Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Кобул дасти холӣ омадем ва ҳоло дар ҳуҷраи танг ҳастем." Нақли халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон


Халабонҳои фирории афғон аз тарзи нигаҳдорияшон дар Тоҷикистон норозиянд ва дар орзуи рафтан ба кишвари севум, бахусус Амрико ҳастанд. Акс аз 6-уми октябри 2021

Даҳҳо халабони фирории афғонро аз аввали моҳи сентябри имсол дар осоишгоҳе дар канори шаҳри Душанбе нигаҳ медоранд. Ин осоишгоҳ, ки макони истироҳати мансабдорони яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аст, дар миёни кӯҳҳои бузург ва соҳили рӯд ҷойгир буда, атрофашро бо деворҳои бетонии нимабоз маҳкам кардаанд.

Гуруҳи 143-нафарии нозирону танзимгарони парвоз, муҳандисони ҳавопаймоҳо ва халабонҳои тамриндида аз ҷониби Амрико 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон фирор карданд. Рӯзе, ки Кобул бе ҷанг аз тарафи "Толибон" ишғол шуд.

Тақрибан ду моҳ боз сарнавишти онҳо дар ҳолати номуайянӣ қарор дорад. Халабонҳо умед доштанд, ки Иёлоти Муттаҳида онҳоро зуд аз Тоҷикистон мебарорад, аммо ин кор ба таъхир афтодааст. Мақомоти Тоҷикистон далели онро шарҳ намедиҳанд.

Яке аз халабонҳои фирории афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо 17 ҳавопаймои низомии навъҳои Cessna 208, AC-208 ва Pilatus PC-12, ки ба онҳо тааллуқ доштанд, тавассути марзи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон расиданд.

Фурудгоҳи низомии Кобул, моҳи июли 2021
Фурудгоҳи низомии Кобул, моҳи июли 2021

Чанде аз афсарони дигар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди даромадан ба хоки Тоҷикистон бо аъзои хонаводаашон ва дар умум бо олами берун тамос надоранд. Ба гуфтаи онҳо, мақомоти тоҷик ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, телефонҳои мобилӣ ва "аслиҳаи хусусӣ"-ро мусодира кардаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, мусодираи аслиҳа ва ҳавопаймоҳое, ки марзи Тоҷикистонро бидуни ризоият убур мекунанд, як қоидаи байнулмилалист.

Онҳоро ду ҳафта дар як хобгоҳи донишҷӯён дар шаҳри Бохтар, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, нигоҳ дошта, сипас ба як осоишгоҳи наздики Душанбе интиқол доданд.

Дар миёни ин гурӯҳ, ки ду зани халабон низ ҳастанд, касе хоҳиши мондан дар Тоҷикистонро надорад. Мехоҳанд, зудтар ба Амрико бираванд. Онҳо мегӯянд, то кунун "ҳеч амрикоӣ" аз ҳоли онҳо хабар нагирифтааст. Аммо сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони сафорати Амрико дар Душанбе бо халабонҳо суҳбат кардаанд ва аз аҳволашон бохабаранд.

Дар посух ба суоле, ки оё мақомоти амрикоӣ вазъи халабонҳои афғонро бо мақомоти тоҷик баррасӣ кардаанд, сухангӯйи Вазорати умури хориҷӣ гуфт, бо ҳукумати Тоҷикистон "дар тамоси доимӣ" ҳастанд.

"Ҳуҷраҳои танг ва ғизои нохуб"

Халабонҳо ва хонаводаи онҳо аз сарнавишти норӯшан шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки зиёд мехоҳанд, то ҳарфи дилашонро "ҷаҳон шунавад". Ба иддаои онҳо, дар як утоқи танг чанд нафар хобанд, ба ҳаммом дуруст дастрасӣ надоранд ва дастрасияшон ба ёрии тиббӣ низ маҳдуд аст.

"Ҷойи зист мувофиқ нест. Хӯрок ҳам хуб нест. Ҳеч кас намехӯрад. Мо худамон баъзе хӯришҳоро омода мекунем", -- гуфт яке аз халабонҳо.

Яке дигар аз халабонҳо гуфт, дар як ҳуҷраи осоишгоҳ ҳафт нафар мехобанд. "Хонаҳо сарданд ва мо бо худ либоси гарм наовардаем. Кобулро дасти холӣ тарк карда будем", ‑‑ гуфт ӯ.

Шароит "сад фоиз аст"

Барои муоинаи онҳо ба осоишгоҳ чанд пизишкро фиристодаанд. Яке аз ду халабони зан, ки 27 сол дорад, нӯҳмоҳа ҳомила аст ва ӯро шоми 6-уми октябр ба таваллудхона бурданд. Як масъули таваллудхона бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, занро аз ҳама ташхиси зарурӣ гузаронданд ва ҳоли ӯ ва фарзандаш хуб аст. Ин пизишк гуфт, эҳтимол зан то моҳи ноябр дар таваллудхона бимонад.

Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шароити халабонҳо ва хонаводаи онҳо хеле хуб аст, вале ба далели амниятӣ наметавонанд, ҷойи нигаҳдории онҳоро ба хабарнигорон нишон диҳанд. Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо беҳтарин ҷойро додаанд ва шароиташон "сад фоиз аст". "Бо ғизо ва дору таъминанд", -- афзуд ӯ.

"Афв барои ҳама"?

Замоне ки ҷангҷӯёни "Толибон" Кобулро гирифтанд, як гурӯҳ аз халабонҳои афғон бо даҳҳо ҳавопаймо ба Узбекистон низ фирор карданд. Дертар онҳоро аз Узбекистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.

Ҳукумати "Толибон" аз Тоҷикистон ва Узбекистон талаб кардааст, ки халабонҳо ва ҳавопаймои низомиро ба Афғонистон баргардонанд. Онҳо мегӯянд, халабонҳо ба Афғонистон баргарданд ва "ба ватан хидмат кунанд".

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон" гуфт, халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон дар сурати баргаштан ба ватан ҳеч гуна ҷазо намегиранд.

"Мо барои ҳамаи онҳое, ки алайҳи мо буданд, афв эълон кардем. Ҳеч кас онҳоро таҳдид ва таъқиб намекунад ва мо бо онҳо мушкиле надорем", ‑‑ гуфт ӯ.

Аммо халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон ба ваъдаи "Толибон" бовар надоранд ва аз бозгашт ба кишвари худ метарсанд. Созмонҳои байнулмилалӣ "Толибон"-ро, ки тақрибан ду моҳ боз назорат бар Афғонистонро ба даст дорад, ба шиканҷа ва қатли баъзе аз низомиёни собиқ муттаҳам мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG