Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​​​​​​​Хуни Нигор ба гардани кист? "Толибон" намепазирад, кормандони собиқ нигаронанд


Пайвандони Нигор дар оромгоҳ
Пайвандони Нигор дар оромгоҳ

Осори тири ҳамлаварон ва хуни Нигор ҳамоно дар дару девори хонаи ӯ дар вилояти Ғури Афғонистон истодааст. Нигор дар ҳукумати пешинаи Афғонистон полис буд ва як моҳ баъди ба қудрат расидани "Толибон" кушта шуд. "Ҳамла шабона сурат гирифт ва хона пур аз хун шуд", -- ба ёд овард яке аз духтарони Нигор.

Намояндагони "Толибон" гуфтаанд, ҳамларо таҳқиқ ва ҷинояткоронро дастгир мекунанд, аммо то ҳол касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Нигор ҷангҷӯёнро ба ҳамла ба хонаашон гумонбар медонанд.

Яке аз писарони Нигор мегӯяд, "он шаб се кас бо туфангча маро заданд" ва ҳангоме пурсидам, кӣ ҳастанд, номи "муҷоҳидони Аморати Исломӣ" (номи расмии режими "Толибон")-ро ба забон оварданд.

Нигор шаш писару чаҳор духтар дошт ва ҳангоми қатл ҳомила буд. Кушта шудани ин зан бо таваҷҷуҳ ба масъулиятҳои пешинааш дар идораи полиси вилояти Ғур боиси нигарониҳо шудааст, ки "Толибон" нерӯҳои собиқи амниятӣ ва полисро нишон гирифтаанд.

Афсарони бесилоҳро дар Форёб кӣ кушт?

"Толибон" 13-уми августи имсол, дар ҳоле ки нерӯҳои зери раҳбарии Амрико баъди тақрибан ҷанги бистсола барои рафтан аз кишвар омодагӣ доштанд, вилояти Ғурро ишғол кард ва афви умумӣ ваъда дод.

Ин гуруҳ пас аз ду рӯз Кобулро низ ба ихтиёри худ гирифт ва фавран изҳор дошт, ки дар муқоиса ба ҳокимияти аввалааш (1996-2001) тағйир ёфтааст. Масъулони гуруҳ ваъда доданд, ки афғонҳо, ҳатто сарбозон ва полис, метавонанд, ки бо боварии комил ба ҳаёти маъмулӣ идома диҳанд.

Як ҷангҷӯйи "Толибон"
Як ҷангҷӯйи "Толибон"

Дар моҳи июн, пеш аз берун рафтани сарбозони хориҷӣ аз Афғонистон, 22 фармондеҳи бесилоҳи афғон ҳангоми кӯшиши таслим шудан дар вилояти шимолии Форёб кушта шуданд. Дар ҳоле ки шоҳидони сершумор бо пахши наворҳо гуфтаанд, кушторро "Толибон" анҷом доданд, гурӯҳи тундрав ба телевизиони CNN гуфтааст, видеоҳо "қалбакӣ" аст.

Ҳангоме ки "Толибон" дар роҳ ба сӯйи Кобул буданд, сафорати Амрико 12-уми август гуфт, "дар бораи қатли нерӯҳои афғон аз ҷониби ҷангҷӯён гузоришҳо мегирад" ва "ин метавонад ҷинояти ҷангӣ бошад."

"Қатлҳои хунсардона"

Пас аз он ки “Толибон” қисми зиёди Афғонистонро ишғол карданд, кушторҳо идома ёфт. Бино ба таҳқиқи созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) нерӯҳои "Толибон" 30-юми август дар маркази вилояти Дойкундӣ сӣ намояндаи қавми ҳазора, аз ҷумла як духтари ҳабдаҳсоларо куштаанд. Ёздаҳ нафари онҳо узви пешини нерӯҳои давлатии Афғонистон будаанд.

Ба гузориши созмон, нӯҳ узви нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон замоне кушта шуданд, ки ихтиёрӣ ба "Толибон" таслим шуданд. Агнес Калламард, дабири кулли Афви Байнулмилал, гуфт, "қатлҳои хунсардона далели дигари ин аст, ки "Толибон" даст ба ваҳшониятҳои ҳамсони давраи ҳукмронии пешинашон дар Афғонистон мезананд."

Дар миёнаҳои моҳи сентябр “Толибон” тасдиқ карданд, ки панҷ афсари пешини полиси афғон аз хонаҳояшон бароварда шуда, дар ҳодисаҳои ҷудогона дар Қандаҳор кушта шуданд.

“Толибон” даст доштани худро дар кушторҳои охир, аз ҷумла қатли Нигор намепазирад, зеро ба маъракаи муътадил муаррифӣ кардани худ идома медиҳад. Аммо иддао дар бораи нақши гурӯҳи тундрав дар куштору шиканҷа ва рабудани кормандони собиқи нерӯҳои амниятӣ то ҳол бас нашудааст.

Фирор ба Тоҷикистон ва Эрону Покистон

Ҳангоме ки “Толибон” ба Кобул раҳсипор шуданд, бисёре аз низомиён ва афсарон барои зинда мондани худ чора андешиданд. Чанде аз онҳо, аз ҷумла як гуруҳи халабонҳо пас аз чанд лаҳзаи суқути Кобул бо ҳабдаҳ ҳавопаймои низомӣ ба Тоҷикистон рафтанд. Дигарон ба Эрону Покистон фирор карданд ё тавассути нерӯҳои хориҷӣ ба берун бурда шудаанд.

Иддае дар Афғонистон пинҳон шуда, баъзе ба ҷанг идома медиҳанд ва дигарон пешниҳоди афви “Толибон”-ро пазируфта, силоҳҳои худро супурдаанд.

Патрисия Госсман, ёвари мудири шуъбаи Осиё дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ба Радиои Озодӣ гуфт, "нигарониҳо дар бораи нопадидшавии одамон бештар мешавад."

Госсман дар шарҳе 12-уми октябр гуфт: "Бисёр мешунавем, ки нерӯҳои “Толибон” ҳангоми ҷустуҷӯи мансабдорони собиқ одамонро танҳо барои робита доштан бо нерӯҳои пешини амният ва аъзои оилаи онҳо таъқибу боздошт ва латукӯб мекунанд.”

Мулло Муҳаммад Яъқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои “Толибон”, дар як изҳороти садоӣ 23-юми сентябр эътироф кард, ки ҷангҷӯён баъди ишғоли қудрат дар баъзе аз минтақаҳо "худсарона" даст ба куштор задаанд. Ӯ таъкид кардааст, агар ҷангҷӯён бо касе даъвои шахсӣ доранд, бояд ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

"Ба падарам гуфтаанд, магар шарм намедорад, ки..."

Радиои Афғонистони Озод дар бораи эъдом, шиканҷа ва рабуда шудани аъзои собиқи амниятии Афғонистон гузоришҳои зиёд додаст.

Наҷиб, яке аз мусоҳибони радио, гуфтааст, бародараш дар вилояти Ғазнӣ афсари амниятӣ буд ва силоҳу муҳиммоти ҷангии худро ба “Толибон” супурд, аммо ба зиндон бурда шуд. "Мо дар бораи ӯ иттилоъ надорем ва нигарон ҳастем. Ҳеч кас дар бораи вазъи ӯ ба мо чизе намегӯяд", -- афзуд Наҷиб.

Гулоҷон, сокини вилояти Ҳилманд, айни нигарониро дорад. Вай дар бораи бародарзодааш маълумот меҷӯяд, ки дар гузашта дар сафи нерӯҳои давлатӣ будааст: "Ба “Толибон” таслим шуд, аммо сарнавишташ маълум нест. Аз “Толибон” хоҳиш мекунем, ки агар ӯ зинда бошад, раҳо кунанд."

Заноне, ки дар сафи нерӯҳои амниятии Афғонистон ҷангидаанд, низ мегӯянд, онҳо ва аъзои оилаашон зери хатар ҳастанд. Зуҳро, ки замоне барои маҳорати низомии худ ҷоиза гирифтааст, гуфт: "Заноне, ки аъзои артиш буданд, аз ҷониби “Толибон” таҳдид карда мешаванд."

"Толибон" ба ман таҳдид карданд. Аксҳои маро ба падарам нишон дода, гуфтаанд, магар шарм намедорад, ки духтарашро ба хидмати ҳарбӣ иҷоза додааст", -- афзуд ӯ

XS
SM
MD
LG