Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Panjshir Observer: "Толибон" як кӯдакро ба қатл расондаанд


Бино ба гузоришҳо, ҷангҷӯёни "Толибон" дар вилояти Тахор як кӯдакро барои он ки гумон меравад падараш узви Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ба қатл расондаанд. Panjshir Observer, расонаи мустақиле, ки вазъ дар Панҷшеру гӯшаҳои дигари Афғонистонро бозтоб медиҳад, дар ин бора 29-уми сентябр дар Твиттер хабар дод. Ин ҳодиса баёнгари бархӯрди сахти "Толибон" ба афғонҳоест, ки зидди ин гуруҳ садо баланд мекунанд. Ин гуруҳ пас аз ишғоли минтақаҳои Афғонистон саъй дорад, ба ҷаҳониён худро муътадил нишон диҳад, то эътимоди байнулмилалиро ба даст орад. Коршиносон мегӯянд, ҳодисаҳои охир далели онанд, ки "гурӯҳи тундрав бо тафаккури ифротгароӣ ва хушунатбор баргаштааст". "Толибон" аз соли 1996 то 2001 ҳокими Афғонистон буд ва танҳо дар пайи ҳамлаҳои нерӯҳои амрикоӣ ва байнулмилалӣ сарнагун шуд. Ҳукумати "Толибон"-ро, ки "аморати исломӣ" меноманд, дар оғози моҳи сентябри имсол ташкил шуд, аммо то кунун ҳеч кишвар ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG