Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон духтарҳои моро маҷбуран ба занӣ мегиранд". Саргузаштҳои талхи овораҳои Кобул. ВИДЕО


Тақсими кӯмакҳо ба овораҳои нави Афғонистон - бошандагони боғи "Шаҳри нав"-и Кобул. Аасари ин овораҳо аз қаламравҳои шимоли Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон ин ҷо омадаанд. 13 августи соли 2021
Тақсими кӯмакҳо ба овораҳои нави Афғонистон - бошандагони боғи "Шаҳри нав"-и Кобул. Аасари ин овораҳо аз қаламравҳои шимоли Афғонистон, наздик ба марзи Тоҷикистон ин ҷо омадаанд. 13 августи соли 2021

Бо афзоиши ҳуҷумҳову ишғолгариҳои Толибон дар саросари Афғонистон, даҳҳо ҳазор сокини мулкӣ маҷбур мешаванд маконҳои зисти худро тарк кунанд. Ба ҳисобҳои тахминии СММ, шумори мардуми бечошуда аз 240 ҳазор нафар гузаштааст.

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи 13 август гуфт, эҳтиёҷ ба маводи башарӣ – ғизову об, маводи тиббӣ ва дигар муҳимот фавқулодда афзудааст.

Қисми калони паноҳҷӯён дар парк ё боғи “Шаҳри нав”-и шаҳри Кобул ҳам маскан гирифтаанд. Ҳанӯз ҳаво гарм аст ва онҳо дар ҳавои боз ва бархе зери чодар шабро рӯз мекунанд. Аксарашон занону кӯдаконанд. Ба иттилои Радиои "Афғонистони Озод", аксари овораҳои ин боғ аз қисматҳои шимоли Афғонистон ба ин ҷо омадаанд. Дар шимоли Афғонистон, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст, аксар посгоҳҳои марзиро Толибон назорат мекунанд.

Афроди хайрхоҳ ба паноҳҷӯён обу нон медиҳанд.

Ҳар як бошандаи "Шаҳри нав" саргузаштҳои талхи худро дорад, ки онҳоро водор кард тарки манзил ва хонаи гарм карда овора шаванд.

Як зани фирории афғон мегӯяд, вақте ҷангиён ба маҳалли зисти онҳо расиданд, духтарҳоро маҷбуран ба занӣ гирифтанд. Хонум Зарбегим гуфт, Толибон писарҳои ӯро кушта, духтарҳои хеши наздикашро ба занӣ гирифтанд. Баъди ин ӯ маҷбур шуд, фирор кунад.

Як марди дигари сокини “Шаҳри нав” мегӯяд, ҷангиёни Толибон хона ба хона гашта аз мардум хӯрок талаб мекунанд. Ӯ мегӯяд, гурӯҳҳои даҳу бистнафараи Толибон омада аз онҳо ошу нон талаб мекунанд, дар ҳоле, ки худи онҳо ноне барои хӯрдан надоранд.

Радиои Озодӣ иддаоҳои ин нафаронро тасдиқ карда наметавонад. Дар гузашта Толибон ҳама гуна иттиҳомоти монанд ба инро рад кардаанд.

Паноҳҷӯёни афғон мегӯянд, Толибон духтаронро иҷборан ба никоҳи худ медароранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG