ҳоло Тоҷикистон бо интихоби душворе рӯ ба рӯ аст: аз як тараф "Роғун" – иншооти муҳими стратегӣ, ки метавонад истиқлоли дарозмуддати энергетикиро таъмин кунад ва аз тарафи дигар, шеваи маблағгузории тарҳ имкониятҳоро барои эҷоди иқтидорҳои алтернативӣ суст ва рушди иҷтимоию иқтисодиро маҳдуд мекунад.

XS
SM
MD
LG