Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт чизи донистанӣ дар бораи режими "Толибон". ВИДЕО


Намояндагони "Толибон" дар қохи раёсатҷумҳурии Афғонистон. Кобул, 15-уми августи соли 2021
Намояндагони "Толибон" дар қохи раёсатҷумҳурии Афғонистон. Кобул, 15-уми августи соли 2021

Гурӯҳи "Толибон", ки аз соли 1996 то 2001 қудратро дар Афғонистон дар ихтиёр дошт, вале дар пайи амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ сарнагун шуд, пас аз бист сол дигарбора назорат ба ин кишварро ба даст овард.

Ҳоло бисёриҳо аз бозгашт ба даврони ҳукмронии ду даҳа пеши "Толибон" ҳарос доранд ва кӯшиш мекунанд, ҳарчи зуд худро аз Афғонистон берун кашанд. Вале бахше дигар, ба мисли Мавлавӣ Абдулҳамид, имоми ҷумъаи аҳли суннат дар Эрон, бовар доранд, ки "Толибон он гурӯҳи бист сол пеш нестанд" ва кору барномаҳояшон "тағйир ёфтааст".

Худи намояндагони "Толибон" ҳам борҳо ваъда додаанд, ки шароити хуб ва озодиҳоро барои мардум таъмин мекунанд ва аз занон хостаанд, ба онҳо ҳамроҳ шаванд. Дар айни замон дар бораи ҷазо додани баъзе аз мардум ва тағйир додани барномаҳои радиову телевизион аз тарафи ҷангҷӯёни "Толибон" гузориш мерасад.

Дар матну видеои зер бубинед, ки зиндагӣ дар аҳди пешинаи "Толибон" чӣ гуна буд.

  • ҚАТЛ ВА ҶАЗО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ МАРДУМ

Дар замони ҳокимияти "Толибон" дар солҳои 1996-2001 тартибот бо роҳи зулм таъмин карда мешуд. Қатлу тозиёна ва буридани дасту пойи гунаҳкорон дар маҳзари ом ё дар пеши чашми мардум сурат мегирифт. Гумонбар ба ҷиноят ҳақ надошт, вакили мудофеъ бигирад. Додрасҳо аксаран одамони камсавод буданд.

  • МАҲРУМ ШУДАНИ ЗАНОН АЗ ҲУҚУҚИ ХУД

Кору таҳсил ва бе бурқа ё чодар ба берун рафтани занон манъ карда шуд. Занон, инчунин, ҳақ надоштанд, бе марди маҳрам (хеш ё ҳамсар) ба кӯча бароянд. Дар оилаҳое ҳам, ки мардон кушта шудаанд, занон ҳатто барои харидани хӯрокворӣ ба бозору дӯкон рафта наметавонистанд ва маҷбур чашм ба роҳи хешовандон менишастанд. Барои риоя накардани қоидаҳо занонро ҷазо медоданд.

  • АФҒОНҲО НАМЕТАВОНИСТАНД, ОЗОДОНА САФАР КУНАНД

"Толибон" ҳамагӣ 3 кишвари дунёро эътироф мекарданд: Покистон, Арабистони Саудӣ ва Иморот. Шиносномаи замони "Толибон" дар бисёре аз кишварҳо беэътибор дониста мешуд.

  • МАНЪИ МУСИҚӢ ВА ФИЛМ

Гурӯҳи "Толибон" мусиқӣ ва филмро ғайриқонунӣ эълон карда, фиттаву лентаҳоро дар саросари кишвар нобуд карданд. Фарҳангиён маҷбур шуданд, тарки кор ё кишвар кунанд.

  • АЗ БАЙН БУРДАНИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ

"Толибон" муҷассамаи Буддоро дар Бомиён тарконданд. Ин ёдгории асри шаш буд, ки дар кӯҳ кандакорӣ шудааст. Тахриби ҳайкалҳоро Покистону Эрон ва Миср танқид карданд.

  • БУҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ВА БАШАРӢ

"Толибон" нақшаи дурусти рушди иқтисод надоштанд. Онҳо низоми сотсиализм ва капитализмро қабул намекарданд. СССР-ро собиқ ишғолгар ва Ғарбро душмани идеологӣ медонистанд. Умеди мардум ба ёрии башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даромад аз қочоқи маводи мухаддир буд, ҳарчанд “Толибон” расман ба зидди истеҳсоли нашъа буд.

  • ПУШТИБОНӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАР

Дар аҳди “Толибон” ҷангҷӯёни кишварҳои дигарро дар Афғонистон омода мекарданд, аз ҷумла аъзои Ҳаракати Исломии Узбекистонро. Дар охири солҳои 90-ум ҷангҷӯёни ҲИУ талош карданд, ба воситаи Тоҷикистону Қирғизистон ба Узбекистон ворид шаванд. Ҳадафи гурӯҳ ташкили хилофати исломӣ дар водии Фарғона буд. “Толибон” ҳамчунин раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лодинро пинҳон мекард. Ин боис шуд, ки Амрико ҳам ба ҷанги Афғонистон ҳамроҳ шавад.

Наворро инҷо бинед:

7 чизи донистанӣ дар бораи гузаштаи "Толибон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
XS
SM
MD
LG