Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни амрикоӣ барои берун бурдани мулкиҳо ба Афғонистон мерасанд


11 марти соли 2002. Сарбозони амрикоӣ аз як амалиёти низомӣ дар Гардез ба пойгоҳи Баграм, воқеъ дар 70-километрии шимоли шаҳри Кобул бармегарданд

Аввалин гурӯҳи низомиёни амрикоӣ бо ҳадафи кӯмак дар таъмини амнияти кормандони мулкии сафорати ИМА дар Кобул, ки бояд тарки Афғонистон кунанд, вориди ин кишвар шуданд.

Афзоиши босуръати таҳоҷумҳои Толибон ҷангиёнро ба Кобул наздиктар кардааст.

1000 нафар дар рӯз тарки Афғонистон хоҳанд кард

Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон гуфт, ки аксари 3 ҳазор низомии иловагии амрикоӣ то 15-уми август дар Кобул мешаванд ва “тавони интиқоли беш аз як ҳазор нафарро дар як рӯз” хоҳанд дошт.

Расидани низомиёни амрикоӣ дар шароите сурат мегирад, ки амалиёти ишғолгарии Толибон дар як ҳафтаи ахир босуръат ҷараён дорад ва ахиран Ҳирот, дар шимол ва Қандаҳор дар ҷануби кишвар ба дасти онҳо гузашт. Рӯзи 13-уми август ҷангиён инчунин пойтахти вилоятҳои Зобул ва Урузгонро дар ҷануб ба даст оварда, дар ғарб маркази маъмурии Ғӯр низ ба дасти Толибон гузашт.

Як рӯз баъди Ғазнӣ, шаҳри Пули Алам ба Толибон таслим шуд. Ҳар яки ин шаҳрҳо дар канори шоҳроҳе ҷойгир аст, ки бо Кобул мепайвандад. Бо суқути Қандаҳор ва Ҳирот, ки аз назари бузургӣ шаҳрҳои дуюм ва сеюми азимтарини Афғонистон мебошанд, чунин тарсе вуҷуд дорад, ки ишғоли Кобул танҳо чанд рӯз вақтро мегираду халос.

Кирби инро эътироф кард, ки зоҳиран ҷангҷӯёни Толибон дар талоши дар муҳосира гузоштани Кобул ҳастанд, вале афзуд, ки пойтахт дар ҳолати хатари бебозгашт нест.

Таҳоҷуми босуръати Толибон бо шурӯи хуруҷи нирӯҳои амрикову байналмилалӣ аз Афғонистон дар оғози моҳи май вусъат ёфт. Нирӯҳои хориҷӣ бояд Афғонистонро то поёни моҳи август, дар пешорӯи таҷлили 20-солагии ҳамлаи Ал-Қоида ба ИМА дар таърихи 11-уми сентябри оли 2001 тарк кунанд.

Ҷумҳурихоҳҳо: Тарки Афғонистон хато аст

Байден рӯзи 13-уми август вазъи Афғонистонро бо аъзои тими амнияти миллиаш баррасӣ намуд. Ӯ ҳоло дар дохили кишвар, ба вижа аз ҷониби ҷумҳурихоҳҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, ки амалиёти тарки Афғонистонро “як хато” номида гуфтаанд, ки ин тасмим дуруст нақшагирӣ нашуда буд.

Раҳбари ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат Митч МакКоннелл рӯзи 13-уми август гуф, ки ИМА бояд алайҳи Толибон амалиёти ҳавоиро ба роҳ монда, аз ин роҳ ба нирӯҳои Афғонистон ёрӣ расонанд. Дар изҳороте МакКоннел гуфт, “ҳанӯз дер нашуда, пеши роҳи Толибонро аз Кобул гирифтан мумкин аст”. Ӯ гуфт, ки маъмурият бояд босуръат амал карда пеши роҳи ҳаракати босуръати Толибонро аз роҳи ҳамлаҳои ҳавоӣ бигирад ва бо ин роҳ ба нирӯҳои амниятиву дифои миллии Афғонистон ёрии изтирорӣ расонад. Ба гуфтаи сенатори ҷумҳурихоҳ, ин кор пеши роҳи ба дасти Толибон гузаштани шаҳрро хоҳад гирифт. “Агар ин кор анҷом нашавад, таҳдиди амниятӣ ба ИМА афзоиш ёфта, талафоти башарии мардуми бегуноҳи афғон фоҷеабор хоҳад буд”.

Байден гуфт, ки аз тасмимаш барои берун кашидани нирӯҳо намегардад, чун, ба гуфтааш, ИМА баъди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба ҳадафаш дар заминаи мағлуб кардани Ал-Қоида муддатҳо пеш даст ёфт ва ин ақидаро, ки ба дасти Толибон гузаштани Афғонистон як амри “ногузир” аст, рад кард.

Байден дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфт, беш аз 300 ҳазор нирӯҳои афғон, ки аз тамринҳои амрикоиҳо гузаштаанд, бояд барои худ, барои ватани худ биҷанганд”.

СММ: Ғасби қудрат аз роҳи низомӣ мағлубият аст

Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш рӯзи 13-уми август аз бад шудани вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва аз Толибон тақозо кард, ки ҳуҷумҳои худро хотима бидиҳанд ва “бо беҳтарин ният вориди музокира шаванд”. Ӯ гуфт: “Паёми ҷомеаи байналмилалӣ ба онҳое, ки дар роҳи ҷанг қадам мебардоранд, бояд хеле мушаххас бошад: ғасби қудрат аз роҳи низомӣ мағлубият аст. Ин танҳо боиси ҷанги давомдори шаҳрвандӣ ва боиси инзивои Афғонистон шавад”.

Гутерреш гуфт, ки аз хабарҳо дар бораи муносибати бад бо занҳо дар қаламравҳое, ки Толибон ишғол кардаанд, хеле нороҳат шудааст. Ӯ гуфт, «бахусус, шунидани хабарҳои ин ки чӣ гуна ҳуқуқҳои ба сахтӣ бадастовардаи духтарону занон бекор мешаванд, дилрешкунанда аст».

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG