Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 140 низомии афғон бо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистон омадаанд. ВИДЕО


Фурудгоҳи шаҳри Бохтар
Фурудгоҳи шаҳри Бохтар

143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон поин омадаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ иттилоъ намедиҳанд, манобеъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16-уми август ба Озодӣ гуфтанд, ки низомиёни фирориро дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар Бохтар ҷой карданд.

"Дар миёнашон ду зан ҳаст. Ҳоло масъалаи ба ҷойи дигар гузарондани онҳоро баррасӣ доранд. Ҳар гуна пешниҳодҳо аст. Ҳанӯз як хулосаи ниҳоӣ нашудааст", -- афзуд яке аз мусоҳибони мо, ки нахост номаш фош шавад.

Ба қавли ӯ, низомиён бо се ҳавопаймо ва ду чархбол дар фурудгоҳи Бохтар поин шуда, аз онҳо 55 силоҳи гуногун гирифта шудааст. Тафсилоти аз ин бештар дастрас нест.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бе пешниҳоди ҷузъиёт ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ки "тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ба низомиёни афғон иҷоза дода шуд, то дар фурудгоҳи Бохтар поин оянд".

Ин гурӯҳи низомиёни афғон дар пайи фирори президент Ашраф Ғанӣ ва ба Кобул ворид шудани аъзои гурӯҳи "Толибон" ба Тоҷикистон омадаанд.

Бино ба наворҳои нашршуда, субҳи 16-уми август ҳазорҳо нафар аз мардуми одӣ бо ҳадафи тарки Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Кобул ҷамъ шуда буданд. Мардуми зиёд талоши фирорро доштанд, вале бисёриҳо муваффақ намешуданд.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ, мегӯяд, ин шабу рӯз ҷониби Тоҷикистон дар мавриди омодагии худ аз пазироии паноҳҷӯёни афғон бояд ташаббус нишон диҳад ва изҳороти расмӣ ба нашр расонад.

Ӯ мегӯяд, "Афғонистон тақрибан дар 30 сол пеш, дар ҳолате ки дар худи ин кишвар ҷангҳо идома дошт, паноҳҷӯёни моро пазируфта буд. Гузашта аз ин, Тоҷикистону Афғонистон фақат як ҳамсоя аз лиҳози ҷуғрофиёӣ нестанд, байни ин ду кишвар муштаракоти зиёди фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ, миллӣ, тамаддунӣ ва ҳатто мешавад гуфт, геопалитикӣ вуҷуд дорад. Ҳатто дар сурати зиёд набудани дархостҳо, Тоҷикистон бояд ташаббус нишон диҳад."

Низомиёни мусаллаҳи афғон дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Пештар мақомоти Тоҷикистон омодагии худро барои қабули паноҳҷӯёни афғон изҳор дошта буданд. Рӯзи 23-уми июл Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, гуфт, дар кишвар қабули то 100 ҳазор паноҳандаи афғон ба нақша гирифта шудааст.

Моҳҳои июн ва июли имсол дар пайи ба дасти Толибон афтодани манотиқи зиёде дар Афғонистон, садҳо низомӣ ва ҳазорҳо паноҳҷӯи дигар ба Тоҷикистон омаданд. Мақомот гуфтанд, низомиёнро ба кишварашон баргардонданд, аммо бахше аз паноҳҷӯён дар урдугоҳҳои муваққатӣ ҳастанд.

Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1400 километр марз доранд.

XS
SM
MD
LG