Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иҷоза диҳед, ба ҷанг равем". Вокунишҳо ба паёми ҷавонони Кӯлоб. ВИДЕО


Низомиёни содиқ ба Аҳмад Масъуд дар вилояти Панҷшер. 26-уми августи 2021

Хабари омодагии як гурӯҳ аз сокинони Кӯлоби Тоҷикистон барои пайвастан ба Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшери Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадо ва ҳамовозӣ ба бор овард. Муаллифони паём гуфтаанд, барои иҷрои нақшаи худ иҷозаи раҳбарияти кишварро интизоранд. Мақомоти расмӣ ин даъватро шарҳ намедиҳанд, аммо баъзе аз вакилони порлумон гуфтанд, иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона ҷазо дорад.

"Ҷиноят аст, агар..."

Узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода, бар ин назар аст, ки чунин амр хилофи қонунгузории кишвар мебошад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

"Мустақим рафта наметавонанд, чун ҷиноят аст. Онҳо метавонанд, ба таври қонунӣ ба артиши давлатӣ ворид шаванд ва дар ҳолати ёрӣ хостан аз тарафи Афғонистон, мақомот метавонанд, онҳоро расман фиристанд. Ин кор бояд дар чаҳорчӯби расмӣ ва дипломатӣ сурат бигирад. Ин хел намешавад, ки мо дарёро гузарем ва дар он ҷо ҷангро сар кунем", -- шарҳ дод ӯ рӯзи 26-уми август.

Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо нашри баёния хоҳони пуштибонӣ аз мубориза алайҳи режими “Толибон” ва пазироӣ аз паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон шуд.

Баъзе аз коршиносон пайдо шудани довталабони ҷангидан алайҳи “Толибон”-ро дар Тоҷикистон ба эҳсоси миллӣ бастагӣ медиҳанд, вале ҳамзамон мегӯянд, ин амр мудохила ба умури кишвари бегона аст. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР", мегӯяд, ҳоло дар минтақаи Кӯлоб теъдоди чунин афрод то ба ду ҳазор нафар расидааст, вале мақомот расман тасдиқ ё инкор накардаанд.

Сайёфи Мизроб
Сайёфи Мизроб

"Ҳукумати мо ба корҳои дохилии давлатҳои дигар дахолат намекунад. Ин тасмим як ҳушдор ба “Толибон” аст, ки ҳукуматро ба тариқи зӯр ғасб кардаанд. Пеш аз он ки ба сари тоҷикон, сари ҳаммилатони мо дар он сӯи Ому ягон нияти бад ва махуф дошта бошанд, андеша кунанд, ки ҳар амалкарди онҳо бе посух намемонад", -- гуфт ӯ.

"Ба онҳо ба ҷуз аз маслиҳат чизи дигаре даркор нест"

Изҳори омодагии ҷавонони Кӯлоб чанд рӯз пеш аз он садо дод, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25-уми август гуфт, кишвараш эҳтиром ва риояти ҳуқуқи тоҷикони Афғонистонро тақозо мекунад.

Вай дар мулоқот бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, дар Душанбе гуфт, тоҷикон 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва кишвараш ҳукуматеро эътироф нахоҳад кард, ки ба ҳуқуқи ҳамаи мардуми Афғонистон эҳтиром қоил набошад.

Сарусадоҳои ҳимоят аз ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон дар ҷомеа низ шунида мешаванд, вале мардум дар ин бора андешаҳои гуногун доранд. Дар суҳбати сарироҳии Радиои Озодӣ чанде аз сокинони Душанбе гуфтанд, ҳангоми расондани ёриҳо ба тоҷикони Афғонистон бояд чанд нукта мавриди назар бошад.

  • "Сокинони Панҷшер, ки ҳамагӣ тоҷик ҳастанд, бояд дастгирӣ шаванд. Ё аз роҳҳои ҳукуматӣ ё роҳи дигар, дар акси ҳол ҷавонон худ ба кумакашон мераванд", -- гуфт яке аз роҳгузарон.
  • Дигаре афзуд, "онҳо дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ ба мо ёрӣ дода буданд. Мо ҳам метавонем, ба онҳо кумак кунем."
  • "Ғайр аз маслиҳат дигар чизе даркор нест ба онҳо. Мардум дар Афғонистон аз ҷанг хаста шудаанд", -- афзуд яке аз раҳгузарон.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Даъвати ҷавонон ба ҷанг дар Афғонистон хилофи қонун аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Дар Тоҷикистон ниҳодҳои омӯзиши афкори умум фаъол нестанд. Бе гузориши онҳо низ ба назар мерасад, Афғонистон ба яке аз мавзуъҳои рӯз табдил ёфта, мушкилоти дигари рӯзафзуни мардум, аз ҷумла болоравии нарху наво ва риояи ҳуқуқи инсонро дар ин ҷо ба пасманзар табдил додааст.

Шарҳҳоро бинед (34)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG