Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул вожгун шуд. Толибон: "Ҷанг поён ёфт"


Толибон дар қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон. 15-уми августи соли 2021
Толибон дар қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон. 15-уми августи соли 2021

Шоми 15-уми август ҷангҷӯёни Толибон вориди Кобул -- пойтахти Афғонистон шуданд ва Арки раёсати ҷумҳуриро дар ихтиёри худ гирифтанд. Чанд соат пеш аз ин президент Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард. Созмони Милали Муттаҳид баъли вожгунии Кобул ба дасти Толибон, аз онҳо ва гурӯҳҳои дигар хост, барои муҳофизати ҷону моли шаҳрвандон талош кунанд.

Нерӯҳои Толибон, ки аз чанд рӯз ба ин тараф шаҳри Кобулро дар муҳосира қарор дода буданд, шоми якшанбе бо парчамҳои сафеди худ вориди пойтахт шуда, қасри президентӣ ва чанд минтақаи дигари Кобулро дар ихтиёр гирифтанд.

Ҷангҷӯён дар ҳоле вориди Кобул шуданд, ки намояндагони ин гурӯҳ қаблан гуфта буданд, қасди бо "зӯрӣ" гирифтани пойтахтро надоранд ва ба ҷангҷӯёни худ дастур додаанд, дар дарвозаи шаҳр бимонанд. Дар пай, баъзе аз мансабдорони афғон дар бораи баҳси интиқоли сулҳомези қудрат хабар доданд.

Тибқи баъзе гузоришҳо, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр Шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис доданд. Аммо баъзе расонаҳо аз қавли Суҳайл Шоҳин, яке аз сухангӯёни Толибон, навиштанд, ки ин гурӯҳ ба наздикӣ Иморати исломии худро эълон мекунад.

Муҳаммад Наим, сухангӯи дигари Толибон, ба шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" гуфтааст, ҷанг дар Афғонистон ба поён расид ва навъ ва шакли ҳукумати оянда ба зудӣ маълум хоҳад шуд. Ин сухангӯи Толибон гуфтааст, ҳеч як аз дипломатҳои хориҷӣ ва сафоратҳо ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор нахоҳад гирифт ва ин гурӯҳ амниятро барои шаҳрвандон ва ниҳодҳои дипломатӣ эҷод мекунад.

Ба гуфтаи Муҳаммад Наим, "Толибон масъулона рафтор хоҳад кард ва алоқа дорад, ки бо ҳамагӣ ба сулҳ даст ёбад". Вай ҳамчунин гуфтааст, ин гурӯҳ ҳозир аст, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вориди гуфтугӯ шавад, то нигарониҳои онҳоро бартараф созад.

Дар ҳамин ҳол, Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, чанд соат пас аз суқути Кобул ба дасти ҷанҷӯёни Толибон аз онҳо ва аз ҳама гурӯҳҳои даргир хост, барои муҳофизат аз ҷони шаҳрвандон аз хештандорӣ кор бигиранд. Сухангӯи дабири кулли СММ аз тарафҳои даргир хостааст, ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум эҳтиром бигузоранд.

Бо вуруди Толибон ба Кобул, нигарониҳои мардум ҳамакнун бештар шудааст. Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки шумораи зиёде аз мардум дар Фурудгоҳи Кобул гирд омадаанд, то кишварро тарк кунанд.

Бо суқути Кобул ба дасти Толибон, дар ҳоли ҳозир аксар қаламрави ин кишвар дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор дорад ва танҳо вилояти Панҷшер аз контроли Толибон берун мондааст. Панҷшер зодгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, сипаҳсолори маъруф ва Қаҳрамони миллии Афғонистон аст.

Толибон дар замони ҳокимияти қаблии худ дар солҳои 1996-2001, ҳаргиз натавонистанд онро тасарруф кунанд.

Иттилои бештарро дар бораи вазъи Афғонистон дар инҷо хонед:

XS
SM
MD
LG