Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои афғон, ки ба Тоҷикистон фирор карданд, аз Канада паноҳгоҳ хостаанд


Як навъи ҳавопаймои Cessna 208, ки халабонҳои афғон тариқи ин намуди ҳавопаймо ба Тоҷикистон омадаанд. Акс аз бойгонӣ
Як навъи ҳавопаймои Cessna 208, ки халабонҳои афғон тариқи ин намуди ҳавопаймо ба Тоҷикистон омадаанд. Акс аз бойгонӣ

Як фармондеҳи экипажи ҳавопаймо бо 12 узви экипажи нирӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, аз давлати Канада дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Ба навиштаи вебсайти хабарии avweb.com, гурӯҳи халабонҳо ё пилотҳои афғон мутахассисони ҷангӣ буда, замони ба Кобул наздик шудани Толибон савори ҳавопаймои Cessna 208 ҳамроҳ бо силоҳу муҳимоти ҷангии мушакҳои замин ба ҳаво ба кишвари Тоҷикистон паноҳ бурданд. Онҳо аллакай бо сафорати Канада дар тамос шуда, аз ин давлат дархост намуданд, ки онҳоро ҳамроҳ бо аъзои оилаҳояшон ба Канада бубаранд. Яке аз ин ҳавонавардон дар суҳбат бо телевизиони амрикоии CBC News гуфтааст, ки ба онҳо марг таҳдид мекунад, чунки онҳо халабонҳои ҷангӣ мебошанд.

Бо ин ки бисёре аз халабонҳо дар ИМА омӯзиш дидаанд, онҳо аз Канада дархости паноҳандагӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, президенти ИМА Ҷо Байден чанд рӯз баъди суқути ҳукумати Афғонистон гуфт, ки “низомиёни афғон бе ҷанг, ҳатто бидуни талош барои ҷанг ақибнишинӣ карданд”.

Халабонҳое, ки ба Тоҷикистон фирор кардаанд, мегӯянд, аллакай чанд ҳафта пеш аз он ки Толибон Кобулро ба даст оранд, нирӯҳои ҳавоии Афғонистон аз ҳама гуна силоҳ холӣ шуда буд ва танҳо роҳро ҳамроҳ бо аъзои оилаашон дар фирор ба Тоҷикистон диданд. Яке аз ин халабонҳо дар суҳбат бо телевизиони СВС гуфт: “Ман онҳоро куштаам. Ман ба онҳо мушак андохтаам. Тир задаам. Ба бовари ман, агар ман касеро кушта бошам, онҳо ҳатман омада интиқом мегиранд ва моро мекушанд”.

Пилотҳо мегӯянд, бо ин вуҷуд, ки ҳоло дар ҳолати амн ба сар мебаранд, аз он ҳарос доранд, ки агар ҳукумати Тоҷикистон қарор кунад, ки бо Толибон ба муомилаҳои дипломатӣ розӣ шавад, амнияти онҳо дар хатар мемонад.

Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Душанбе дар бораи кӯмак ба ҳайси кишвари ҳамсояву транзитии Афғонистон ҳеҷ гоҳ расман суҳбат накардаанд ва танҳо мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки Тоҷикистон яке аз 13 давлате мебошад, ки барои хидмат ба унвони кишвари транзитӣ дар ҷараёни берункашии нирӯҳову мардум омодаи ёрӣ расондан аст.

Фурудгоҳи Кӯлоб дар 200-километрии ҷануби Душанбе ба пойгоҳи қабули муваққатии ҳавопаймоҳои нирӯҳои эътилофӣ ва ҳам паноҳҷӯёни афғон табдил шудааст. Ба гуфтаи сарчашмаҳои Радиои Озодӣ, наздик ба ҳазор паноҳҷӯи афғон, ки ният доранд ба кишвари сеюми ғарбӣ паноҳ ёбанд, барои муваққат дар фурудгоҳи Кӯлоб ҷой дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG